Табибон мегӯянд, сӣ дар сади навхонадорон бо мушкили безурётӣ рӯбарӯ мешаванд.
Рӯзи ҷаҳонии оила дар Тоҷикистон дар ҳоле таҷлил шуд, ки тибқи омори расмӣ танҳо дар се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 2000 хонавода дар кишвар аз ҳам пошидааст.
Таҳлилагарон мегӯянд, агар пош хӯрдани 60 дарсади оилаҳои тоҷик ба омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ вобаста бошад, 40 дар сади дигар бо сабабҳое аз ҳам ҷудо мешаванд, ки ҳалли онҳо дар дасти худашон нест. Безуриётӣ ё бефарзандӣ, аз ҷумлаи мушкилотест, ки солҳои ахир дар кишвар бештар мушоҳида мешавад ва боиси аз ҳам рехтани оилаҳо мегардад.
Марзия, 25 сол дорад ва дар хонаи шавҳар ҳамагӣ як сол зиндагӣ кардааст. Марзия дар ин муддат ҳомиладор нашуд ва хонаводаи шавҳар ӯро маҷбуран ба хонаи волидонаш баргардонид ва барои писари худ арӯси дигар пайдо кард.
Марзия мегӯяд, ҳеҷ тасавур намекард, ки оиладории ӯ ҳамагӣ як сол давом мекунад ва ба ин зӯдӣ ба қатори «беваҳои бешавҳар» дохил мешавад Марзия мегӯяд, «аз издивоҷамон чанд моҳ гузашт, вале ман ҳомиладор намешудам, пайвандонаш аз ман талаб карданд, ки табобат бигирам. Ман чунин ҳам кардам, аммо мутаасиффона, боз ҳам натавонистам соҳиби фарзанд шавам. Наздикони собиқ ҳамсарам гуфтанд, ки ба мо насл лозим аст ва мо писарамонро аз нав хонадор мекунем ва ҷавоби маро доданд. Аммо агар каме ба ман фурсат медоданд, ба эҳтимоли бештар соҳиби фарзанд мешудам ва оилаам вайрон намегашт».
Бар пояии мушоҳидаи ҷомеъашиносон мӯҳлатгузорӣ ба наварӯсон дар таваллуди фарзанд аз ҷониби шавҳарон ва наздикони онҳо ба як тамоюле табдил шудааст.
Яъне агар зани ҷавон дар наздиктарин фурсат соҳиби фарзанд нагардад, хонаводаи шавҳар аз баҳри вай мегузаранд ва дар пайи пайдо кардани арӯси нав мешаванд.
Оилаи Сабзинаи 28-сола низ дар ҳоли вайроншавист. Ӯ шаш сол боз ба нохуни фарзанд зор аст, вале мутаасифона орзуяш амалӣ намешавад. Барои расидан ба муҳимтарин ҳадафи зиндагии худ - фарзанддор шудан, Сабзина розӣ аст, ки
ҷарроҳӣ шавад. «Охирин умедам ба ҳамин ҷарроҳист. Зеро шавҳарам гуфт, агар пас аз ин ҳам фарзанддор нашавам, зани дигар мегирад. Ҳарчанд табобати ман аз ҷарроҳӣ ҳам гаронтар аст, волидайн ва бародаронам ба хотири нигаҳдории оилаам, ҳама хароҷотро ба дӯш гирифтанд».
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Пажӯҳишгоҳи акушерию гинекологӣ ва перинтологияи Вазорати тандурустии ТоҷикистонҶ бо далели зиёд шудани аҳолӣ ва афзудани бемориҳои сироятӣ ҳудуди 30 дар сади оилаҳои навтаъсис ба мушкили бузуриётӣ гирифтор шудаанд.
Аммо Евгения Нарзуллоева, пофессор ва мушовири илмии маркази тиббии «Насл» яке аз сабабҳои афзоиши бенаслӣ миёни хонаводаҳоро дар муҳоҷират ва мушкилоти марбут ба он медонад.
Ба ақидаи вай аксаран мардони хонавода дар Русия ба амрози сироятӣ гирифтор мешаванд, ки худи муҳоҷир ва ҳамсари ӯро бенасл мекунад.
Хонум Нарзуллоева мегӯяд, «чуноне ки ман мушоҳида мекунам, ҳамарӯза теъдоди оилаҳое, ки барои соҳиби насл шудан табобат мегиранд, зиёд мешавад ва синну соли онҳо низ мухталиф аст. Бояд гуфт, ки мушкилоти безуриётӣ дар бештар аз 40 дарсади ҳолатҳо бо айби мардон аст ва боқимонда – ба занҳо вобаста аст. Аммо инро бисёриҳо намедонанд».
Маркази тиббии «Насл» дар Тоҷикистон ду соли пеш бо назардошти афзоиши безуриётӣ дар байни аҳолӣ ва зиёд шудани талоқу хонавайронии шаҳрвандон таъсис ёфт.
Муддате пеш пизишкони ин марказ нахустин амалиёти бордоркунии сунъиро дар батни чор зан анҷом доданд, аз миёни онҳо ду нафарашон бомуваффақият бордор шуда. Ин занҳо то таваллуди фарзанд таҳти муроқибати табибон қарор хоҳанд дошт. Аз сӯи дигар, ингуна амалиёт 5-6 ҳазор доллар қимат дорад ва ин маблағ на ба ҳамаи дармондаҳо дастрас аст.
Шаҳлои Гулхоҷа, радиои Озодӣ