Сафари нахуствазири Ҳинд ба Тоҷикистон

Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафари қарибулвуқӯи Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон ба ин кишварро тасдиқ кард.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафари қарибулвуқӯи Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон ба ин кишварро тасдиқ кард. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 8 июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “сафари Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд аз Тоҷикистон ба таърихи 12 ва 13 июл сурат мегирад.” Ба гуфтаи ин масъулон ин сафар дар чорчуби боздиди нахуствазири Ҳинд ба кишварҳои осиёи Марказӣ, ки аллакай аз Узбакистон шурӯъ шудааст, ҷараён мегирад.

Баррасии густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳинд дар масоили мухталиф миёни ду кишвар ва ҳамчунин масоили таъмини амният дар минтақа, бахусус Афғонистон ва роҳҳои мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризм ва ифротгароӣ дар меҳвари дидору гуфтугҳои нахуствазири Ҳинд бо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки матбуоти Ҳинд навишт, ки дар баробари баррасии масоили ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, Нарендра Нодӣ бо сарони Осиёи Марказӣ ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм, аз ҷумла таҳдиди созмони тундрави "Давлати исломӣ"-ро матраҳ хоҳад кард. Нашрияи "Hindu" аз ҷумла навиштааст, Ҳинд кишварҳои Осиёи Марказиро шарики табиии худ дар мубориза бо террор медонад. Дар ҳамин ҳол ба муносибати сафари Нарендра Модӣ, нахзуствазири Ҳинд аз Тоҷикистон рӯзи 10 июл брифинги матбуотӣ дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба ин брифинг хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ даъват шудаанд. Зимнан, боздиди сарвазири Ҳинд аз Русия ва ҳамаи 5 кишвари минтақа, бо шумули Тоҷикистон, аз 6 то 13 июл давом хоҳад кард. Интизор меравад, ки Нарендра Модӣ дар роҳ ба сӯи Русия аз Узбакистону Қазоқистон боздид карда, сафараш ба Туркманистону Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар роҳи бозгашт аз Русия анҷом бидиҳад. Тоҷикистон нуқтаи ниҳоии ин силсиласафари тӯлонии сарвазири Ҳинд аст.

Интизор меравад, зимни боздидаш аз Тоҷикистон, Нарендра Моди ба як бемористони низомӣ барои 50 кат дар ҳудуди қисми низомии 07017-и Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон биравад. Ин бемористони сеқабата, ки бо маблағгузории ҳукумати Ҳинд сохта шудааст, дар октябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин бемористони низомӣ бо таҷҳизоти муосири сохти Ҳинд муҷаҳҳаз шудааст ва тибқи тавофуқ, 73 мутахассиси ҳиндӣ дар давоми ду соли оянда ба ҳамкасбони тоҷики худ тарзи кор кардан бо ин дастгоҳҳои тиббиро хоҳанд омӯзонд.

Ҳинду Тоҷикистон аз соли 1992 равобити дипломатӣ доранд. Бузургтарин тарҳи ҳамкории ду кишвар бозсозии фурудгоҳи низомии "Айнӣ", дар 10-километрии ғарби Душанбе бо 20 миллион долларкумаки молии Ҳинд аст. Баъди анҷоми бозсозии фурудгоҳ сарусадоҳое бархост, ки Ҳинд мехоҳад онро ба иҷора бигирад, вале мақомоти Душанбе инро рад мекунанд. Тарҳи дигари Ҳинд дар Тоҷикистон марбут ба пойгоҳи ҳавоии Фархори вилояти Хатлон буд.

Дар солҳои муқовимат алайҳи Толибон, пойгоҳи ҳавоии Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон, дар ихтиёри Аҳмадшоҳи Масъуд - фармондеҳи нерӯҳои Эътилофи шимоли Афғонистон қарор дошт ва Ҳиндустон ба ҳайси яке аз кишварҳои ҳампаймони ин Эътилоф дар Фархор як бемористони низомӣ ҳам дошт, ки дар он сарбозони захмии Аҳмадшоҳи Масъудро муолиҷа мекарданд. Аҳмадшоҳи Масъуд баъд аз сӯиқасди соли 2001 низ маҳз ба ҳамин бемористони Фархор оварда шуд ва дар ҳаминҷо ҷон дод. Баъди суқути режими Толибон зарурати ҳифзи пойгоҳи Фархор аз байн рафт. Қаблан сарвазири собиқи Ҳиндустон Атал Бихари Ваҷпайи низ бо як сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид карда, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 23 соли раҳбариаш 5 дафъа ва бори охир дар соли 2012 ба Ҳиндустон сафар кардааст.