Куштори даҳшатбор ва бесобиқаи 2 муаллима дар деҳаи Саркори ноҳияи Турсунзода мардуми маҳалро такон дод ва 7 нафарро аз модар маҳрум кард. Муаллими тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 7-и деҳаи саркори ноҳияи Турсунзода дар рӯзи равшан ду ҳамкори худро ба қатл расонд ва худашро ба пулис таслим кард.
Юлдош Айматов, омӯзгори тарбияи ҷисмонии ин мактаб, аълочии маориф ва устоди варзидаи кишвар нахуст мудири мактаб - Дилором Нишоноваи 51-соларо дар утоқи корияш бо зарби беш аз 10 корд ба қатл расонд. Сипас, ба саҳни ҳавлӣ баромада ба муовини мудири мактаб - Гулнора Юлдошеваи 48-сола, ки бо духтарон дар бораи ширкаташон дар тамрин сӯҳбат мекард, аз пушт дарафтад ва бо корд ба гулӯяш зарба зад. Гулнора Юлдошева дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расид.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Азизбеки 10-сола, писари Гулнора Юлдошева, 3 рӯз аст барои модараш ашк мерезад. Аммо ҳоло ба бебозгашт рафтани модараш одат накардааст ва мегӯяд, қотил бояд ҷазо бигирад, то кӯдаки дигареро мисли ӯ ятим накунад.
"Рӯзи ҷумъа бо модарам сӯҳбат доштам, баъд ӯ мактаб рафт. Бо писари ҳамсоя дар хонаашон бозӣ доштам ва акаам омада маро ба хона бурд. Вақте ба хона даромад, модарамро дидам, ки кушта шуда буд. Ман мехоҳам қотилро қонун ҷазои сахт бидиҳад, то ин ки дигар ин корашро такрор накунад. Ӯ на як, балки ду оиларо парешон кард," -- афзуд ӯ.
Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин куштор ҳоло дар ҳоли баррасӣ аст, аммо тавре шоҳидон мегӯянд, куштори ду муаллима аз тарафи ҳамкори онҳо устоди тарбияи ҷисмонӣ дар заминаи баҳси пулӣ сурат гирифтааст. Ба ақидаи Қодир Юлдошев, шавҳари Гулнора Юлдошева, муаллими тарбияи ҷисмонӣ аз шӯъбаи маорифи шаҳр 5 ҳазор сомониро бо ҳадафи омода кардани хонандагон ба мусобиқаи варзишӣ гирифтаст, вале ин маблағро ба манфиати худаш сарф кардааст.
"Вақте ин муаллим аз хонандагон барои гузарондани сабқат боз 60 сомонӣ талаб мекунад, мудири мактаб мегӯяд, он 5 ҳазор сомониро бо кадом ҳадаф харҷ кардааст? Муаллим дар ҷавоб мегӯяд, ин пулро бо меҳнати худаш ёфтааст ва касе ба ин кордор набошад. Дар ин замина миёни онҳо низоъ ба миён меояд ва муаллим субҳ аз бозор корд мехарад ва огоҳонаву бо бераҳмии хос ин ду хоҳарро ба қатл мерасонад," -- изофа кард ӯ.
Ба гуфтаи Қодир Юлдошев, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ - Юлдош Айматов баъд аз куштор бо суханони “ман ду нафарро куштам ва ба мақсадам расидам” худро ба пулис таслим мекунад.
Моҳигул Шарифова, хонандаи синфи 7-уми ин мактаб, ки куштори яке аз омӯзгорон дар пеши чашми ӯ сурат гирифтааст, мегӯяд: "Вақте муаллима дар саҳни мактаб сӯҳбат мекард, муаллим омада аз гарданаш қапид ва бо корд зад. Муаллима пурсид чӣ гуноҳ кардам ва хост дасташро ба тарафи пушт гардонад, ки корд дастонашро бурид. Ӯ дар зинапоя нишасту тарафи мо ишора кард, ки гурезем. Муаллим каме дуртар рафта, боз баргашт ва аз мӯи муаллима кашола карда, ба камараш бо корд зад. Муаллима пур аз хун буд, мо дод задем ва ба ҳар тараф гурехтем. Дигар дар ёд надорем, ки чӣ гуна ба хона рафтем. Ҳоло ман ҳатто барои ба мактаб рафтан метарсам ва шаб гумон мекунам, ки ҳоло муаллим омада маро ҳам мекушад."
Моҳигул мегӯяд, теъдоде аз хонандгоне, ки шоҳиди ҳодиса буданд, шок шуданд ва баъзеҳо аз ҳуш рафтанд.
Юлдош Айматов дар гузашта Идораи варзиши ноҳияи Турсунзодаро раҳбарӣ мекард ва замоне сарвари мактаби варзишии ҷавонону наврасон низ будааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.
Дар зимн, таърихи маорифи Тоҷикистон дар даҳсолаҳои ахир чунин ҳодисаро ёд надорад, ки дар ҳузури хонандагони ноболиғ ду омӯзгор қатл мешавад. Вазири маорифи Тоҷикистон ҳам баъд аз ин ҳодиса барои тасаллият бо хонаводаи мақтулон мулоқот кард.