Тасвири зилзилаҳои пурқурбонӣ дар 25 соли охир дар ҷаҳон

Сокинони Қаҳрамонмараши Туркия дар назди як бинои фурӯрехта худро гарм мекунанд

Вилояти Хусти Афғонистон баъд аз заминларза. Дар пайи зилзилаи рӯзи 22-юми июни соли 2022, ки ба 6,1 дараҷа баробар буд, беш аз 1100 нафар ҷон бохтанд

Тасвири меҳмонхонаи Le Manguier аз баландӣ. Ин меҳмонхона дар Ҳаитӣ дар заминларзаи 14-уми августи соли 2021 фурӯ рехт. Дар пайи ин зилзилаи 7,2-дараҷаӣ беш аз 2200 нафар ҷон додаанд

Масҷиди Байтурраҳмон баъд аз заминларза ва сунамӣ. Дар моҳи сентябри соли 2018 дар пайи сунамӣ, ки бар асари заминлара бархост, дар шаҳри Палуи ҷазираи Сулавеси 4300 нафар ба ҳалокат расиданд

Марди непалӣ баъд аз заминларза харобаҳоро дида, гиря мекунад. Замиларзаи 7,8-дараҷаӣ, ки 26-уми апрели 2015 рух дод, сабаби марги 8800 нафар шуд

Лаҳзае аз бархостани сунамӣ дар шаҳри Миякои Ҷопон. 11-уми марти соли 2011 баъд аз зилзилаи 9,0-дараҷаӣ дар шарқи Ҷопон сунамӣ ба вуҷуд омад. Дар ин заминларзаи фалокатбор 18 ҳазору 400 кас ҷон бохт

Қасри вайроншудаи президент баъд аз заминларза дар Ҳаитӣ. 12-уми январи соли 2010. Ба иттилои мақомот, заминларзаи баробар ба 7,0 дараҷа сабаби марги 316 000 нафар шуд

Осебдидагони заминларзаи пурқурбонӣ дар вилояти Сичуани Чин дар интизори кумак. Ин фалокат 13-уми майи соли 2008 рух дода, боис ба марги 87 ҳазору 500 нафар гашт

 

Биноҳои вайроншуда дар Индонезия. Рӯзи 27-уми майи соли 2006 заминларзаи баробар ба 6,3 дараҷаи Рихтер ҷони 5700 нафарро рабуд

Мардум дар назди биное ҷамъ шудаанд, ки бар асари заминларза фурӯ рехт. Дар зилзилаи 7,6-дараҷаӣ дар Покистон рӯзи 8-уми октябри соли 2005-ум 80 ҳазор нафар ҷон бохтанд

Ленӣ ва Масӣ барои наздикони аз даст додаашон дар заминларза ашк мерезанд. Зилзилаи баробар ба 8,6 дараҷа рӯзи 28-уми марти 2005 дар Индонезия рух дод ва дар натиҷа 1300 нафар кушта шуданд

Дар пайи заминларза дар як деҳаи Индонезия танҳо бинои масҷид мондааст. 26-уми декабри соли 2003 бар асари заминларзаи шадид, ки баробар ба 9,1 дараҷа буд, дар Уқёнуси Ҳинд сунамӣ бархост ва боис ба марги 230 ҳазор кас дар чандин кишвар шуд

Марди эронӣ ба қалъаи қадимии вайроншуда дар пайи заминларза дар шаҳри Бом ишора мекунад. 26-уми декабри соли 2003. Заминларзаи баробар ба 6,6 дараҷа боис ба марги беш аз 20 ҳазор кас шуд

Марде дар миёни хонаи харобшудааш дар шаҳри Бумердеси Алҷазоир. Дар заминларзаи 21-уми майи соли 2003, ки ба 6,8 дараҷа баробар буд, 2200 нафар кушта шуданд

Тасвири шаҳри валангоршудаи Анҷир дар Ҳиндустон. Зилзилаи 7,6-дараҷаӣ рӯзи 26-уми январи 2001 рух дод ва боис ба марги 20 ҳазор нафар шуд

Як марди танҳо дар назди хонаи фурӯрафтааш ба фикр фурӯ рафтааст. Зилзила 17-уми августи соли 1999 дар 150-километрии шарқи Истанбул рух дод. Дар он ҳодиса 18 ҳазор нафар ҷон доданд