Бино ба иттилои Форуми Байналмилалии Ҳуқуқи Коргарон (ILRF) се ҳомии ҳуқуқи узбак-Дмитрий Тихонов, Елена Урлаева ва Ӯктам Пардаев ҷоизаи бонуфузеро дарёфт кардаанд.
Тавре торнамои "eltuz.com" хабар медиҳад, ин афрод барои ҷасорат, раҳбарӣ ва содиқ будан ба кори худ дар иртибот ба аз байн бурдани меҳнати иҷборӣ дар пахтазорҳои Узбакистон ба ҳамчунин ҷоиза сазовор шудаанд.
Зимнан, Дмитрий Тихонов, ҳомии ҳуқуқ ва рӯзноманигори мустақили 42-сола аз шаҳри Ангрени вилояти Тошканд рӯзи 12 феврал ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфта буд, дар пайи таъқиби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ барои фаъолияти касбиаш, маҷбур ба тарки Узбакистон шудааст.
Вақтҳои ахир Дмитрий Тихонов мавзӯи истифодаи меҳнати кӯдакон дар ҷараёни ҷамъоварии пахтаро дар киштзорҳои вилояти Тошканд пайгирӣ мекард. Тирамоҳи соли гузашта ӯ бо айби "авбошии кӯчак" аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ангрен боздошт ва ба додгоҳ кашида шуд. Баъди чанде бо сабабҳои номаълум хонааш дар шаҳраки Янгиобод ба коми оташ рафт.
Ӯктам Пардаев, раиси шӯъбаи Созмони мустақили ҳуқуқи башари Узбакистон дар шаҳри Ҷиззах дар соли гузашта боздошт шуда ва 57 рӯзро дар боздоштгоҳи муваққатӣ сипарӣ кард. Сипас, ба муддати се сол ба ҳабси шартӣ маҳкум шуд.
Елена Урлаева аз ҷумлаи теъдоди ками ҳомиёни ҳуқуқи башар аст, ки бо таҳдиди хатар ба ҳаёташ дар дохили Узбакистон фаъолият ва вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварро таҳқиқ мекунад.
Дар зарфи чанд соли ахир майдони пахта бо ҷабрдидагон аз меҳнати иҷборӣ мулоқотҳо анҷом додааст. Ӯ борҳо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон барои фаъолияти касбӣ боздошт, лату кӯб ва ҷарима шудааст. Ҳамчунин, ӯ барои табобати иҷборӣ дар бемористони равонӣ ба сар бурда буд. Бо ин вуҷуд, ӯ бо гурӯҳе аз ҳамақидаҳояш алайҳи азияти мақомоти узбак эътирозоти худро идома медиҳад.
Дар назар аст, маросими эътои ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ ба ин се ҳомии ҳуқуқи Узбакистон дар моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Вашингтон баргузор шавад.