Илҳом Алиев Сарқонуни Озарбойҷонро тағйир медиҳад

Илҳом Алиев – раисиҷумҳури Озарбойҷон тарҳи нави тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишварашро пешниҳод кардааст. Мухолифони ҳукумати Алиев мегӯянд, ин тарҳи иловаҳо дар сурати тасвибаш панҷаҳои қавии ӯ ва оилаашро барои ҳифзи қудрат боз ҳам қавитар хоҳад кард.

Додгоҳи конститутсионии Озарбойҷон бояд дар тӯли чанд рӯзи оянда ба ин тағйирот мувофиқат кунад ва баъд аз он раъйпурсии умумӣ ё референдум баргузор хоҳад шуд.

Яке аз пешниҳодҳои раисиҷумҳури Озарбойҷон поин овардани синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар аст. Ҳоло синни номзад ба мақоми президентӣ дар Озарбойҷон аз 35-солагист, вале то ҳол маълум нест, ки бар асоси пешниҳоди Илҳом Алиев ин меъёр чӣ қадар поин оварда хоҳад шуд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки Ҳайдар Алиев – писари Илҳом Алиев – ба ҳамин наздикӣ донишгоҳро хатм кардаааст ва табиист, ки раисиҷумҳури Озарбойҷон қасд дорад дар оянда қудратро ба писараш интиқол диҳад.

Ҳайдар Алиев, писари Илҳом Алиев

Пешниҳоди дигари раисиҷумҳури Озарбойҷон низ ба маънои идомаи ҳокимияти шахсии ӯст. Илҳом Алиев пешниҳод кардааст, агар кишвар дар ҳолати ҷангӣ қарор дошта бошад ва дар натиҷаи амалиёти низомӣ имкони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ набошад, муддати қонунии давраи салоҳияти раисиҷумҳур то поёни ба охир расидани вазъияти ҷангӣ ва амалиёти низомӣ идома хоҳад ёфт.

Ин тағйирот, инчунин, давраи президентиро аз панҷ то ҳафт сол боло бурда ва ташкили мақоми муовини аввал ва муовини президентро дар назар гирифтааст. Тибқи ин тарҳ, дар сурати қодир набудани раисиҷумҳур ба адои вазифа, масъулиятҳои ӯ ба муовини раисиҷумҳур (на ба сарвазир, мисли ҳозир) интиқол меёбанд. Танҳо агар муовини аввали раисиҷумҳур қодир ба иҷрои ин масъулият набошад, дар он ҳолат қудрат ба нахуствазир интиқол хоҳад ёфт.

Тасмими ниҳоӣ дар бораи пешниҳоди раисиҷумҳури Озарбойҷонро Додгоҳи Қонуни асосӣ ва бо дархост ва муроҷиати ниҳодҳои давлатии баргузоркунандаи интихобот рӯи даст хоҳанд гирифт.

Коршиносон пешниҳоди Илҳом Алиевро барои тағйири Қонуни асосӣ бахше аз ҳадафҳои дарозмуддати хонаводаи Илҳом Алиев барои ҳифзи қудтар маънидод мекунанд. Ин дар ҳолест, ки аз ин қабл маҳофили сиёсӣ борҳо аз хонаводаи Илҳом Алиев барои дар қабзаи худ нигоҳ доштани қудрат дар ин кишвари нафтхези Қафқоз интиқод карда буданд.

Илҳом Алиев бо ҳамсараш Меҳрубон Алиева

Алӣ Каримӣ, аз раҳбарони Ҳизби ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон, талоши ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосиро тақвияти авторитаризм дар он кишвар донистааст. Ба гуфтаи ин сиёсатмадори мухолиф, бо пешниҳоди ин тарҳ Илҳом Алиев қасд дорад, бо таъсиси мақоми муовини аввал ё муовини президент, ҳамсараш Меҳрубонро Алиеваро дар ин мақом таъин кунад.

Ориф Гаҷилӣ, раҳбари ҳизби "Мусовот"-и Озарбойҷон низ ба ҳамин монанд пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосиро ба ҳадафи бештар кардани қудрати президент ва заиф сохтани порлумон ва вазирон медонад. Аммо Сиёвуш Наврӯзов, муовини котиби иҷроии ҳизби ҳокими Озарбойҷон ин тағйиротро дуруст шумурда ва гуфтааст, дар сурати ворид накардани тағйирот ба Қонуни асосӣ, кишвар давоми се соли оянда шоҳиди се интихобот - интихоботи президентӣ (2018), интихоботи маҳаллӣ (2019) ва интихоботи порлумонӣ (2020) хоҳад буд.

Қудрат Ҳасанқулиев, яке аз намояндагони порлумон аз ҳизби ҳокими Озарбойҷон аз ин пешниҳод дар ин вазъияти сиёсӣ ва ҷуғрофӣ ситоиш кардааст. Вай ин суханони худро тавҷеҳ кард, ки агар гуфтугӯҳои сулҳ бо Арманистон дар робита ба низои Қарабоғи Кӯҳӣ бенатиҷа анҷом ёбанд ва Арманистон ба назорати қаламрави ҳафт ноҳияи Озарбойҷон идома диҳад, ин ба он маъност, ки Озарбойҷонро як ҷанги хунин дар интизор аст. Ин вакили порлумони Озарбойҷон бо ишора ба ҳодисаи талоши табаддулоти низомӣ дар Туркия барои аз қудрат дур кардани Раҷаб Таййиб Эрдуғон пешниҳод кард, ки дар ҳолати талоши табаддулоти низомӣ бояд ба президент қудрати сафарбар кардани нерӯи низомӣ бидуни мувофиқати порлумон дода шавад.

Бори охир ба Қонуни асосии Озарбойҷон дар моҳи октябри соли 2009 зимни як ҳамапурсӣ тағйирот ворид карда шуд. Бар пояи ин ҳамапурсӣ маҳдудияти интихоби се давраи паёпайи як нафар ба мақоми президентӣ бардошта шуд ва дар натиҷа Илҳом Алиев тавонист худро номзади интихобот кунад.