Игор Черевченко: “Бозӣ бо “Сипоҳон” мушкил ва ҷолиб хоҳад шуд”

“Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 аз тими «Сипоҳон» бо ҳисоби 0:4 хӯрда буд

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври шашуми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 бо тими «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад.

Ин бозии гурӯҳи “С” 3-юми декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 оғоз меёбад. Пеш аз бозии “Истиқлол” бо “Сипоҳон” 2-юми декабр нишасти хабарӣ баргузор шуд.

Дар ин нишаст Игор Черевченко, сармураббии “Истиқлол”, гуфт, ”бозии ҳарифамонро таҳлил кардем, медонем, ки имкони ба даври баъдӣ баромаданро доранд ва барои расидан ба ҳадафи худ муборизаи шадид мебаранд. Бозӣ мушкил ва ҷолиб хоҳад шуд. Бовар дорам дар бозии охир бачаҳои мо бо тамоми ҳастӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.”

Амирбек Ҷӯрабоев, ҳимоятгари “Истиқлол”, ба хабарнигорон гуфт, «Сипоҳон» дастаи пурқувват аст, дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Эрон зинаи аввалро ишғол мекунад. Мо талош мекунем, ки барои радабандии Конфедератсияи футболи Осиё имтиёз бигирем. Масъулиятро ҳамаи бозигарон хуб эҳсос мекунанд, ҳама дарк кардаанд, ки то кадом андоза натиҷаи мусбат муҳим аст.”

Дар нишасти хабарӣ, инчунин, меҳмонон дар бораи бозӣ бо “Истиқлол” ибрози назар карданд. Мутахассиси 54-солаи фаронсавӣ Патрис Картерон, сармураббии “Сипоҳон” гуфт, “барои бозӣ муқобили «Истиқлол» зиёд кор кардем, барномарезии хуб доштем, омодаем, ки барои имтиёзҳо мубориза барем. Ҳарифи мо дастаи хуб аст. «Истиқлол» бартарии хеле калон дорад, ки дар майдони худ бозӣ мекунад. Мо пагоҳ бо тамоми қувва дар майдон мубориза мебарем."

Бозии “Истиқлол”-ро бо “Сипоҳон” гурӯҳи ҳакамон аз Умон бо сарварии Қосим Матар Ал-Ҳатмӣ доварӣ мекунанд. Нозири доварон Муҳаммад Бин Яъқуб (Малайзия) ва комиссари бозӣ Маҳмуд Обид (Фаластин) таъйин гаштаанд.

Дар бозии дигари даври шашуми мусобиқот дар гурӯҳи “С” 3-юми декабр дастаи “Ал-Ваҳдат”-и Урдун дар Варзишгоҳи байналмилалии шаҳри Уммон бо тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рқобат мекунад. Ин бозӣ ҳам соати 19:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешававад.

Баъди натиҷагирии панҷ даври мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “С” дастаи “Ал-Ваҳдат”, ки бо 11 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст, пешакӣ ба марҳилаи плей-офф роҳхат гирифт. “Шарҷа” бо 10 имтиёз зинаи дуюмро соҳиб шудааст. “Сипоҳон” бо 7 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. “Истиқлол”, ки бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст, шонси ба даври баъдӣ баромаданро комилан аз даст додааст.

Қаблан “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 дар майдони худ аз тими “Шарҷа” бо ҳисоби 0:1, дар даври дуюми мусобиқот дар варзишгоҳи «Фулодшаҳр»-и Исфаҳон аз тими «Сипоҳон» бо ҳисоби 0:4, дар даврҳои сеюму чаҳорум аз тими “Ал-Ваҳдат” дар шаҳрҳои Душанбе ва Уммон бо ҳисоби якхелаи 0:1 ва дар даври панҷум дар сафар аз тими “Шарҷа” бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25

Гурӯҳи “С”

Даври аввал

«Истиқлол» - «Шарҷа» - 0:1

“Ал-Ваҳдат” – “Сипоҳон” – 2:1

Даври дуюм

«Сипоҳон» - «Истиқлол» - 4:0

“Шарҷа” – “Ал-Ваҳдат” – 2:2

Даври сеюм

“Истиқлол” - “Ал-Ваҳдат” – 0:1

“Шарҷа” – “Сипоҳон” – 3:1

Даври чаҳорум

“Ал-Ваҳдат” – “Истиқлол” – 1:0

“Сипоҳон” – “Шарҷа” – 3:1

Даври панҷум

“Шарҷа” – “Истиқлол” – 3:1

“Сипоҳон” – “Ал-Ваҳдат” – 1:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

“Ал-Ваҳдат”

5

3

2

0

7-4

11

2

“Шарҷа”

5

3

1

1

10-7

10

3

“Сипоҳон”

5

2

1

2

10-7

7

4

“Истиқлол”

5

0

0

5

1-10

0

Даври шашум

3-юми декабр (сешанбе)

19:00 - “Истиқлол” – “Сипоҳон”

Душанбе (Тоҷикистон), Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

19:00 (бо вақти Душанбе) “Ал-Ваҳдат” – “Шарҷа”

Уммон (Урдун). Варзишгоҳи байналмилалӣ.