Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия (Идораи зиндонҳои Тоҷикистон) барои бозгардондани чойнаки чойҷӯшонии Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини пешини раиси Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, розӣ шудааст.
Маҳмадалӣ Ҳаит соли 2016 дар як мурофиаи паси дарҳои баста бар асоси 14 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ба ҳукми абад маҳкум шудааст, ҳарчанд ӯву наздиконаш қарори додгоҳро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид соли 2018 боздошти Маҳмадалӣ Ҳаитро ғайриқонунӣ донист ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ӯро бе ягон қайду шарт ва фавран озод кунад. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, гуноҳи ӯ ва дигарон исбот шудааст ва онҳоро аз зиндон раҳо намекунанд.
Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, гуфт, рӯзи 29-уми май се арзу дархости шавҳарашро ба Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия расонд ва ӯ барои иҷрои яке аз онҳо ваъда додааст.
Хонаводаи Маҳмадалӣ Ҳаит рӯзи 22-юми май бо ӯ дар боздоштгоҳ ё СИЗО-и рақами яки Душанбе мулоқот доштаанд. Ҳаит дар ин дидор, ки дар ним сол як бор баргузор мешавад, аз завҷааш хостааст, се дархости ӯро ба масъулони зиндонҳо расонад.
"Дар як утоқ бо зиндонии гунаҳкор дар куштори чанд зан нишондаанд. Ишора кард, ки ин зиндонӣ зуд-зуд оби ташнобро банд мекунад ва ё тавтеаҳои дигарро ба роҳ меандозад, то ӯ асабӣ шуда, вокуниши тунд нишон диҳад. Аз маъмурони зиндон мехоҳад, ӯро бо зиндониёни дигар, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ, нигоҳ доранд", -- гуфт Савринисо Ҷӯрабекова.
Ба нақли ӯ, Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамчунон гуфтааст, масъулони зиндон радио ва чойники обҷӯшонии ӯро гирифтаву бозпас намедиҳанд. Масъулони зиндон гуфтаанд, Ҳаит Радиои Озодиро гӯш мекунад ва аз ин рӯ дастгоҳашро мусодира карданд.
Ҷӯрабекова гуфт, рӯзи шанбе арзу дархостҳои шавҳарашро ба Мансурҷон Умаров, раиси Идораи зиндонҳо расонд: "Аз се дархост танҳо якеро пазируфт ва ваъда кард, ки чойники обҷӯшониро ба бармегардонанд. Дар мавриди радио гуфт, дар долонҳои зиндон баландгӯякҳои радио фаъоланд ва зиндониён метавонанд, онро гӯш кунанд, кофӣ аст. Дархости дигарро ҳам рад карда, гуфт, вақте одам дар зиндон афтод, ҳамроҳи одамкушу террорист ва ҷинояткорони дигар адои ҷазо мекунад ва ин хилофи қонун нест."
Ба гуфтаи пайвандон, аз тақрибан 200 узви зиндонии Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ танҳо Маҳмадалӣ Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ, ки ба зиндони якумрӣ маҳкум шудаанд, дар боздоштгоҳи муваққат (СИЗО) нигоҳ дошта мешаванд, ки шароиташ дар муқоиса ба зиндонҳо сахттар будааст. Онҳо соли 2015 дастгир ва соли 2016 ба ҳабс маҳкум шуданд.
Мақомот гуфтанд, ин афрод дар ошӯби нофарҷоми 4-уми сентябри соли 2015 даст доранд. Дар ин ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон даҳҳо нафар кушта шуданд. Раҳбарони ҳизб, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, даст доштани худро дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 рад карда, онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун рондани "дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор" номиданд.