На дар қисми ҳарбӣ аст, на дар хона. Иброҳим аз артиш ба куҷо рафт?

Акс аз бойгонӣ

Волидони як сарбози тоҷик мегӯянд, ки ҳафт моҳ инҷониб ӯро меҷӯянд, вале намеёбанд. Масъулони қисми низомӣ иддао доранд, ки Иброҳим Абдузоиров силоҳашро гузоштаву рафтааст. Додситонӣ қазияро таҳқиқ мекунад.

Иброҳим Абдузоиров, сокини 20-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, моҳи апрели имсол довталабона (ихтиёрӣ) ба артиш рафтааст. Волидонаш гуфтанд, ӯ дар як қисми вобаста ба нирӯҳои марзбонӣ дар шаҳри Панҷакент хидмат мекард, аммо ҳафт моҳ боз бедарак аст.

Саломат Абдуллоева, модари Иброҳим Абдузоиров, рӯзи 13-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷустуҷӯяшон то ин дам натиҷа надод ва ночор ба расонаҳо рӯй оварданд. "Ба ҳамаи шиносҳояш занг задем, дар ҳар ҷо суроғ кардем, то ҳол хабараш нест. Ду масъули қисми ҳарбӣ дар охири моҳи июн ба ноҳия омаданд ва якҷо ба теппаҳо ва деҳаҳои ҳамсоя рафтем. Даракашро наёфтем", -- мегӯяд Саломат Абдуллоева.

Ӯ афзуд, писараш то замони нопадид шудан чанд дафъа занг зада буд ва бори охир гуфтааст, ки барояш силоҳ доданд ва бояд ба дидбонгоҳ биравад: "Шикоят надошт, дар бораи дилтанг шуданаш ҳам гап назада буд. Намегуфт, ки мехоҳад ба хона баргардад, чунки довталабона ба аскарӣ рафта буд."

Як корманди қисми ҳарбии "0203" дар шаҳри Панҷакент бе зикри номаш гуфт, то ҳол сарбозро ҷустуҷӯ доранд. Вай гуфт, "Иброҳим рӯзи 8-уми июн дар дидбонгоҳи марзӣ бо Узбекистон навбатдор буд ва бе огоҳ кардани фармондеҳон силоҳашро гузоштаву рафтааст. Ба куҷо рафтааст, маълум нест."

Мусоҳиби мо афзуд, дар гузашта баъзе аз сарбозон барои дидани наздикони худ аз маҳалли хидмат фирор карда, дубора бармегаштанд: “Дар аввал фикр кардем, ки аз хидмат гурехтааст. Ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рафтем, ду ҳафта ҳамроҳи модару бародараш ҷустуҷӯ кардем, ҳеч чиз маълум нашуд. Ҳоло аз он вақт ҳафт моҳ мегузарад."

Иброҳим Абдузоиров

Тавре волидонаш мегӯянд, додситонии ҳарбӣ нисбат ба нопадид шудани Иброҳим Абдузоиров тафтишотро шуруъ кардааст. Модари Абдузоиров гуфт, намояндагони Додситонии ҳарбӣ ӯро як дафъа даъват карда, дар бораи писараш забонхат гирифтаанд.

Абдулҳошим Абдузоиров, падари сарбози нопадидшуда, мегӯяд, дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебарад ва аз сарнавишти фарзандаш дар ташвиш аст. “Сахт тааҷҷуб дорам. Агар фирор мекард, ҳатман ба хона меомад ва ё ба кадом шиносаш хабар медод, вале ҳеч дарак нест. Мо ҳоло ба ин натиҷа расидем, ки ба расонаҳо хабар диҳем. Аксҳояшро дар чорроҳаи деҳа ва ноҳия гузоштаем”, -- гуфт ӯ.

Ҳодисаи нопадидшавии сарбозон дар қисмҳои низомии Тоҷикистон дар гузашта ҳам рух додааст. Як сокини ноҳияи Қубодиён чанд сол пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки нӯҳ сол фарзанди сарбозашро ҷустуҷӯ кард, аммо ӯро наёфт. Абдулҳай Усмонов гуфта буд, фарзандашро дар моҳи октябри соли 2003 ба артиш даъват карданд ва ӯ дар ноҳияи Дарвоз хизмат мекард, аммо пас аз якуним моҳ хабар доданд, ки аз қисми низомӣ фирор кардааст, вале на он сол ва на солҳои дигар аз ӯ хабаре нашуд.

Дар Тоҷиикстон барои саркашӣ аз хидмат ва ё фирор аз артиш ҷазо таъйин кардаанд. Моҳи июли сол Додгоҳи низомии Душанбе сарбози қаторӣ Отабек Иброҳимовро барои саркашӣ аз идомаи хидмат 2 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамин додгоҳ моҳи май як сарбози дигарро барои саркашӣ аз хидмат ба ду соли зиндон маҳкум карда буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, баъзе аз ҷавонон дар Тоҷикистон хоҳиши хизмати сарбозиро надоранд ва бо роҳҳои гуногун аз даъват шудан ба артиш ва ё аз идомаи хидмати ҳарбӣ фирор мекунанд. Яке аз сабабҳои асосии саркашии ҷавонон аз хизмати сарбозӣ ҳолатҳои латукӯб ва марги ҷавонон дар қисмҳои низомӣ будааст.