“Таҳрир-аш-Шом”, ки худро гурӯҳи мухолифи ҳукумати Башор Асад дар Сурия медонад, дар Тоҷикистон созмони террористӣ дониста мешавад.
Хабаргузории AFP навиштааст, ки ин гурӯҳ бо дигар гурӯҳи ҷангҷӯёни таҳти ҳимояти Туркия бо сарбозони ҳукумати Башор Асад, ки аз ҷониби Русия ва Эрон пуштибонӣ мешавад, меҷанганд.
Дар наворҳои зиёд чанд ҷавони мусаллаҳ бо забони тоҷикӣ мегӯянд, онҳо вориди қаламраве шуданд, ки онҷо “қувваҳои Русия ва Эрон” буданд.
Дар навори дигаре як марди даст баста нишон дода мешавад ва муаллифи навор бо тоҷикӣ мегӯяд, ки "сарбози Башор Асад”-ро асир гирифта, чанд танашро куштаанд.
ББС тасдиқ кардааст, ки ин наворҳо дар наздикии Ҳалаб сабт шудаанд. Шахсияти афроде, ки бо тоҷикӣ суҳбат мекунанд, маълум нест.
Мақомоти тоҷик ҳузури ҷангҷӯёни тоҷик дар ҳамла ба Ҳалабро то ҳанӯз шарҳ надодаанд.
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Бритониё қароргоҳ дорад, мегӯяд, ин гурӯҳ нисфи шаҳри Ҳалабро дар ихтиёр гирифтааст.
Дар артиши Сурия ба хабаргузории AFP гуфтаанд, ки роҳи асосии вуруд ба шаҳр дар дасти ин гурӯҳ қарор дорад, вале онҳо монеи пешравии онҳо шудаанд.
Соли 2012 шаҳри Ҳалабро ошубгарони зидди Башор Асад ғасб карда буданд. Артиши Сурия бо кӯмаки Эрон ва Русия соли 2016 ин шаҳрро озод карда буд.
Гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад ва гурӯҳи тундгароӣ “Таҳрир-аш-Шом” дар Идлиб қарор доштанд. Ин шаҳр солҳост, ки дар ихтиёри ҳукумати Сурия нест.
Ҳалаб шаҳрест, ки то оғози нооромиҳои соли 2012 онҷо чор миллион нафар зиндагӣ мекард. Ин шаҳр дар наздикии Туркия ва ҳудуди 50 километр дуртар аз Идлиб ҷойгир аст.
Пас аз соли 2016 ҳодисаи охир бузургтарин ҳамла ба ин шаҳр дониста мешавад.
Артиши Русия эълон кард, ки ба низомиёни ҳукумати Башор Асад кумак мекунад ва ба мавқеҳои “Таҳрир-аш-Шом” зарба задааст.
Расонаҳо аз кушта шудани як фармондеҳи эронӣ дар Ҳалаб низ хабар додаанд.