Изҳороти нави Путин пас аз он баён мешавад, ки ИМА ва Бритониё ба Украина иҷоза доданд, ки бо истифода аз силоҳҳои дурбурди онҳо ба хоки Русия ҳамла кунад. Раиси ҷумҳури Русия ҳушдор дод, ки Маскав мумкин аст вокуниш нишон диҳад.
Путин гуфт, ки Русия дар посух ба истифода аз мушакҳои амрикоӣ ва бритониёӣ, як навъи нави мушакро ба пойгоҳҳои низомии Украина партоб кардааст ва ҳушдор дод, ки мумкин аст ҳамлаҳои бештаре анҷом шавад. Вай афзуд, ки ба ғайринизомиён қабл аз ҳар ҳамлае бо ин гуна мушакҳо, ҳушдор дода хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Путин, Украина бо розигиии Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 19-уми ноябр бо мушаки ATACMS, сохти Амрико ба Русия ҳамла кард. Ҳамчунин рӯзи 21-уми ноябр Украина аз мушакҳои "Сояи тӯфон" -и бритониёӣ ва мушакҳои амрикоӣ ATACMS дар ҳамла ба Русия, истифода кард.
Путин дар суханронии худ хитоб ба мардуми кишвараш, ки аз телевизиони давлатии Русия пахш шуд, гуфт, "аз он лаҳза ба баъд, ҳамон тавре, ки борҳо таъкид кардаем, як даргирии минтақаӣ дар Украина, ки қаблан аз сӯи Ғарб таҳрик шуда буд, шакл як даргирии ҷаҳониро ба худ гирифтааст".
Путин иддао кардааст, ки ИМА дар ҳоли водор кардани ҷаҳон ба тарафи як даргирии ҷаҳонӣ аст ва дар сурати бештар шудани ҳамлаҳо, Русия низ ба таври қотеъ посух хоҳад дод.
Дар пайи ин изҳороти Путин, Кохи Сафед эълон кард, ки Русия масъули "шадидтар шудани марҳила ба марҳила"-и ҷанги худ дар Украина аст. Ҷанге ки акнун беш аз ҳазор рӯз аз он мегузарад.
Ба гуфтаи мақомоти Амрико, изофа шудани нерӯҳои низомӣ аз сӯи Кореяи шимолӣ, муттаҳиди Русия, ба ҷанги Украина, ин буҳронро боз печидатар кардааст. Як сухангӯи Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, ин Русия аст, ки ба танишҳо доман мезанад.
Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар идомаи суханонаш гуфт, ки ҳамлаи мушакии Украина бо ATACMS натавонист осеби ҷиддие ворид кунад, аммо ҳамла бо мушакаҳои "Сояи тӯфон" ба минтақаи Курск дар 21-уми ноябр ба як маркази фармондеҳӣ анҷом шуд ва боиси талафоти ҷонӣ ва захмӣ шудани афрод шудааст.
Путин 21-уми ноябр дар муроҷиат ба мардуми Русия гуфт, артиши ин кишвар бо мушаки баллистикии "Орешник" ба Днепри Украина ҳамла кардааст. Ин мушак ба гуфтаи президенти Русия, дар як сония аз 2,5 то 3 километрро тай мекунад ва низомҳои зиддиҳавоии сохтаи Амрико ва кишварҳои Аврупо онро пайгирӣ карда наметавонанд. Албатта ин ҳарфҳои Путинро мустақилона тасдиқ кардан мушкил аст. Президенти Русия афзуд, ҳамла ба Днепр бо мушаки нав, посух ба ҳамлаи артиши Украина ба вилоятҳои Брянск ва Курск мебошад.