Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар пайи як рейд 636 наврасеро барои дақиқ кардани шахсият боздошт кардааст, ки дар хиёбонҳои кишвар машғули талбандагӣ будаанд.
Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 6-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари ин наврасон аз таҳсил ба мӯҳлатҳои гуногун дур монда, бештарашон бо талқини волидайн ба ин амал даст задаанд.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо аз ВКД, пас аз муайн кардани шахсият ин наврасон дубора ба таҳсил ҷалб шуданд ва волидайни бархе аз онҳо бар асоси Қонун “Дар бораи масъулияти волидайн дар тарбия фарзанд”, ҷарима шуданд.
-Шахсияти ин наврасон ва сабабҳои даст задани онҳо ба талбандагӣ омӯхта шуд. Аксари онҳо бо ташвиқи волидайни худ, ки қувваи корӣ доранд, ба ин роҳ рафтаанд. Мо дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки ин наврасон он ҷо зиндагӣ мекунанд, талош дорем, то минбаъд наврасон ин кори худро такрор накунанд. Онҳое, ки воқеан, шароити нохуб доранд, ба мактаб-интернатҳо ҷалб мешаванд ва он ҷо бо либос ва хурду хӯроки бепул таъмин мегарданд,-гуфт, ҳамсӯҳбати мо аз ВКД.
То чанд соли пеш дар хиёбони шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон танҳо талбандагии бузургсолон ва кӯдакони лулитабор ба назар мерасид. Аммо замони ахир шумори наврасони талабанда дар шаҳру навоҳӣ ба маротиб афзоиш ёфт. Соли гузашта шаҳрдори Душанбе супориш дода буд, то талбандаҳои Душанбе рӯйхат ва сатҳи зиндагии онҳо омӯхта шавад.
Пас аз изҳори назари шаҳрдорӣ бархе изҳор доштанд, ки талбандагӣ дар Тоҷикистон барои бархе ба як касб табдил ёфтааст. Ҳарчанд, ҳеҷ қонуне дар Тоҷикистон расман талбандагиро манъ накарда бошад ҳам, аммо дар шаҳрҳои ин кишвар талош мешавад, то талбандаҳоро аз хиёбонҳо дур кунанд.
Аммо талбандагии кӯдакон аз талабандагии бузургсолон фарқ мекунад ва пулиси кишвар ба хотири дур намондан аз таълиму тарбия, аз ин амали онҳо ҷилавгирӣ мекунад. Бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон волидайни кӯдакони талбанда ҷарима мешаванд.
Дар маҷмӯъ, дар як соли ахир беш аз 7 ҳазор волидайн бар асоси Қонун “Дар бораи масъулияти волидайн дар тарбия фарзанд” ҷарима шудаанд, ки камтар аз 400 нафари онҳо волидайни кӯдакони талбанда ва овора ҳастанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад