Мақомоти додситонӣ дар шимоли Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин минтақа ҷинояти қочоқи инсон рӯ ба афзоиш аст ва ҷиҳати ошкорнамоӣ ва ҷилавгирии он, на ҳама чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Ин нуқта дар Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ахиран додситонии Суғд баргузор кард, садо дод. Биноба маълумоти додситонӣ, дар 10 моҳи аввали соли равон 18 парвандаи ҷиноӣ марбут ба хариду фурӯши инсон боз шудааст. Додситонӣ мегӯяд, 1 парванда дар иртибот ба дуздии инсон, 5 парванда хариду фурӯш, 10 парвандаи ҷалби одамон ба хотири истисмор, аз ҷумла истисмори шаҳвонӣ ва 2 парвандаи ҷиноятии дигар марбут ба фурӯши атфол ба додгоҳ рафтааст.
Таваккал Файзуллоев, сардори шӯъбаи додситонии Суғд дар ин робита гуфт, ки афроди зиёде бо роҳу шеваҳои гуногун ба таҳияи ҳуҷҷатҳо ва ҳамин тариқ интиқоли занону духтарони тоҷик ба хотири водор намудани онҳо ба танфурӯшӣ тавассути роҳҳои ҳавоии Русия, Бишкек ва Душанбе ба хориҷи кишвар, машғул мебошанд
Вале ба таъкиди вай, “аз ҷониби кормандони мақомоти амният, гумрук, корҳои дохилӣ дар майдонҳои ҳавоӣ ва сарҳадот бо андешидани чораҳои мушаххас аз хориҷи кишвар бурдани занон духтарон, пешгирӣ карда намешавад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бар пояи иттилои додситонии Суғд, ҷиноятҳои марбут ба қочоқи инсон дар ин минтақа дар 3 соли охир рӯ ба афзоиш доштааст. Бар пояи омори ин ниҳод, соли 2012 танҳо 6 чунин ҷиноят ошкор ва таҳқиқ шуд, вале соли 2013 шумораи чунин ҷинояҳо 14 ва дар соли гузаштаи 2014 ба 26 маврид расид.
Ба маълумоти додгоҳи Хуҷанд, ки чандин парвандаи марбут ба қочоқи занони тоҷик ба хориҷи кишварро анҷом додааст, занон аз Хуҷанду Душанбе бо роҳи ҳавоии кишвар ё Русияву Қирғизистон умдатан ба Туркия ва Дубайи Иморати Муттаҳидаи Араб фиристода мешаванд.
Ба иттилои ин манбаъ, ба ҷалбу гусел ва қабули занон як шабакаи фаъолияташ танзимшуда дар дохил ва хориҷи кишвар даст дорад, ки умдатан аъзои қатории он дар Тоҷикистон дастгир ва ба маҳбас кашида мешаванд. Дасти мақомоти тоҷик барои дастгир намудани он афроде, ки дар Туркияву Иморати Муттаҳидаи Араб занони ҳаммиллати худро ба танфурӯшӣ водор ва мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор медиҳанд, кӯтоҳ аст.
Парвина, номи мустаори занест, ки дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ чӣ тавр ба қочоқи занон ҳамроҳ шуданашро нақл кард. Ин зани 30-сола мегӯяд, шавҳараш ӯро бо 3 се тифли аз 6 то 10-сола тарк кард ва вай ҳоло ҳамроҳи фарзандонаш дар як хонаи иҷора дар Хуҷанд зиндагӣ дорад. Парвина ихтисос ва ҷойи кори доимӣ надорад ва рӯзии худу кӯдаконашро аз роҳи кор кардан дар хонаҳои сокинон ба даст меовард.
Парвина мегӯяд, бо пешниҳоди ду дугонааш ҷавонзанонро дарёфт ва онҳоро ба сафари Дубай барои танфурӯшӣ розӣ мекард ва дар ивази ҳар зани пайдокардааш 200 доллар мегирифт. Додгоҳ танҳоӣ ва 3 кӯдак доштани ӯро ба назар гирифт ва ҷазои сабуктар -- 3 соли ҳабси шартӣ таъин кард.
Ӯ мегӯяд, бархе ҷавонзанони танфурӯш бо ҳавою ҳаваси пули бисёр ба даст овардан, худ майли рафтан ба Дубай доранд. Масалан, ӯ аз ҷавонзане ёдовар шуд, ки падараш аз танфурӯшии вай бохабар шудаву аз хонааш рондаааст ва худаш назди Парвина рафта, хостааст, ки барои сафар ба Дубай, кӯмакаш кунад.
Моҳинисо Ҳорисова, раҳбари “Маркази ҷомеаи шаҳрвандӣ” дар Хуҷанд ва таҳлилгари умури занон, рӯ ба Дубай овардани занонро мушкили танҳо худи онҳо намедонад. Ба ақидаи вай, танфурӯшии занон паёмади мушкили ахлоқӣ ва иҷтимоии тамоми аҳли ҷомеа аст, ки натавонистааст барои занон ҷойгоҳе шоиста дар ҷомеа фароҳам намояд:
Ба гуфтаи ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, “як зани тоҷик имрӯз ба Дубай аз зиндагии роҳат дар ватан намеравад. Бархе занон аз ночорӣ, аз наёфтани кору маблағ барои зиндагӣ, ба ин роҳи нораво дохил мешаванд. Ба он хотир, ки каме пул ба даст оранду ба ватан баргашта, ба худ сарпаноҳе бихаранд ва рӯзгори танҳоии худро сару сомоне бахшанд. Аммо дар он ҷо ҳам албатта вай як зиндагии шоҳона намеёбад, рӯзаш сиёҳ ва пурфоҷиа мешавад, он ҷо ӯро мисли як ғулом мехаранду мефурӯшанд.”
Саргузашти ғамангези Сайёра Эрматова ном ҷавонзани хуҷандӣ дар Дубай баёнгари он аст, ки занони тоҷики бо орзуи ба даст овардани маблағҳои калон барои танфурӯшӣ ба АМА рафта, дар ин кишвар на танҳо маблағ ба даст намеоранд, балки бо беҳуқуқиву таҳқир ва хориву истисмор рӯ ба рӯ мешаванд. Эрматова аз асорату истисмори шаҳвонӣ дар Дубай бо ёрии сафорати Тоҷикистон раҳо ёфта, соли 2012 ба Хуҷанд баргашт ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят бурд. Баъд аз он қазияи ин зан, ки истисмори шаҳвонӣ шуда буд, расонаӣ шуд ва боздошти аъзои шабакаҳои кочоқбари занон ба Дубайу Туркия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд, авҷ гирифт.