Дар Тоҷикистон рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар таҷлил карда мешавад.
Вобаста ба ин рӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст барои сокинон дар бозорҳои пойтахт ёрии ҳуқуқии ройгон расонад.
Тавре аз дафтари матбуотии Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар доданд ин ниҳод иқдом кардааст, ки бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон, 10-уми декабр ба сокинони пойтахт дар чаҳор бозори шаҳри Душнабе ёрии ҳуқуқии ройгон пешниҳод кунад. Гуфта мешавад дар ин рӯз, дар биноҳои маъмурияти бозорҳои "Шоҳмансур", "Ганҷина" (Саховат), бозори "Варзоб" (бозори "Водоносос"), Корхонаи воҳиди давлатии истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе барои ҳамаи шаҳрвандон машварати ҳуқуқии ройгон расонида шавад.
Таҷлили рӯзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳамасола поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон, шиканҷа дар муассиҳои ислоҳӣ ва монанди ин поймолшавиҳои ҳуқуқ ба назар мерасад.
Ахиран як пажӯҳиши тозае дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки мавориди озору азият ва шиканҷа дар муасисаҳои ислоҳии кӯдаконаи ин кишвар низ вуҷуд доштааст. Ин пажӯҳиш аз сӯи созмони иҷтимоии "Маркази кӯдак" дар Тоҷикистон ва бо ҳимояи Иттиҳодияи Аврупо ва Намояндагии ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо, анҷом шудааст.
Рӯзи 10-уми декабр аз соли 1950 ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи башар дар аксари кишварҳо таҷлил карда мешавад ва дар ҳамин рӯзи соли 1948 Асамблияи генералии СММ Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башарро қабул намуд.