"Ҳукумат созишномаро бо Шабакаи Рушди Оқохон дароз накард"

Шоҳзода Карим Оқохон ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати созишнома бо Шабакаи Рушди Оқохон (АКDN)-ро, ки 31-уми октябри 2024 ба охир расид, дароз накардааст.

Чаҳор манбаи огоҳ дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "агар ин қарор ниҳоист, пас, ба маънои маҳрум шудани Шабакаи Оқохон аз мақом ё статуси дипломатӣ аст".

Созмон аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият дорад.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби дароз накардани муҳлати созишномаро нагуфтанд. Мавқеи Шабакаи Рушди Оқохон (АКDN) низ то ҳол маълум нест.

Торнамои "Pamir Inside" (ҳаводиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бозтоб медиҳад) бо такя ба манбаъҳои худ дар охири моҳи ноябр навишт, ки Қозидавлат Қоимдодов, раиси Шабакаи Рушди Оқохон дар Тоҷикистон, бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ мулоқот дошт, "вале посухи мусбат нагирифт". Ин мулоқот дар моҳи октябри имсол гузаштааст.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар Хоруғ (номаш ба далели амниятӣ фош намешавад) рӯзи 9-уми декабр гуфт, "созишнома барои Шабакаи Рушди Оқохон мақоми дипломатӣ медод ва тамоми созмонҳои вобаста ба он зери як чатр фаъолият мекарданд ва аз тартибҳои бюрократӣ озод буданд."

"Шарикони рушд барои доштани чунин зарфиятҳо барои татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон бештар вақт Шабакаи Рушди Оқохонро интихоб мекарданд. Ҳоло кор душвор хоҳад шуд, чун ҳам назорат зиёд мешавад ва ҳам вақти зиёд сарф мегардад. Оҷонсиҳои Оқохон аз ин ба баъд ҳамчун созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон фаъолият хоҳанд кард," -- шарҳ дод ӯ.

Қозидавлат Қоимдодов

Кӯшиши мо барои суҳбат бо Қозидавлат Қоимдодов, раиси Шабакаи Рушди Оқохон дар Тоҷикистон, натиҷа надод. Ӯ дар суҳбати қаблӣ, 19-уми апрели соли 2019, гуфта буд, ки созмони онҳо "барои кулли мардуми Тоҷикистон хидмат мекунад" ва саҳмаш дар рушди ҷумҳурӣ "монанди Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва ниҳодҳои дигари байнулмилалист".

Шабакаи Рушди Оқохон 32 сол боз дар Тоҷикистон амал мекунад. 3500 корманд дорад ва барномаҳои он ба рушди минтақаҳои кӯҳӣ ва мусоидат дар пешрафти иҷтимоиву иқтисоди Тоҷикистон равона шудааст. Шабака танҳо дар соли 2018 дар Тоҷикистон 107 миллиону 144 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.

Шабакаи Рушди Оқохон, ки раҳбари куллаш Шоҳзода Карим Оқохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон аст, аз соли 2022, пас аз саркӯби хунини норозиён дар Хоруғу Рӯшон, аз чанд бинои худ дар Тоҷикистон маҳрум гашт.

Моҳи сентябри соли 2023 ба ҷойи Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ "Литсей барои хонандагони болаёқат" ба кор сар кард. Литсейи Оқохон 25 сол фаъол буд.

Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хост, ки як қарори раиси шаҳри Хоруғ (аз соли 2018) ва иҷозатномаи давлатӣ (аз соли 2019) дар пайванд ба Маркази тиббии Оқохон беэътибор дониста шавад. Маркази тиббии Оқохон (Aga Khan Medical Centre) ҷузъе аз Хадамоти Оқохон дар мавриди тандурустӣ (Aga Khan Health Service) аст. Он соли 2018 дар Хоруғ бо маблағи 25 миллион доллар сохта шуд.

Замини Донишгоҳи вобаста ба Шабакаи Оқохон ва меҳмонхонаи “Серена” дар Хоруғ низ ба ихтиёри давлат гузаронда шуданд. Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғ, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, ба моликияти давлатӣ табдил дода шуд.