HRW: Мақомот бояд ба ҳаққи Мирсаидов эҳтиром гузоранд

Хайрулло Мирсаидов

Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон, аз боздошти Хайрулло Мирсаидов – хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон – шадидан нигаронӣ карданд. Стив Свердлов, пажӯҳишгари созмони Ҳюман Райтс Вотч, рӯзи 11-уми декабр аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки ба ҳаққи Мирсаидов эҳтиром гузоранд.

Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон ("Сборная КВН Таджикистана") аз замони боздошт то ба ҳол дар ИВС-и Оҷонси мубориза бо гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.

“Хайрулло Мирсаидов, ки бо журналистиаш шинохта ва мавриди эҳтиром аст, зоҳиран охирин қурбонии таъқиби садои интиқодӣ аз ҳукумат аст”, - афзуд ӯ.

Ин пажӯҳишгари Ҳюман Райтс Вотч гуфт, “ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳуқуқи Мирсаидовро дар боздошт эҳтиром кунад. Аз ҷумла, дар муқобили ӯ ба бадрафторӣ роҳ надиҳад ва аз иқдоме кор гирад, ки раҳоиашро кафолат диҳад.”

Хайрулло Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри имсол, баъди ҳозир шудан ба додситонии вилояти Суғд, боздошт гардид. Мақомот ӯро ба “исрофкорӣ”, “барангехтани кинаву адовати миллӣ”, “сохтакорӣ” ва “расондани хабари бардурӯғ” муттаҳам донистанд.

Ҳабибулло Мирсаидов, падари Хайрулло Мирсаидов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар як бахши парвандаи ӯ зикр шудааст, гӯё дастаи КВН-и Тоҷикистон шаъни миллатро паст задааст. Мирсаидов худро бегуноҳ мешуморад, аммо Аскар Турсунов - вакили дифои ӯ гуфт, барои фош накардани ҷузъиёти парванда зери баёноте имзо гузоштааст ва ҳаққи додани тафсилотро надорад.

Стив Свердлов

Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ дар Осиёи Марказӣ, мегӯяд, ки мақомот барои ҳабси Хайрулло Мирсаидов далелҳои муътамад пешниҳод накардаанд. Ӯ гуфт, журналистони мустақиле ба мисли Хайрулло Мирсаидов бояд барои корашон эҳтиром гузошта шаванд, на инки барои ба чолиш кашидани фасодкорӣ даҳонашон баста шавад.

Созмони Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, бино ба иттиҳомҳои эълоншуда ба хабарнигори тоҷик то 21 соли зиндон таҳдид мекунад. Хайрулло Мирсаидов тайи ҳабдаҳ соли гузашта ба ҳайси журналисти мустақил ва таҳлилгари масоили сиёсӣ кор кардааст. Ӯ дар гузашта барои радиои Мавҷи Олмон, нашрияи Asia-Plus ва расонаҳои дигар дар бораи нақзи ҳуқуқи одамон, мушкили экологӣ ва ақаллиятҳои миллӣ гузориш медод.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, боздошти Хайрулло Мирсаидов дар ҳолест, ки соли 2017 мизони нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон афзуд. Ин созмон гуфт, дар ин сол ҳукумат озодии баёнро пахш карда, фаъолияти мухолифини осоиштаро манъ ва фаъолияти мустақили вакилони дифоъро маҳдуд намуд. Ба иттилои созмон, дар ҳоли ҳозир беш аз 150 фаъоли сиёсӣ, ки дар миёнашон вакилони дифоъ низ ҳастанд, “беадолатона дар боздошт нигаҳдорӣ мешаванд”.

“Соли гузашта ҳадди ақал 20 журналист низ бо нигаронӣ аз таъқиб барои фаъолияти касбӣ кишварро тарк кардаанд”, - хулоса кардааст созмони Ҳюман Райтс Вотч.

Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон ("Сборная КВН Таджикистана") аз замони боздошт то ба ҳол дар маҳбаси нигаҳдории муваққатӣ (ИВС)-и Оҷонси мубориза бо гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад. Чаро ӯро дар боздоштгоҳи ин Оҷонс ҷо кардаанд, маълум нест. Вале ба гуфтаи мақомоти наздик ба тафтиши парвандаи Мирсаидов, шароити боздоштгоҳи Оҷонси мазкур дар муқоиса ба СИЗО-и рақами дуи шаҳри Хуҷанд беҳтар будааст.

Маркази иттилоотии додситонии Суғд дар рӯзи сеюми боздошти Мирсаидов гуфта буд, ки парвандаи ӯ ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад, балки дар пайи аризаи Олим Зоҳидзода, сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, маводе, ки худи Мирсаидов дар интернет ба нашр расонидааст ва тафтиши молии дастаи ҳозирҷавобон боз шудааст.

Тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон

Мирсаидов дар моҳи ноябр дар як номаи боз ба унвони раисҷумҳур – Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулл – Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз онҳо хоҳиш кард ба мушкилоте, ки дастаи КВН-и ӯ аз “ришвахории бархе мансабдорони вилояти Суғд” рӯ ба рӯ шудааст, расидагӣ кунанд. Баҳси Мирсаидов бо сардори раёсати ҷавонони Суғд низ дар пайи бо мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ шудани дастаи ҳозирҷавобон ва барои сафари навбатӣ ба Маскав барои иштирок дар сабқати нимаҳоӣ маблағ пайдо карда натавонистани ин даста сар зада буд.