Гурӯҳе аз донишмандони тоҷик ба матбуоти тоҷик аз интиқоди созмонҳои байналмилалии Human Rights Watch ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ дар робита бо вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон шадидан мухолифат кардаанд. Як нусхаи ин нома нисфирӯзии 21 сентябр бо имзои Н.Убайдуллоев, доктори илмҳои таърих, профессор, Б.Самиев, доктори илмҳои фалсафа, профессор ва Ҳ.Зикиров, номзади илмҳои фалсафа, дотсент - ба радиои Озодӣ ҳам ирсол шуд. Дар нома гуфта мешавад, ки ширкатдорони филми мустанади Human Rights Watch бо номи “Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад” - “намояндагони ҳизби мамнӯи наҳзати ислом ва ба ном “Гурӯҳи 24”, ба қавли муаллифон, аз созмонҳое намояндагӣ мекунанд, ки “дар Тоҷикистон вуҷуд надоранд”.
Ба қавли муаллифон, “собиқ ҲНИТ дар асоси фаъолияти ғайриқонунӣ ва кӯшишҳои террористию ифротгароӣ мамнӯъ эълон шуда буд”. Муаллифон менависанд, “фаъолияти аъзои собиқи ҲНИТ ва Гурӯҳи 24, ки бешубҳа, бо ҳидояту дастгирии ҳомиёни хориҷиашон ба вуқуъ меояд, набояд ҳамчун амали мухолифини тоҷик бояд қабул шавад, зеро аввалан, инҳо ба шакли воқеӣ вуҷуд надоранд ва сониян, ҳамеша муқобили оромию субот ва ваҳдату пешравии Тоҷикистон ҳастанд”. Дар нома гуфта шудааст, ки ин афрод “иғво меангезанд”, дар дохили Тоҷикистон “тарафдору ҳамақида надоранд” ва “чанд нафари бадхоҳу кинаварон” мебошанд.
Профессор Насрулло Убайдуллоев дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки ин номаро ҳамроҳ бо ду ҳамкасбаш баъди хондани матлаби Human Rights Watch ба унвонии матбуоти маҳаллӣ ирсол кардааст.
Рӯзи 21 сентябр ду созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон - бо пахши изҳороте гуфтанд, ки вазъи ҳуқуқи башар ва мухолифон дар Тоҷикистон "дар ҳолати бӯҳронӣ" қарор дорад ва дар ин замина филми нави мустанади худро дар Варшава муаррифӣ карданд.
HRW: Тоҷикистон дар умқи бӯҳрони ҳуқуқи башар қарор дорад
Ҳукуматҳо ва созмонҳои ҳамкори Тоҷикистон бояд вазъи бӯҳронии ҳуқуқи башар дар ин кишварро маҳкум кунанд, мегӯянд муаллифони филми мустанаде бо номи “Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад”. Муаллифон - созмонҳои байналмилалии Human Rights Watch ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ рӯзи 21 сентябр филмро дар нишасти САҲА дар Варшава бо ҳузури қаҳрамонҳои аслии ин мустанад – фаъолони мухолифин аз ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” муаррифӣ мекунанд. Фаъолони ҳуқуқи башар дар ин филм аз ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, СММ, САҲА ва дигар ҳамкорони Тоҷикистон даъват кардаанд, ки ба хотири ислоҳот ба ин кишвар таҳримҳо ҷорӣ кунанд.
Дар баёнияи Human Rights Watch, ки рӯзи 21 сентябр дар сайти ин созмон нашр шуд, гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҳоло дар умқи як бӯҳрони хеле шадиди ҳуқуқи башар қарор дорад, ки дар 20 соли охир бесобиқа будааст. Дар давоми ду соли охир мақомот даст ба боздошт, зиндонӣ кардан ва шиканҷаи аъзои созмонҳои мамнӯи мухолифин даст задаанд, мегӯяд созмон. Дар баробари сиёсатмадорон, даҳҳо ҳуқуқшиносон, адвокатҳо, журналистон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар нисбати ҳукумат андешаҳои интиқодӣ баён мекарданд, боздошт шуданд. Баъди фирори садҳо фаъолон аз кишвар, ҳукумати Тоҷикистон шикори онҳоро дар хориҷ ба роҳ монд, мегӯянд қаҳрамонҳои мустанади нав. Стив Свердлов, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch мегӯяд, дар шароите, ки бӯҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон тавсеа меёбад, Вашингтон, Брюссел ва дигар ҳамкорони байналмилалии Тоҷикистон ҳеҷ амале анҷом намедиҳанд.
Стив Свердлов аз шаҳри Варшава ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 21 сентябр филми мазкур бо ширкати муаллифони он ва ҳам қаҳрамонҳои асосии филм дар як нишасти вижаи САҲА муаррифӣ мешавад.
Маросими муаррифии ин мустанад рӯзе баъди он сурат мегирад, ки мухолифон ва ҳам Human Rights Watch дар бораи ҳодисаи боздошти хешутабори ширкатдорони як намоиши эътирозии мухолифони тоҷик хабар доданд. Стив Свердлов рӯзи 20 сентябр ба радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи иттилои онҳо дар паи “эътирози хомӯшона”-и аъзои ҲНИТ дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава ҳудудан 50 хешу табори ин нафарон дар Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар ин бора Свердлов дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ аз шаҳри Варшава хабар дод. Ӯ гуфт, рӯзи 19 сентябр гурӯҳи мухолифон ба толори маҷлисгоҳе ворид шуданд, ки дар чаҳорчӯби ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон вазъи Тоҷикистонро баррасӣ мекард.
“Хабари боздошти тахминан 50 хешу табори ширкатдорони ин иқдоми сулҳомезро баъди ҷаласаи САҲА ҷиддӣ мегирем. Ин хабар ҳоло мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, вале дар сурати тасдиқи хабар, ин нақзи хеле ҷиддии ҳуқуқи инсон аст. Ҳамаи ин дар ҳолест, ки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи дирӯза дар бораи ӯҳдадориҳояш дар баробари принсипҳои ҳуқуқи инсони САҲА баёнот медод”, - гуфт Стив Свердлов.
Дар ҷаласаи рӯзи 19 сентябр дар Варшава намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз ҷумла ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализода иштирок доштанд. Ба толори маҷлисгоҳ ҳудудан 20 нафар аз ширкатдорони эътирози назди бинои САҲА ворид шуданд, ки дар тан куртаҳое бо акси боздоштшудаҳову зиндониҳои мисли Бузургмеҳр Ёров ва аъзои раёсати ҲНИТ-ро доштанд. Онҳо оромона дар пушти ширкатдорони маҷлисгоҳ саф оростанд ва ба гуфтаи Свердлов, бо баъзе аъзои маҷлис ҳамсӯҳбат шуданд.
Свердлов гуфт, баъди ин аз рӯи иттилои онҳо, бархе хешовандони боздоштшудаҳо аз ҷониби ходимони амнияти маҳаллӣ дар Тоҷикистон ҳушдор гирифтанд, ки наздиконашон дигар дар чунин эътирозҳо иштирок накунанд. Свердлов гуфт, ки ин мавзӯъро бо ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар Варшава баррасӣ хоҳанд кард.
Вай гуфт, ҳар сол як бор кишварҳои узви САҲА дар як ҳамоиши калоне сарҷамъ шуда, бори дигар аз ӯҳдадориҳои худ дар робита ба ҳуқуқи башар ёдовар мешаванд. “Ҳама гуна хушунат нисбати афроде, ки аз ҳақи худ барои озодии баён истифода мекунад, на танҳо нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон, балки бозгӯи бархӯрди воқеии ҳукумати Тоҷикистон нисбати принсипҳои ҳуқуқи башар аст. Ин аломати хеле ва хеле бад аст ва маънои онро дорад, ки онҳо аз принсипҳои демократӣ хеле дуранд. Мо аз мақомот талаб мекунем, ки фишорро болои хешовандони ин нафарон хотима диҳанд. Умедворам, ки онҳо базудӣ озод мешаванд ва миёни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ як муколама сурат мегирад”.
Як манбаъ дар Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин боздоштҳо дар ноҳияҳо сурат гирифта ва “ба Кумита рабте надорад”. Сухангӯи ВКД Тоҷикистон мегӯяд, ки аз ин ҳодиса хабар надоранд ва касе низ ба онҳо муроҷиат накардааст. Дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки дар ин замина хабаре надоранд.
Дар солҳои охир баъзе кишварҳои хориҷӣ, ба мисли Полша, маҳалли таҷаммӯи мухолифони тоҷик шудаанд. Дар миёни онҳо аъзои ҲНИТ, “Гурӯҳи 24” ва дигар афроди сиёсӣ ҳастанд, ки баъди баста ва мамнӯъ шудани ин созмонҳо дар Тоҷикистон, ба хотири дарёфти ҳақи паноҳандагӣ ба хориҷа рафтаанд. Ин гурӯҳҳо дар гузашта дар Туркия, Олмон ва Полша борҳо намоишҳои эътирозӣ ташкил карда, аз ҳукумати Тоҷикистон риояи ҳуқуқи инсон ва озодии маҳбусони сиёсиро талаб кардаанд. Ин навбат, ба гуфтаи ташаббускорони эътироз дар Варшава, онҳо бори аввал бо чеҳраҳои боз ҳозир шуда, бо шиору овезаҳо озод шудани ба гуфтаи онҳо маҳбусони сиёсиро тақозо мекарданд.