Нигаронии Дидбони ҳуқуқи башар аз вазъ дар Тоҷикистон

Human Rights Watch мегӯяд, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар тӯли соли 2015 бадтар шуд ва таъқибу боздошти мухолифони мунтақидони ҳукумат ҳамчунон идома дорад.

Human Rights Watch (HRW), ё Дидбони ҳуқуқи башар, як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон дар гузориши солонааш, ки рӯзи 27 январ нашр шуд, навиштааст, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар тӯли соли 2015 бадтар шуд. Муаллифон созмони террористӣ унвон кардану бастани умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, боздошти тақрибан 200 тан аз фаъолони мухолифин, истирдоду рабудани мунтақидони ҳукумат аз кишварҳои хориҷӣ, ба зиндон кашондани вакилони мудофеъ ва дастикам як журналист, табъизи кормандони созмонҳои ғайридавлатӣ бо тафтишҳои беш аз ҳадро аз намунаҳои умдаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ном мебаранд.

Гузориш ҳамчунин мегӯяд, “чун дар солҳои қаблӣ, ҳукумат ба таври пайваста чандин сомонаи интернетиро дастнорас карда, маъракаи эҷоди маҳдудиятҳои шадид дар роҳи адои фаризаҳои мазҳабиро идома дод. Созмонҳои ғайридавлатӣ дар бораи чандин парвандаи шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳову зиндонҳо гузориш доданд. Хушунати хонаводагӣ алайҳи занон ҳамчунин як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад.”

Мухолифини ҳукумат ва боздошти фаъолон дар хориҷ

Шӯҳрат Қудратов

Дар бахши “Мухолифини ҳукумат ва боздошти фаъолон дар хориҷ”-и гузориши Human Rights Watch аз қазияи вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов ёд шудааст, ки моҳи январи соли 2015 дар пайи як мурофиаи, ба ақидаи муаллифон, “ҳомили ангезаҳои сиёсӣ” ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Муаллифон мегӯянд, Шӯҳрат Қудратов вакили соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов буд, ки зоҳиран барои азмаш барои ширкат дар интихоботи президентии соли 2013 ибтидо ба 26 соли зиндон маҳкум шуд ва дар моҳи августи соли 2015 ба ҳукми ӯ боз 3 соли дигар афзуданд.

Дар гузориш ҳамчунин аз Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гурӯҳи 24”, ки рӯзи 5 март дар Истамбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд, ёдоварӣ шудааст. Муаллифон менависанд, “шароити сӯиқасд ва талошҳои қаблии мақомоти Тоҷикистон барои боздошти Қувватов дар кишварҳои мухталиф бисёрии нозиронро ба гумоне бурдаанд, ки қотилони Қувватов шояд бо фармон ё ризоияти Душанбе амал мекарданд.”

Гузориш мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон аз октябри соли 2014 ба сурати фаъолона ба таъқибу боздошти тарафдорони “Гурӯҳи 24” машғул буданд. Аз ҷумла дар моҳи июл Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” бо ҷурми ифротгароӣ ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Иброҳимов мегӯяд, ӯро хадамоти амниятии Тоҷикистон аз як кӯчаи Маскав рабуда, маҷбуран бо ҳавопаймо ба Душанбе овардаанд.

Шабнам Худойдодова

Рӯзи 15 июл мақомоти Беларус фаъоли тоҷик Шабнам Худойдодоваро дар марз дастгир карданд. Ин узви “Гурӯҳи 24”, бино ба гузориши Human Rights Watch, барои он дастгир шуд, ки ҳангоми зиндагиаш дар Петербурги Русия ба ислоҳот дар Тоҷикистон даъват мекард. Собир Валиев, муовини раиси “Гурӯҳи 24” моҳи август бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Молдова дастгир шуд.

Human Rights Watch меафзояд, дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015, ки нозирони САҲА пур аз тахаллуф ва дахолати давлат арзёбиаш кардаанд, фишор ба ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ вориди як марҳалаи наву шадидтар шуд ва ин ҳизб барои бори аввал дар таърихи навини Тоҷикистон соҳиби ягон курсии вакилӣ нашуд. Раҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ баъди интихобот тарки кишвар кард ва дар Интернет тақрибан 20 видеое нашр шуд, ки дар он аъзои ҳизби наҳзат эълон мекарданд, ки гӯё “ихтиёран” тарки ин ҳизби мухолиф мекунанд.

Гузориш мегӯяд, “дар моҳи сентябр дар пайи ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, мақомот даҳҳо узви ҳизби наҳзатро боздошт ва бо вуҷуди камбуди далоил онҳоро ба дааст доштан даор ин хушунатҳо айбдор карданд.” Фаъолияти ҳизби наҳзат манъ шуд ва “то моҳи ноябр мақомот тақрибан 200 узви ҳизби наҳзат ва дастикам 3 вакили мудофеъ – Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додарҷоноваро, ки ба ҳимояти ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ розӣ шуда буданд, дастгир карданд.”

Дар бахши “Озодии баён”-и гузориши Human Rights Watch гуфта мешавад, “маҳдудиятҳои эҷодкардаи мақомоти Тоҷикистон дар роҳи озодии матбуот ва дастрасӣ ба иттилооти мустақил, аз ҷумла ба Интернет, ва тарсондани журналистону созмонҳои ғайридавлатӣ ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар мавриди озодии баёнро зери по мекунад.”

Озодии баён

Дар гузориш ба унвони намунаҳои фишор ба озодии матбуот аз ҷумла аз тасмими ҳукумат ҷиҳати танҳо аз тариқи хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кардани ахбори расмӣ, афзоиши фишорҳо ба расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла бозпурсии хабарнигорон аз сӯи мақомоти амниятӣ, бо ҷурми тақаллуби зодномааш ба 2 соли зиндони маҳкум шудани хабарнигори Маркази таҳқиқоти журналистӣ Аминҷон Гулмуродзода ва талаби хабардор кардани мақомот пеш аз нашри ҳар навъ матлаби интиқодӣ ва маҳдуду масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳое, ки метавонанд ахбори интиқодӣ алайҳи ҳукумат дошта бошанд, бо шумули Фейсбук, Ҷимейл ва Озодӣ, ёдоварӣ шудааст.

Гузориш аз иқдомҳои мусбати ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо хушунати хонаводагӣ, бавижа хушунат алайҳи занон ва аз байн бурдани шиканҷаву бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳову зиндонҳояш тавсиф кардааст, вале мегӯяд, “шиканҷа дар низоми адлияи Тоҷикистон ҳамчунон як падидаи фарогир боқӣ мемонад.” Дар ин робита аз қазияи Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола ёд шудааст, ки ба гуфтаи модараш, баъди 3 рӯзи боздошташ аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир бар асари шиканҷа ҷон бохтааст. Аммо мақомот илтиҳоби шушро иллати марги ин ҷавон номидаанд.

Озодиҳои мазҳабӣ

Human Rights Watch дар гузориши солонааш менависад, дар соли 2015 мақомоти Тоҷикистон озодиҳои мазҳабиро ба сурати боз ҳам шадидтар маҳдуд карданд. Дар ин бахши гузориш аз ҷумла аз қоидаҳои шадиди адои намоз, пӯшидани либоси мазҳабӣ, дастрасӣ ба таълими мазҳабӣ, бастани масҷидҳо ва боздошти афрод бо иттиҳоми ифтротгароии мазҳабӣ зикр шудааст. Гузориш мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти чанд гурӯҳи сулҳомези исломӣ ва созмони масеҳии “Шоҳидони Яҳво”-ро манъ кардааст.

Умар Бобоҷонов

Гузориш мегӯяд, қоидаҳои ҷоришуда дар Тоҷикистон “ҳамчунин номгузории кӯдаконро маҳдуд ва пӯшидани ҳиҷобро дар муассисаҳои таълимӣ ва даромадан ба идораҳои давлатӣ бо ришро манъ мекунад.” Дар ин бахши гузориш аз ҷумла аз қазияи марши Умар Бобоҷонов, сокини 22-солаи ноҳияи Ваҳдат ёдоварӣ шудааст, ки дар пайи латукӯб шуданаш аз сӯи афсарони пулис даргузашт. Наздикони Бобоҷонов иддао доштанд, ки ӯро ба далели риш доштанаш дастгир кардаанд. Вазорати умури дохила гуфт, қазияро тафтиш мекунад, вале то ҳол натиҷаҳои он эълон нашудаанд.

Гузориши солонаи Human Rights Watch дар рӯзе нашр шуд, ки Freedom House, як созмони дигари байналмилалии ҳомии ҳуқуқ низ дар гузориши солонааш Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои аз нигоҳи риояи ҳуқуқу озодиҳои мардум ноозод гузошт.