Ҷанг дар сарҳад, баҳс бо Толибон ва сарнавишти мухолифон. Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон

Human Raights Watch reports on Tajikistan

Созмони Human Rights Watch ба риояи ҳуқуқи одамон дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2021 баҳо дода, вазъро дар Тоҷикистон "бадтар" номидааст. Идораи Омбудсмени Тоҷикистон танқиди ҳомиёни ҳуқуқро "яктарафа ва боэҳсос” арзёбӣ кард. Гузориши HRW моҳи декабри соли 2021 нашр шуд. Хулосаи он ва вокуниши Тоҷикистонро дар инҷо бинед.

Матни пурраи гузориши Human Rights Watch-ро дар зер бихонед:

Бо идома ёфтани саркӯби озодии баён ва мухолифони сиёсӣ, ҳамчунин, ҳадафи ҳамла қарор гирифтани вакилони мудофеи мустақил, рӯзноманигорон ва аъзои хонаводаи фаъолони мухолифин дар хориҷа, вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бадтар шуд.

Ҳукумат дастрасиро ба вебсайтҳое, ки иттилооти танқидӣ аз амалкарди ҳукумат нашр мекарданд, баста ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башарро мавриди озору азият қарор дод. Озодии мазҳаб ва ақида ба шиддат маҳдуд шуд. Шахсони ҳамҷинсгаро таҳти табъизи густурда ва зиддияти иҷтимоӣ қарор доранд. Хушунати хонаводагӣ ҳамчунон як мушкили ҷиддӣ мондааст. Норасоиҳои ҷиддӣ дар қонунгузорӣ, адами посухгӯӣ дар мавриди хушунати хонаводагӣ ва вокуниши нокофии мақомот занонро аз дархости кумак ва ҳимоят бозмедорад.

Пас аз он ки “Толибон” Афғонистонро ишғол кард, Тоҷикистон ҳазорон паноҳандаро пазируфт ва теъдоди зиёде аз онҳо дар марз ҷамъ шуданд.

Дар моҳи январ (2021) раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кишварро орӣ аз вируси корона эълом кард ва иҷозаи бозкушоии мактабу масҷидҳоро дод. Бо ин ҳол, пас аз афзоиши шумори мубталоён дар моҳи июн, мақомот баъзе аз чораҳоеро ба мисли фосилагузории иҷтимоӣ аз нав ҷорӣ карданд.

ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Бисёре аз гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки корҳои иҷтимоӣ ва башардӯстонаро анҷом медиҳанд, дар посух ба ончи ки вокуниши сусти давлат медонистанд, ҳисси ҳадафмандии ҷадидеро барои кумак ба мардум дар гузар аз ҳамагирии COVID-19 таҷриба карданд. Агарчӣ ҳукумат дар ибтидо бо чунин фаъолият мухолиф буд, дар ниҳоят ин корро пазируфт ва ҳатто аз он ҳимоят кард.

Бо ин ҳол кор бар рӯйи ҳуқуқи сиёсӣ, шиканҷа, масоили интихоботӣ, фасод, озодии мазҳаб ё ҳуқуқу масоили дигарбошони ҷинсӣ (ҳамҷинсгароён) ҳассос монд ва ағлаб ба озору азияти фаъолон сабаб шуд.

Мудофеони ҳуқуқи башар аз кори “фабрикаи троллҳо” -и мавриди ҳимояти ҳукумат, ки ҳадафашон бадном кардани танқидгарон дар интернет аст, шикоят карданд.

Шароити бади зиндон ва шиканҷа дар он давомдор буд. Зиндонҳои Тоҷикистон ҳамчунон пуриздиҳом ҳастанд ва зиндониён ба таври маъмул бо бадрафторӣ дучор мешаванд. Вазорати адлияи Тоҷикистон моҳи феврал нақшаи татбиқи стратегияи ислоҳоти низоми зиндонҳоро тасдиқ кард. Дар моҳи июн ҳудуди 1700 маҳбус, аз ҷумла Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, аз Душанбе ба зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат бурда шуданд, ки тибқи гузоришҳо шароити беҳтаре дорад.

Раҳматуллои Раҷаб

Дар моҳи сентябр бар асоси қонуни афв, ки бештар барои занон, шахсони зери 18 сол ё болои 55 сол ва афроди маълул (маъюб) дар назар гирифта шудааст, беш аз 650 зиндонӣ озод гаштанд. Қонуни афв дар умум бояд нисбати 10 000 зиндонӣ ва шахсони боздоштшуда татбиқ шавад, вале ба зиндониёни сиёсӣ таъсире нахоҳад гузошт.

Дар моҳи июн се афсари пулис ба далели истифода аз шиканҷа барои гирифтани эътирофи дурӯғин дар як парвандаи қатл дар соли 2017 ба ҳабсҳои дарозмуддат маҳкум шуданд. Онҳо Ҳасан Ёдгоровро мавриди зарбу шатм қарор доданд ва аз барқ истифода карданд. Ӯ шаш моҳ маҳбус буд ва пас аз дастгирии қотили воқеӣ озод шуд.

Дониёр Набиеви 80-сола, ки моҳи декабри соли 2020 ба иттиҳоми “ташкили фаъолиятҳои як созмони ифротӣ” ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуда буд, ба далели пиронсолӣ ва вазъияти бади саломатияш Дар моҳи апрел озод шуд. Набиев пеш аз боздошт ва зиндонӣ шуданаш ба хонаводаҳои аъзои зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ кумак мекард.

Дониёр Набиев

Хушунати физикӣ (ҷисмӣ) ва ҷинсӣ алайҳи занон тавассути афсарони пулис дар марказҳои боздошт низ густурда аст. Дар соли 2019 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон мустанаде омода кард. Дар ҳоле, ки Н.Б., як зани 24-сола, ба муддати ду рӯз муттаҳам ба дуздӣ дар боздошт буд, афсарони пулиси ноҳияи Вахш ӯро мавриди озори ҷисмӣ ва лафзӣ қарор доданд. Ҳамчунин ба ӯ сӯзандоруе гузарондаанд, ки боиси фалаҷ шудани андомҳояш шудааст ва ӯро таҷовуз кардаанд. То ба имрӯз ҳеч як аз афсарони пулис муттаҳам нашудаанд, зеро шикояти расмии Н.Б. ҳамчунон дар дасти баррасист.

ОЗОРУ АЗИЯТИ МУНТАҚИДОНУ МУХОЛИФОН

Дар соли 2021 Тоҷикистон ҳамчунон ба озору азият ва зиндонӣ кардани мунтақидони ҳукумат, мухолифон ва норизоёни муқими хориҷ ва аъзои хонаводаи онҳо дар дохили кишвар идома дод.

Дар моҳи июн, Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, ҳамчунин маъруф ба Мирзоқул Ҳоҷиматовро ба иттиҳоми “узвият дар созмони мамнӯи ифротӣ” ба панҷ сол зиндон маҳкум кард. Ҳоҷимуҳаммад аз соли 2019 дар Русия зиндагӣ мекард ва соли 2015 аз ҲНИТ канорагирӣ кард ва пас аз бозгашт ба Тоҷикистон дар моҳи феврал аз хуруҷ аз кишвар манъ шуд (мамнуъулхуруҷ гашт). Сипас дар моҳи май боздошт шуд.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад

Дар моҳи март Иззат Амон, мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумати Тоҷикистон танқид мекард, дар Маскав рабуда ва бо зӯр ба Тоҷикистон бозгардонда шуд. Иззат Амон дар “Маркази тоҷикон”, созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав кор мекард. Ду рӯз дар куҷо будани Иззат Амон мушаххас набуд. Баъдан Вазорати корҳои дохилӣ эълом кард, ки ӯ ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст. Дар ҷаласаи додгоҳии моҳи сентябр додситон барои ӯ 9 сол зиндон хост.

Дар моҳи август мақомоти Тоҷикистон бар зидди Ҳусейн Эшонқулов, яке аз ҳамкорони собиқи Иззат Амон дар “Маркази тоҷикон” ба иттиҳоми “даъвати оммавӣ ба фаъолиятҳои ифротӣ” парванда оғоз карданд, ки гуфта мешавад далелаш тарғиби тарафдорони Амон ба дархости озодии вай дар расонаҳои иҷтимоӣ будааст.

Иззат Амон

ОЗОДИИ БАЁН

Ба баҳонаи ҳифозат аз амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба таври муназзам вебсайтҳоеро, ки дорои иттилооти ба қавле танқидӣ аз ҳукумат ҳастанд, аз ҷумла Фейсбук, бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва сомонаҳои мухолифинро масдуд мекунад. Рӯзноманигорон ва блогнависон ба хотири назару дидгоҳҳои танқидии худ, ки дар расонаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд, таҳти пайгарди қонунӣ қарор мегиранд. Ин амр бар асоси ислоҳоти қонунӣ дар соли 2017, ки ба созмонҳои амниятӣ иҷоза медиҳад, фаъолиятҳои онлайни афрод, аз ҷумла паёмҳо ва суҳбатҳои телефони ҳамроҳро сабт ва назорат кунанд, анҷом мегирад.

Дар моҳи июн, вакили мудофеъ Абдулмаҷид Ризоев ба далели “даъвати оммавӣ барои фаъолиятҳои ифротӣ бо истифода аз расонаҳои иҷтимоӣ ё интернет” ба панҷ солу шаш моҳ зиндон маҳкум шуд. Ризоев дар моҳи ноябри соли 2020 боздошт ва мурофиаи аввалинаш моҳи феврали соли 2021 баргузор шуд, замоне ки додситонӣ постҳо ва матолиби нашркардаи ӯро дар Фейсбук “ифротӣ” номид. Ӯ дар ин навиштаҳо мизони иштирок дар интихоботи порлумонии 2020-ро зери суол бурда, аз адабиёти классикии тоҷик дар бораи ҳукуматҳои оқил ва нодон нақли қавл кардааст.

Абдулмаҷид Ризоев

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, рӯзноманигор ва фаъоли ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки соли 2015 ба 16 сол зиндон маҳкум шуд, моҳи сентябр дар бемористони зиндон мавриди ҳамла қарор гирифт.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз дар аввали сол аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, то Сайфуллозодаро таҳти афви умумӣ озод кунанд, зеро нигарони амнияти вай дар зиндон ҳастанд.

Радиои Озодӣ гузориш дод, ки бар хилофи шартҳои қонунӣ дар мавриди додани парвонаи кор, то моҳи октябр дархост барои гирифтани аккредитатсияи ҳашт хабарнигор ҳанӯз дар интизори тасмими Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аст. Чандин корманди расона танҳо барои чанд моҳ иҷозатнома дарёфт кардаанд. Афсарони амниятии Тоҷикистон ҳамчунон ба таҳдиди рӯзноманигорони Радиои Озодӣ дар маҳалли кор ва хонаҳояшон идома медиҳанд, ки дар сурати идомаи кор дар ин расона бо пайомадҳои шадид рӯбарӯ хоҳанд шуд.

ОЗОДИИ ДИН ВА БОВАР (АҚИДА)

Ҳукумати Тоҷикистон озодии мазҳаб ё боварро ба шиддат маҳдуд ва ҳиҷобро барои занону риши дарозро барои мардон мамнуъ мекунад.

"Салафия", яке аз шохаҳои бунёдгарои исломӣ, аз соли 2009 расман дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст ва мақомот мураттабан афродеро ба иттиҳоми узвият дар ин гуруҳ боздошт мекунанд. Дар моҳи июн, муҳокимаи 18 гумонбар ба узвият ба “Салафия” паси дарҳои баста оғоз шуд ва иттилооти андаке дар бораи онҳо иттиҳомоте, ки бо он рӯбарӯ буданд, мунташир шуд. Гумонбарон ҳама сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли Тоҷикистон ҳастанд, ки моҳи феврал аз тарафи пулис дастгир шуданд. Наздикони муттаҳамон иртибот доштани онҳоро бо "Салафия” ё ҳар гурӯҳи мазҳабии ифротии дигар инкор карданд. Дар моҳи июл 14 нафари онҳо аз панҷ сол то панҷуним сол зиндонӣ шуданд. Чаҳор нафари боқимонда ба далели хабар ё гузориш надодани амали ҷиноӣ ба ниҳодҳои дахлдор, гунаҳкор шинохта шуда, ба як сол зиндон маҳкум гардиданд.

Дар моҳи октябр порлумони Тоҷикистон баррасии ислоҳоти қонуни ҷиноиро дар мавриди сахттар кардани ҷазо барои омӯзиши ғайриқонунии мазҳабӣ, аз ҷумла омӯзиши онлайн, оғоз кард. Бар асоси он, ба шахсони гунаҳкор дар ин замина то се сол ҳабс пешбинӣ шудааст. Қаблан барои ин ҷурм муҷозоти маъмурӣ, ҷарима то 72 000 сомонӣ (тақрибан 6000 доллари амрикоӣ) ва танҳо дар сурати такрори ҷурм се сол зиндон таъин карда мешуд.

ДАРГИРӢ ДАР МАРЗИ ҚИРҒИЗИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН

Дар муноқишаи дурӯзаи марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар охири моҳи апрел, ки “дар даҳаҳои ахир дар Осиёи Марказӣ бадтарин низоъ” будааст, беш аз 40 нафар, аксаран ғайринизомиҳо кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.

Даргирӣ бар сари идораи як иншооти муҳими обкашӣ оғоз шуд, ки тибқи протоколи истифодаи муштараки об, бахши кӯчаке аз рӯдхона, ки ба таври табиӣ ба Тоҷикиситон мерезад, ба самти Қирғизистон равона мекунад. Ҳудуди 58000 нафар дар Қирғизистон ва Тоҷикистон хонаҳои худро тарк карданд ва ё муваққатан кӯчонида шуданд. Даҳҳо хона ва ҳадди ақал се мактаб осеб дида ё вайрон шудаанд. Ду кишвар ба суръат оташбас эълом карданд ва бозсозии хонаҳои осебдидаро дар ҷараёни даргирӣ дар доираи марзҳои марбутаи худ ваъда доданд.

Хоҷаи Аълои Исфара, 2-юми майи 2021

Аз моҳи сентябр се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон ва ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ғорати амволи хусусӣ дар ҷараёни даргирӣ дар Қирғизистон муҳокима шуданд. Ҳеч гузорише дар бораи таҳқиқоти бетарафона аз сӯи Тоҷикистон дар мавриди ин ки оё артиши ин кишвар қонунҳои ҷангро дар тӯли даргирӣ нақз кардааст ё на, вуҷуд надорад. Бо ин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқоти ҷиноиро дар мавриди ҳамлаи низомии Қирғизистон ба мардуми Чоркӯҳ дар минтақаи Суғд, ки ҳаммарз бо Қирғизистон аст, оғоз кардааст. Аз замони даргирӣ баъзе задухӯрдҳои кӯчак дар минтақаҳои марзӣ гузориш шудааст.

ХУШУНАТИ ХОНАВОДАГӢ

Зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон роиҷ аст. Қонуни пешгирӣ аз хушунат дар хонавода (2013) дар ҳоле ки ба ҷабрдидагон миқдоре муҳофизат пешниҳод медиҳад, хушунати хонаводагӣ ё таҷовузи заношӯиро ҷиноят намешуморад ва ба хубӣ иҷро намешавад. Ҷабрдидагон аз ҳифозату ҳимояи кофӣ бархурдор нестанд ва ба адолат ниёз доранд.

Нанги иҷтимоӣ (доғи иҷтимоӣ, стигма), вобастагиҳои иқтисодӣ, беҷазо мондани ҷинояткорон, адами дастрасӣ ба иқдомоти ҳифозатӣ барои занони маълул, аз ҷумла теъдоди нокофии паноҳгоҳҳо, монеаҳои ҷиддӣ барои дастрасии ҷабрдидагон ба кумак, ба вижа дар деҳаҳо мебошанд. Ироадиҳандагони хадамот бо камбуди мутахассис, омӯзиши ҷабрдидагон ва мураттабан бо камбуди буҷа мувоҷеҳ ҳастанд. Пулис тафтишот намебарад ва ё одамонеро, ки дар оила зӯроварӣ мекунанд, ба ҳабс намегирад.

Ҳуҷрае барои қурбониёни хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон

Дар ҳашт моҳи аввали сол фақат яке аз се паноҳгоҳ барои қурбониёни хушунати хонаводагӣ ба андозаи тамоми соли 2020 мушовира анҷом додааст.

ПАНОҲАНДАГОН. БУҲРОН ДАР АФҒОНИСТОН

Пас аз он ки “Толибон” дар моҳи августи соли 2021 Афғонистонро ишғол карданд, ҳукумати Тоҷикистон эълом кард, ки дар пайи ҳимоят аз ҳуқуқи тоҷикҳо, дуввумин гурӯҳи қавмии бузург дар Афғонистон, аст. Ҳудуди 10 000 афғонистонӣ дар солҳои ахир ба Тоҷикистон гурехтаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марз дорад. Урдугоҳҳои паноҳандагон дар вилояти Хатлони Тоҷикистон бо зарфияти пазириши 5000 паноҳҷӯ эҷод шудааст.

Ин урдугоҳҳо аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ҳимояти молӣ мешаванд. Ба гуфтаи Оҷонси паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид, имкон дорад, пас аз хуруҷи комили нерӯҳои эътилоф аз Афғонистон ва то поёни соли 2021 ҳадди аксар 50 000 паноҳандаро дар Тоҷикистон сабти ном кунанд.

БОЗИГАРОНИ КАЛИДИИ БАЙНУЛМИЛАЛӢ

Дар моҳи феврал, дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон фишор овард, то амалкарди худро дар заминаи ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ беҳбуд бахшад. Бо ин ҳол Жозеп Борел, намояндаи Иттиҳоди Аврупо, пас аз дидораш бо раисҷумҳур Раҳмон, дар Брюссел дар моҳи октябр, ҳеч мавзӯи ҳуқуқи башариро матраҳ накард.

Дар моҳи май, пас аз ташдиди ихтилофоти марзӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (OSCE) ва Созмони Милали Муттаҳид барои ҳалу фасли даргирӣ ва посух ба пайомадҳои фаврӣ барои осоиши мардум дар ҳар ду тарафи марз кумак расонданд.

Ба дунболи ғасби Кобул дар моҳи август аз тарафи Толибон, шарикони байнулмилалии Тоҷикистон, ҳамкориҳои амниятӣ ва мудирияти паноҳандагонро бо давлат тақвият кардаанд. Иттиҳоди Аврупо моҳи сентябр барои ёрӣ ба бисёре аз паноҳандагони осебпазири афғон 160 000 евро (ҳудуди 180 000 доллар) кумакҳои башардӯстона ироа дод. Дар моҳи сентябр, аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) барои тақвияти марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон тавофуқномаеро дар нишасте дар Душанбе имзо карданд.

Дар баррасии давраии Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди Тоҷикистон дар моҳи ноябр чандин кишвар ба Тоҷикистон тавсия доданд, то ба гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ иҷозаи фаъолият диҳад, зиндониёни сиёсиро озод кунад, ба истифода аз шиканҷа поён бахшад, озодии баёнро муроот намояд ва иқдомотеро барои поён додан ба хушунати оилавӣ алайҳи занон ва духтарон ба анҷом расонад. Ҳамчунин қонунҳои ҷомеъ зидди табъизро тасвиб намояд, ки аз ҳамҷинсгароён ҳимоят кунад.