Созмони ҳуқуқи башар (HRW) дар арафаи яксолагии марги Муаммар Қазофӣ, собиқ раҳбари Либия ҷазои қотилони ӯро талаб кардаст.
Дар гузориши нави Созмони ҳуқуқи башар бо номи «Марги диктатор», далелҳои даст доштани мухолифини силоҳбадасти шаҳри Мисрота дар қатли Қазофӣ ва даҳҳо ҳамроҳони ӯ оварда шудаанд.
Масъулини ин ниҳоди ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳукуматдорони феълии Либия ваъдаҳояшонро оиди таҳқиқи қатли Муаммар Қаззофӣ ва писараш Мутаассимро иҷро накардаанд.
Дар гузориши 50-саҳифагии HRW гуфта мешавад, ки шӯришиён аз шаҳри Мисрота Муаммар Қаззофиро ҳамроҳ бо тарафдоронаш асир гирифта, ҳадди ақал 66 нафарро қатл намудаанд.
Пажӯҳишгарони Созмони ҳуқуқи башар барои муайян намудани ҷузъиёти ҳаводиси 20-уми октябри соли 2011, роҳбарони шӯришиён ва ҳамроҳони зиндамондаи Муаммар Қаззофиро мавриди бозпурсӣ қарор дода, куштори ӯ ва ҳамроҳонашро бузургтарин ҳодисаи қатли ом дар давоми 8 моҳи даргириҳои Либия мегӯянд.
Иттиллои ба дастовардаи ҳомиёни ҳуқуқи башар изҳороти расмии ҳукуматдорони Либияро, ки мегӯянд Муаммар Қаззофӣ зимни тирпаронӣ ҳалок шудаст, зери шубҳа мебарад. Аз ҷумлаи далелҳои қатъии қатли таҳқиромези Муаммар Қазофӣ ва ҳамроҳонаш наворҳои сабтнамудаи худи мухолифин мебошанд, ки ба воситаи телефонҳои мобилӣ гирифта шудаанд. Навори видеоӣ собит мекунад, ки Муаммар Қаззофӣ оғуштаи хун асир афтидааст.
Питер Букерт, яке аз гузоришгарони Созмони ҳуқуқи башар дар мавриди қатли Муаммар Қаззофӣ гуфтааст, далелҳои ҷамъкардаашон оиди ҷиноятҳои ҳарбии мухолифин ба ҳукуматдорони ҳозираи Либия пешкаш шудаанд ва интизоранд, ки гунаҳгорон ҷазо мегиранд:
«Кормандони HRW тайи чанд моҳ ҷузъиёти қатли Муаммар Қаззофӣ ва ҳамроҳонашро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, то далелҳои аниқро ба даст оранд. Аммо мутаассифона мақомдорони Либия ҳанӯз ҳам таҳқиқи қатли Муаммар Қаззофиро оғоз накардаанд».
Питер Букерт мегӯяд, агар ҳукуматдорони кунунии Либия нияти таъмини воқеии волоияти қонунро доранд, бисёр муҳим аст, ки дастандаркорони қатли оми 20-уми октябри соли 2011 муҷозот шаванд.
Питер Букерт таъкид мекунад, ки дар Либия ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои мусаллаҳ қудрати зиёде дар даст доранд ва ҳукумат ҳамоно заъиф боқӣ мондаст. Букерт мегӯяд дар чунин шароит мушкилоти ҳукуматдоронро барои таҳқиқи марги Муаммар Қаззофӣ дарк мекунанд, "аммо барои рафъи зӯри силоҳу таъмини волоияти қонун зарур аст, ҳодисаҳои 20-уми октябр таҳқиқ ва гунаҳгорон муҷозот шаванд." Вай мегӯяд дар сурате агар ҳукуматдорони Либия ин корро накунанд, ба таҳқиқи марги Қаззофӣ ва ҳамроҳонаш Додгоҳи байналмилалӣ машғул хоҳад шуд.
Шӯрои амнияти СММ ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳаққи таҳқиқи ҷиноятҳои ҳарбиро додаст, ки ҷонибҳои даргири Либия содир кардаанду ҳукумати феълӣ намехоҳад ё наметавонад гунаҳгоронро ҷазо диҳад.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!