HRW хост, Тоҷикистон барномаи нави ҳуқуқи инсонро амалӣ кунад. ВИДЕО

Созмони байналмилалии дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW) мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон метавонист интихоботи парлумониро ҳамчун оғози тағйирот дар бахши ҳуқуқи башар истифода кунад ва даъват кардааст, ки аз пайи ислоҳоти ҷиддӣ дар бахши озодиҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ шавад.

Ин созмон мушкили кори журналистон, зиндонӣ шудан бо ангезаҳои сиёсӣ, масдудкунии сайтҳоро ҳамчун бахши муҳими мавриди ислоҳ ёд кардааст. Вале ба андешаи узви парлумони нав Саидҷаъфар Усмонов, интиқодҳои ин созмон асос надорад.

Созмони бонуфузи ҳомии ҳуқуқи инсон дар изҳороте, ки рӯзи 5-уми март дар вебсайти он нашр шуд, гуфт, натиҷаҳои интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми марти Тоҷикистон "пешгӯишаванда" буд ва ба он ҳама аъзои ҳизби ҳоким ва рӯ ба ҳукумат ворид шуданд. Вале бо ин вуҷуд, ба андешаи ин созмон, Тоҷикистон бояд аз пайи роҳандозии барномаи вижаи ислоҳкунандаи вазъи ҳуқуқи башар бошад.

Владислав Лобанов, муҳаққиқи масоили Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар дафтари HRW дар Берлин мегӯяд, ки бо вуҷуди чунин натиҷаҳо интихобот, мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла, ҳомиёни ҷасури ҳуқуқи башар дар дохил ва хориҷи кишвар, ҳукуматеро сазовор ҳастанд, ки ба ҳуқуқи бунёдии башар арҷ гузорад. Ӯ мегӯяд, ҳукумат бояд таваҷҷӯҳи байналмилалӣ ба интихоботи парлумониро барои таҳияи барномаи нави ҳуқуқи башар истифода кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

HRW гуфт, Тоҷикистон бояд барномаи нави ҳуқуқи башарро пиёда кунад

Лобанов дар як сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "пеш аз ҳама, бояд барои журналистон шароити кори озод ва бехатар фароҳам шавад, масдудкунии сайтҳо (YouTube, Facebook ва Радиои Озодӣ) хотима ёбад, зиндоникунии инсонҳо бар асоси парвандаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ бояд хотима дода шавад ва беш аз 150 зиндонии сиёсӣ озод шаванд. Инчунин, давлат ва мақомот бояд аз истирдоди фаъолон аз хориҷа даст кашанду наздикони онҳоро дар дохили кишвар фишор наоранд. Мақомот бояд мубориза бо хушунати хонаводагиро хотима дода, ингуна ҳодисаҳоро ҳамчун ҷиноят арзёбӣ кунанд".

Ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон ба ин гузориш вокуниш накардаанд.

Саидҷаъфар Усмонзода: Ин арзёбиҳо ҷиддӣ нестанд

Вале Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон, ки ин навбат ҳам дар интихоботи порлумонӣ соҳиби як курсӣ шуд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо интиқодҳои созмони Human Rights Watch розӣ шуда наметавонад, чунки, ба андешаи ӯ, ин дидгоҳҳо "асоси ҳуқуқӣ надоранд".

Ӯ дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ чунин гуфт, "ин чизҳое, ки пешниҳод мекунад, ин созмон, на ҳамаи ин то охир асоси ҳуқуқӣ дорад. То охир он чизҳоро наомӯхтаанд. Бо бисёр чизҳояш розӣ шудан мумкин нест. Ин давлати мустақил аст. Дар бораи зиндониҳои сиёсӣ мегӯянд. Онҳо омада делои ҷиноятиро баррасӣ накардаанд-ку. Намедонанд... Асоси ҳар як одамро чӣ хел ба маҳкама кашидаанд, ягон делои ҷиноятиро ягон кас наомӯхтааст, фақат аз даҳани мардум хулоса мебароранд? Як созмон метавонад ҳамин хел хулосаро дар бораи ҳукумат барорад аз даҳани мардум?"

Саидҷаъфар Усмонзода танҳо намояндаи ҳизби демократӣ дар парлумон шуд


Саидҷаъфар Усмонзода аз тадбирҳои сохторҳои интизомӣ дар амри ҷилавгирӣ аз он чи ки, ба гуфтааш, "ба амнияу суботи давлат хатар эҷод мекунад", ҳимоят кард. Ӯ гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон – як "давлати мустақил" аст, "амнияту суботро таъмин мекунад" ва намехоҳад, ки ҷавонони ин кишвар, ба гуфтааш, "ба ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ", олуда шаванд.

Тоҷикистон дар миёни гурӯҳи кишварҳои "Ноозод2-и Freedom House

Як рӯз пеш аз изҳороти Human Rights Watch созмони дигари ҳомии озодиҳои сиёсӣ “Хонаи озодӣ” ё Freedom House гузориши солонаи худро бо номи "Озодӣ дар ҷаҳон – 2020: Муборизаи бидуни раҳбар барои демократия" нашр ва аз миёни 195 кишвар Тоҷикистонро ба гурӯҳи кишварҳои “Ноозод” кард. Ин созмон гуфт, ки дар давоми 10 соли охир Тоҷикистон шоҳиди поинравии башиддати озодиҳои сиёсӣ шудааст.

Итихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми март баргузор шуд ва дар он аз 63 курсӣ аксариятро аъзои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва дигар ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат ташкил доданд. Танҳо ташаккули мухолифи ҳукумат – Ҳизби сотсиал-демократ ба парлумон роҳ наёфт ва раҳбарияти ин ҳизб гуфт, ки ба дуруст будани ҳисобу китоби натиҷаҳои интихобот эътимод надорад. Интихоботи соли 2020-и парлумонии Тоҷикистон барои нахустин бор бидуни ҳизби умдаи мухолифин -Наҳзати исломӣ баргузор шуд, ки соли 2015 мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд, худи ҳизб бо иттиҳомоти мақомоти тоҷик розӣ нест.