Раҳоии Насрин Сутуда ва як гурӯҳи маҳбусони сиёсӣ дар Эрон

Насрин Сутуда

Ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз ҷумла созмони Афви байналмилалӣ, аз раҳоии ҳудуди 12 маҳбуси сиёсӣ аз зиндонҳоиЭрон истиқбол карданд.
Дар қатори раҳошудагон вакили мудофеъ Насрин Сутуда ва сиёсатмадори ислоҳталаб Мӯҳсин Аминзода ҳам ҳастанд. Ин маҳбусон бо ҷароими амниятӣ, ки маъмулан алайҳи фаъолони сиёсӣ дар Эрон истифода мешаванд, ба муддатҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шуда буданд.

Раҳоии ин гурӯҳи маҳбусони сиёсӣ дар остонаи сафари раисиҷумҳури ҷадиди Эрон ба Ню-Йорк сурат гирифт. Қарор аст, Ҳасани Рӯҳонӣ ҳафтаи оянда дар Маҷмаъи умумии СММ ширкат ва суханронӣ кунад.

Муовини мудири барномаҳои Афви байналмилалӣ дар умури кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ Ҳасиба Ҳаҷ Саҳроӣ гуфт, раҳоии хонум Сутуда ва маҳбусони дигари сиёсӣ аломати “тағйири бунёдӣ дар сиёсати Эрон дар қиболи ҳуқуқи башар ва роҳҳои бархӯрди мақомот бо фаъолону мунтақидон аст.”
Хонум Саҳроӣ аммо инро ҳам сарфи назар накард, ки раҳоии ин маҳбусон шояд қадами ҳисобшудае барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомиа дар пешорӯи Маҷмаъи умумии СММ бошад.

Насрин Сутуда, ки ба ҳайси вакили мудофеъ аз ҳомиёни ҳуқуқи башар ва фаъолони ҷомиаи шаҳрвандии Эрон дифоъ мекард, соли 2010 боздошт ва моҳи январи соли 2011 ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар фаъолиятҳои мухолифи амнияти миллӣ ва тарғиботи зиддиҳукуматӣ муттаҳам мешуд. Вале тарафдоронаш мегуфтанд, яке аз сабабҳои аслии муҷозоти Насрин Сутуда –узвияти ӯ дар Маркази ҳомиёни ҳуқуқи башар аст, ки аз сӯи Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, таъсис шудааст. Ҳамчунин бо ҳукми додгоҳ хонум Сутуда барои 20 сол аз ҳаққи фаъолияти адвокатӣ маҳрум шуда буд.

Дар соли 2012 Сутуда ва коргардони маъруфи Ҷаъфар Паноҳӣ, ки низ маҳкум ба зиндон шуда буд, барандаи ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров шуданд. Ин ҷоизаи ба номи дигарандеши маъруфи Иттиҳоди Шӯравии пешинро парлумони Аврупо барои барҷастатарин ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон таъсис додааст.