Шаҳрдории Хуҷанд-маркази маъмурии вилояти Суғд, рамзи ин шаҳрро интихоб мекунад.
Чунин иқдоми соҳиби нишони хос кардани шаҳри худ дар Тоҷикистон нав аст ва дар маҳофили аҳли фарҳангу таърихшиносон ва рассомону адибони Суғд баҳсу гуфтугӯҳоеро гарм кардааст, ки рамзи Хуҷанд чӣ гуна хоҳад буд? Ба гуфтаи масъулони бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд, рӯзҳои наздик комиссияи вижаи босалоҳияти озмуни рамзи шаҳр, офаридаҳои иштирокдоронро қабул ва мавриди муҳокима қарор медиҳад.
Бахтиёр Қосимов, таърихшинос ва раҳбари шӯъбаи фарҳанги ҳукумати Хуҷанд дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфт, ин озмун ба хотири баланд намудани ифтихори миллӣ аз таъриху фарҳанги диёру шаҳри худ ва муаррифии он ба ҷаҳониён, роҳандозӣ мешавад. Вай афзуд: “Доштани рамзи шаҳри худ дар ҷаҳон роиҷ аст. Ман фикр мекунам, сокинони ҳар шаҳр таърихи шаҳр, ба қавле ҳафт пушти худро донанд, ин хуб аст. Ба ифтихороти миллии онҳо меафзояд. ”
Ба гуфтаи ҷаноби Қосимов, роҳро ҷиҳати ифтихор аз таърих, фарҳангу адаби миллӣ, болоравии рӯҳияи миллии тоҷикон дар солҳои 80 - уми асри гузашта ва касби истиқлолияти Тоҷикистон, ҳамвор кард. 5-ум феврали соли 1989 шаҳри Хуҷанд, ки замони шӯравӣ Ленинобод шуда буд, дар пайи раъйпурсии ҳамагонии сокинони ин шаҳр дубора номи таърихии худро бозгардонд. Мусоҳибам афзуд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди даҳ нафар рассомон дар ҳамдастӣ бо таърихшиносону дигар намояндагони фарҳангу адаб тарҳҳои рамзи Хуҷандро офаридаанд. Ва онҳоро рӯзҳои наздик комиссияи озмун дар як вақт қабул хоҳад кард.
Акбар Маҳмудов, раиси бахши вилоятии иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон яке аз онҳоест, ки мегӯяд, ду тарҳи рамзи Хуҷандро аз диди худ омода ва ҳоло такмил мекунад. Вай афзуд: “Чунки офаридани рамзи шаҳри Хуҷанд, ки таърихи 2500 сола дорад, кори саҳлу осон нест. Яке аз маъниҳои шаҳри Хуҷанд “офтобрӯя” аст. Ва ман бисёр мехостам бо як-ду ишора шаҳри азизон, шаҳри рӯ ба офтоб будани Хуҷандро дар тарҳҳоям инъикос кунам. Чи хеле ки шоира - Фарзона мегӯяд, “Хуҷанди ман, Хуҷанди ман, ту эй шаҳри баланди ман, Ту эй хуррамшаҳри гулшани ойинабанди ман! ”
Ба гуфтаи мусоҳибам, сари он, ки рамзи Хуҷанд чӣ гуна бошад, олимону донишмандони бахшҳои мухталиф ва довталабони иштирок дар озмун дар як ҷаласаи машваратӣ моҳи октябр, дар пайи эълони озмуни рамз ё нишони Хуҷанд баҳсу гуфтугӯҳое гарм сурат гирифтааст.
Бархе таърихшиносон гуфтаанд, дар рамзи Хуҷанд бояд осори бостонӣ, мисли қалъаи Хуҷанд, ки бозмондаҳояш боқист, ҷой ёбад. Бархе бозтоби дастовардҳои илмии олимони ин шаҳр, мисли устурлоби ситорашинос ва математики асри 10-и тоҷик, Маҳмуди Хуҷандиро, ки устурлобсозӣ дар Аврупо аз рӯйи он ҳусни сурат бастааст, пешниҳод кардаанд. Бархе бар онанд, ки дар рамз бояд вижагиҳои фарҳангу суннати мардуми тоҷик дар Хуҷанд инъикос ёбад.
Дар ҳоли ҳозир Хуҷанд чун дигар шаҳрҳои кӯҳнаву нави Тоҷикистон рамзи худро надорад. Сокинони маркази вилояти Суғд аз муассамаи Лочини маҳаллии Балобак, ки бо пойҳои худ мори сиёҳеро мефишорад ва дар даромадгоҳи Хуҷанд гузошта шудааст, чун рамзи шаҳр ном мебаранд. Вале он расман ҳамчун рамзи Хуҷанд пазируфта нашудааст. Хуҷанд охири соли равон баъди ҷамъбасти озмун, соҳиби рамз ё нишони худ хоҳад гашт.