Тасаллият бинависем ё таслият, қулф гӯем ё қуфл?

Адиб ва донишманди тоҷик тоҷик Рустами Ваҳҳоб дар китоби нави худ бо номи "Дуруст бинависем" ба мисли ин даҳҳо ғалату иштибоҳро гирдоварӣ карда, шаклҳои дурусту саҳеҳ ва мавқеи корбурди онҳоро пешниҳод кардааст.

Рӯнамоии китоби тозанашри Рустами Ваҳҳоб, адиб ва донишманди тоҷик бо номи "Дуруст бинависем" рӯзи 5 ноябр дар толори Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон дар Душане сурат гирифт ва бархе аз аҳли адаб аз чопи ин китоб пуштибонӣ карданд. Дар ин китоб муаллиф даҳҳо ғалату иштибоҳи нависандагон, рӯзноманигорон ва сокинонро гирдоварӣ карда, шаклҳои дурусту саҳеҳ ва мавқеи корбурди онҳоро пешниҳод кардааст.

Гулрухсори Сафӣ, шоири шинохтаи тоҷик гуфт, ки ин китоб танҳо ғалатгирӣ набуда, балки як рисоли комил барои ҳимоят аз забони тоҷикист. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир забон ба ғамхорӣ ниёз дорад. Гулрухсори Сафӣ дар идома аз вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хост, барои тақвияти дониши забонии хонандагон, таълими ин китобро дар макотиб низ ба роҳ бимонанд.

Дар ҳамин ҳол Абдулҳамиди Самад аз нависандагони маъруфи тоҷик ҳам таъкид кард, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки бахшҳои суханшиносӣ ва рӯзгоманигорӣ дар бисёре аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар вуҷуд доранд, тавзеъи ин китоб дар муассисаиҳои олии таълимӣ низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

“Дуруст бинависем”-дар ҳоле дар шакли як китоб ба дасти хонанда мерасад, ки бисёре аз қисматҳои он дар шаклҳои алоҳида дар сафҳаи ҳамномаш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук тайи ду сол боз нашр шуда, дар пайи онҳо баҳсҳои мухталиф низ сурат гирифтааст. Ин китоб бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти “Сухан” рӯи чоп омадааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муаррифии "Дуруст бинависем"-и Рустами Ваҳҳоб дар Душанбе