Ҳушдори падари тоҷик аз кӯдакозорӣ

Ноябри соли 2013 мақомоти полис дар Тоҷикистон аз боздошти як педофили 28-сола хабар доданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳқиқи ҳодисаи талоши дастдарозии як мард ба духтарчаи 10-сола дар Душанберо шурӯъ кардааст. Дар бораи ин ҳодиса полис дар паи шикояти падари духтари наврас огаҳӣ ёфт. Пулис ин ҳодисаро ҳамчун “ҷинояти бадахлоқона” сабт карда, минтақаеро, ки ҳодиса дар он ҷой рух додааст, таҳқиқ мекунад.

Дар як ҳодисаи камназир як падари тоҷик аз таҳдид ба ҷони духтараш кардани як марди ношиносе ошкоро ҳушдор додааст. Журналист Набӣ Юсуфов, як корбари шабакаи Фейсбук рӯзи 27 октябр дар саҳфааш аз талоши дастдарозии марди ношиносе ба духтараш хабар дод. Ин падар

Бояд волидон кӯдакони худро беназорат нагузоранд, ба ҳар нафар бовар накунанд ва барои кӯдак тарбияи хурдани шириниву рафтор бо афроди бегонаро омӯзанд. Оддитарин баҳонаи моил кардани кӯдак ин пешниҳоди ширинӣ ё бозичаҳост

навишт, ки духтари 10–солааш дар дохили бинои истиқоматӣ мавриди ҳамлаи марде қарор гирифтааст, ки мехост ба ӯ дастдарозӣ кунад. Хушбахтона, духтараки ноболиғ осеби ҷисмоние надидааст, вале ба навиштаи падар, хеле сахт тарсидааст. Ин ноболиғи 10-сола бо гузашти чор рӯз аз ҳолати шок берун омада, акси “марди гумонбар”-ро тасвир кардааст.

Дар аксар ҳолатҳо волидоне, ки духтарони ноболиғашон мавриди ҳамлаи мардони ҷиноятпеша ваё педофилҳо қарор мегиранд, барои шармсор нашудани худу фарзанд, дар бораи ин ҳодиса лаб намекушоянд. Аммо мақомот ва ҳам равоншиносон мегуянд, ин мавқеъ комилан нодуруст аст ва фош шудани чунин ҳодисаҳо ба фоидаи ҳама аъзои ҷомеа мебошад: кӯдак метавонад аз ин ҳодиса дарси муқовимату наҷот аз дасти афроди хатарнокро биомӯзад, бонги изтироби волидон метавонад аз такрори фоҷеаи дигар бо кӯдаки дигар ҷилавгирӣ кунад ва ҳам ба сохторҳои ҳифзи қонун дар боздошти афроди ҷиноятпеша мусоидат кунанд.

68 ҷинояти ахлоқӣ дар соли ҷорӣ

Танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 68 ҷинояти ахлоқӣ сабт шудааст, ки бештари маврид он марбут ба «ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта», яъне зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон будааст. Ин танҳо оморест, ки дар пайи содир шудани ҷиноят сабт шудааст.

Духтари 10-солаи Н.Юсупов симои марди эщтимолии ҳамлагарро мувофиқи тахайюли кӯдаконаи худ кашидааст

Як корманди вазорати дохилаи Тоҷикистон, ки бо парвандаҳои марбут ба педофилия сару кор дорад, рӯзи 31 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар дар солҳои 2014 то 2016 дар аксар мавридҳо ҷиноятҳои марбут ба дастдарозӣ ва ё таҷовузи кӯдакон аз сӯи афроди барои онҳо шинос содир мешуд, аммо дар як соли ахир чунин ҳодисаҳо аз суи афроди барои кудакон бегона сабт шудааст.

Ин муфаттиш, ки нахост номаш гуфта шавад, худаш ду парвандаи марбут ба педофилияро таҳқиқ кардааст. Вай мегӯяд, ҷиноятҳои дастдарозии мардони бегона ба ноболиғон бештар аз суи собиқ маҳбусон содир мешавад, ки дар гузашта бо ҷурми таҷовуз ба номус ва бачабозӣ зиндонӣ шудаанд. Ҳамчунин ба таъкиди ин муфаттиш афроди муттаҳам дар «педофилия» аксаран маълумоти олӣ надоранд, аз лиҳози равонӣ қисман носолим ва нафарони бекору камсавод будаанд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, баъзан ҳатто чунин афрод ҳангоми бозпурсиҳои пулис изҳори пушаймонӣ намекунанд ва инро “ба худ як кори маъмулӣ медонанд”.

Равоншиносон мегӯянд кӯдаконе, ки мавриди ҳамлаи педофилҳо қарор мегиранд, дар баробари озори ҷисмонӣ, осеби шадиди равонӣ мебинанд ва бархе як умр таҳти таъсири ин ҳодиса мемонанд.

Тарзи рафтори кӯдак дар ҳолати хатар

Равоншиноси тоҷик Маҳмудшоҳ Кабиров мегӯяд педофилҳо гирифтори бемории равонӣ ҳастанд ва симои ноболиғ дар шуури чунин афрод як василаи шаҳвонӣ нақш бастааст. Ин равоншинос дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт аз назари равонӣ “педофилияи ниҳонӣ”-ро дар инсонҳо ошкор кардан кори осон нест ва ин масъаларо равоншиносони замони шӯравӣ ҳам ҳамчун як мушкил дарк карда буданд.

Аммо мешавад аз чораҳои пешгирикунандаи ин ҳодисаҳо кор гирифт, таъкид кард ӯ. “Бояд волидон кӯдакони худро беназорат нагузоранд, ба ҳар нафарбовар накунанд ва барои кӯдак тарбияи хурдани шириниву рафтор бо афроди бегонаро омӯзанд. Оддитарин баҳонаи моил кардани кӯдак ин пешниҳоди ширинӣ ё бозичаҳост”, - гуфт ӯ.

Маҳмудшоҳ Кабиров

Ба гуфтаи ин равоншинос, агар аз як сӯ педофилҳо аз оҷизии кӯдакон барои содир кардани амали нопокашон истифода баранд, аз сӯи дигар ноболиғон бинобар ноогоҳии худ ба доми чунин наврасони ҷиноятпеша меафтанд.

Равоншиносон барои роҳ надодан ба фоҷеа машварат медиҳанд, ки дар хона кӯдакон “дарси амният гузаранд”: ҳар кӯдак бояд донад, ки дар макони хилват набояд бо шахси бегона танҳо бимонад, масалан дар лифт ё хонае, дар сурати эҳсоси равонии хатар аз фарди ношиносе фавран амал кунад – дод гӯяд, фирор кунад ва талош кунад, ки ба сӯи худ таваҷҷӯҳи дигаронро ҷалб кунад. Бархе дигарҳо машварат медиҳанд, ки дарси амнияти хусусӣ метавонад аз дарси муқовимати ҷисмонӣ ё варзиш ҳам иборат бошад, то ки кӯдак аз зарба задан ба ҳамлагари ношиносе наҳаросад.

Ҳама ҳаракати кӯдак бояд зери назорат бошад

Вокунишҳо ба дастдарозии мардон ба номуси духтарони ҳанӯз, ба балоғат нарасида дар Тоҷикистон нарм нест.

Ҷомеашиносон беназоратии кудаконро сари ин омил зиёд таъкид мекунанд, ки нақши хонавода, махсусан нақши падар, ки дар тарбияи фарзандон бузург аст, камранг шудааст. Ҷомеашинос Маҳбуба Алиева мегуяд, баъди муҳоҷирати падарони хонавода ки сиёсату тарбия ва насиҳатҳои падар, ки дар хонаводаҳои суннатии Тоҷикистон нақши умда дорад, тарбияи фарзандон ба дӯши модарон, ки аксаран маълумот надоранд, бор мешавад.

“Гоҳҳо модарон соатҳои дароз паси гапҳои беҳуда вақти худро сарф мекунанд ва ҳатто парво надоранд, ки фарзандашон куҷо аст. Ё ба хотири ором кардани асаби худ, кудакро ба куча мефиристанд ва соатҳо зери оинаи нилгун сериалҳоро тамошо мекунанд. Муҳим нест, ки бача куҷо аст, кай ба мактаб рафту кай омад” - нигаронӣ мекунад ин ҷомеашинос.

Аммо падарону модарон бар ин назаранд, ки дар баробари маъсулияти волидайн, бояд масъулияти кӯдакистону мактаб ва муҳит низ бештар карда шавад ва барои саҳлангорӣ мактаб низ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Қонунҳои Тоҷикистон педофилия ё озори ҷинсии кӯдаконро ҳамчун ҷинояти сангин арзёбӣ мекунад ва барои муҷримон аз 15 то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.