Чӣ бояд кард, ки дар ҷараёни табобати як беморӣ, ба вируси хатарноки дигар олуда нашавӣ?
Ин суол имрӯз бисёр шаҳрвандонро гирифтор ва ҳатто ба безарар будани дандонпизишкӣ машкук кардааст. Нигарониҳо бештар аз қиссаҳои талхи баъзе шаҳрвандон ба бор меоянд, ки мегӯянд, баъди истифода аз хадамоти тиббӣ, дар муассисаҳои хусусиву давлатӣ ба маризиҳои табобатнашаванда гирифтор шудаанд. Ҳоло агар мушоҳида карда бошед, бисёр корафтодаҳо ҳангоми истифодаи хадамоти тиббӣ бо худ сӯзан, пахта ва таҷиҳизоти дигар мегиранд ва аз духтур дархост мекунанд, ки аз ин маҳсулот истифода шавад.
Миҷгона, як сокини Душанбешаҳр, мегӯяд, як иштибоҳи кӯчак, яъне бо худ надоштани сӯзандорӯи якдафъагӣ ҳангоми хунгузаронӣ ӯро ба маризии хатарнок гирифтор кард. “Баъди шаш моҳи ташхис дар беморхонаи дигар маълум шуд, ки ман гирифтори Ҳепатити навъи В шудаам. Ба хулоса омадам, ки ман дар ҳамон беморхона заҳролуд шудам. Чунки вақти ташхис онҳо аз асбоби худашон истифода бурдаанд”.
Аммо Аъзам Мирзоев, ноиби вазири беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ беморе дақиқ гуфта наметавонад, ки вирусро аз куҷо гирифтааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, “Имрӯз дар Тоҷикистонон дастгоҳу ташхисгоҳе надорем, то дақиқ кунем, ки мӯҳлати сироятёбии фард дар 1 то 3 моҳи ахир будааст. Аз ҳамин сабаб мо гуфта наметавонеам, ки масалан, кӯдак дар куҷо сироят ёфт”.
Аз сӯи дигар барои як нафар, ки дар як сол аз ду хадамоти тиббӣ истифода кардааст, магар тахмин задан душвор аст, ки вирусро аз куҷо гирифтааст?
То ҳол баҳси вазорат бо даъвогарон бештар худсафедкуниро мемонад. Дар
ҳоле, ки эътироф ва ислоҳи вазъият шояд битавонад садҳо нафари дигарро аз заҳролудшавӣ наҷод диҳад.
Аъзам Мирзоев гуфт, ки ахиран волидайни чор кӯдак табибонро бо сирояти фарзандонашон бо ангезаи бемории норасоии масунияти бадан муттаҳам карданд, вале таҳқиқи вазорат посухи онро пайдо накард, ки воқеан ин кӯдакон “кай ва дар чӣ шароите гирифтори ин ангеза шудаанд". Ба гуфти Мирзоев, тамоми кӯдаконе, ки ҳамроҳ бо чаҳор кӯдаки ёдшуда дар як вақт муолиҷа мешуданд, аз назорати ходимони соҳаи тандурустӣ гузаштаанд, вале ангезаи ВИЧ СПИД дар ҷисми ҳеҷ нафари онҳо ташхис нашуд. Ҳоло ба навиштаи хабаргузории “Азия-Плюс” додситонии ноҳияи Синои Душанбе аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Аъзам Мирзоев даъвои шаҳрвандонро, ки мегӯянд, ҳодисаҳои заҳролудшавӣ дар муассисаҳои тиббӣ бештар шудаанд, рад мекунад ва мегӯяд: "Болоравии ин бемориҳо қариб, ки дида намешавад. Агар соли 2011-ум дар ҷумҳурӣ 73 ҳодисаи гирифтории шаҳрвадон ба бемории Ҳепатити С мушоҳида шуда бошад, соли 2012-ум мо шоҳиди 79 ҳодисаи гирифторӣ бо ин навъи Ҳепатит шудем. Вале ҳамаи ин ҳодисаҳо дар шароите ба қайд гирифта шудаанд, ки худи шаҳрвандон ба идораҳои тиббӣ муроҷиат кардаанд”.
Мирзоев хотирнишон кард, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 3900 нафар мубталои ангезаи норасоии масунияти бадан ба сар мебарад, ки ба таъкиди ӯ, “ҳеҷ кадоми онҳо дар шифохонаҳои Тоҷикистон заҳролуд нашудааст”. Масъули тоҷик бори дигар ёдрас намуд, ки дар расонаҳои Тоҷикистон дастури Вазорати тандурустӣ дар бораи манъи ришгирӣ бо теғҳои хатарнокро мавриди шӯхиву масхара қарор доданд, дар ҳоле ки ин яке аз роҳҳои соддатарини сирояти бемориҳои гузаранда аст.