Соҳибкори тоҷик, молик ширкати "Нури ёвар", ки таваққуфгоҳи назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо дар ихтиёри ӯст, аз кӯшишҳои ғасби рейдерии моликияташ шикоят дорад. Файзулло Неъматуллоев аз соли 2006-ум таваққуфгоҳи назди фурудгоҳро дар ихтиёр доштааст ва онро аз аслаш васеътар кардааст.
Аммо ба таъкиди ин соҳибкори тоҷик, бо иваз шудани роҳбарияти фурудгоҳ дар поёни моҳи январи соли равон, мушкилоти ӯву ширкаташ оғоз шуданд: “Аз болои ширкати мо ба Прокуратура, Оҷонсии зидди фасод ... нома навишта талаб карданд, ки нисбати мо парванда кушода, фаъолиятамонро қатъ кунанд. Аммо муфаттишони ин ниҳодҳо фаъолияти моро санҷида диданд, ки фаъолияти мо қонунӣ аст. Аз ин роҳ, ки нашуд, баъд рӯзи 14-уми июн бо мошину кран балкаҳои бетони оварда, бо кӯмаки милисаҳо пеши роҳи таввақуфгоҳи моро бастанд.”
Ин соҳибкори тоҷик дар садад аст дар ҷойи ин таваққуфгоҳ як таваққуфгоҳи замонавии сеошёна ва ҳамчунин барои меҳмонони фурудгоҳ, мехмонхона созад. Ба ин мақсад Неъматуллоев бо беш аз 650 ҳазор сомонӣ замини таваққуфгоҳоро тавассути тендери давлатии эълонкардаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ харидааст.
Неъматуллоев ин талошҳои роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалиро як навъ талоши зӯран аз дасти вай гирифтани таваққуфгоҳ ва ё ғасби рейдерии он медонад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин иддаоҳои Неъматуллоев асосе надоранд, вале аз шарҳи бештари ин қазия худдорӣ варзида ва гуфтанд, беҳтар аст ин соҳибкор бо роҳбарияти фурудгоҳ сари мизи музокирот биншинад ва роҳи мусолиматомези ин моҷароро пайдо кунад.
Шикваи ин соҳибкори тоҷик аз фишору талоши зӯран аз дасташ гирифтани бизнесаш, ки солҳо онро ривоҷ додааст, ягона нест. Солҳои охир шикваҳо дар мавриди ғасби рейдерии моликият, хонаву манзил ва бизнес дар Тоҷикистон аз ҳарвақта бештар садо медиҳанд.
Матбуоти маҳаллӣ тайи ҳадди ақал панҷ соли охир дар мавриди қазияҳои марбут ба шабакаҳои фурӯшгоҳҳои "Орима", бозори "Ином" дар Шаҳритуз, бозори "Сомон" дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд матлабу гузоришҳо пахш карда буд, ки гуфта мешуд ин тиҷоратҳо мавриди ғасби рейдорон қарор гирифтанд.
Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ мегӯяд, дар кишвар заминаҳои қонунии ҳифзи моликият ба вуҷуд омадаанд, аммо дар амал ба чанд далел он пурра амал намекунад: “Дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии кафолати ҳифзи моликияти хусусӣ вуҷуд дорад. Аммо гурӯҳҳои алоҳида бо истифода аз муносибатҳои шахсиашон ва коррупсия, моликияти бархе аз соҳибкоронро аз они худ мекунанд. Ин баёнгари ба таври бояду шояд амал накардани институтҳои рияои қонун дар Тоҷикистон аст....”
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҳанӯз 26 сол қабл бо қабули Конститутсия ҳифзи моликияти хусусиро кафолат дода буд. Дар моддаи 12-уми Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки қонун “ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст.”
Аммо ин банди қонуни асосии Тоҷикистон инак чаҳоряк аср аст, ки соҳибони моликияти хусусиро натавонистааст аз чанги мансабдорони баландпоя, афроди наздик ба онҳо ва пайвандонашон, эмин нигоҳ дорад.