Сухан ва амал дар ҷабҳаи зидди "Давлати исломӣ"

Шоми 5 август телевизионҳои Тоҷикистон филми "Пушаймонӣ аз Сурия"-ро намоиш медиҳанд, ки қарор аст, пайомадҳо ҷалб шудани шаҳрвандони ин кишварро ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" бозтоб диҳад.

Ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пешгирӣ аз ҷалб шудани ҷавонон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз василаҳои худ истифода мекунад. На танҳо муҷозот, балки омӯзониши шаҳрвандон ва таблиғоти зидди тундгароӣ. Агар дар Тоҷикистон тамаркуз рӯйи филму намоишҳои телевизионӣ ва мулоқоти мақомот бо падару модарон ва ҷавонон бошад, дар кишварҳои ҳамҷавори он аз василаҳо гуногун кор гирифта мешавад.

Кӯҳансолону фаъолони маҳаллаҳои Узбакистон барои тарғибот алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” санади расмӣ дарёфт карданд. “Сертификат” ба онҳо ҳақ медиҳад, ки дар маҳаллаҳои худу ҳамсоя бо афроди озими кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ба Ховари Миёна, сӯҳбати расмӣ кунанд ва аз қасди сафарашон огаҳ шаванд. Сӯҳбат ба мавзӯи гурӯҳҳои тундраве чун “Давлати исломӣ” мепечад ва “агитатор”-ҳо дар омади гап аз пайомадҳои номатлуби пайвастан ба ин гурӯҳҳо ҳушдор медиҳанд. Масъулони Бунёди хайрияи давлатии “Маҳалла”, муаллифони ин тарҳ, дар сӯҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки оқсақолҳову фаъолон аз вазъи маҳаллаҳо огаҳанд ва медонанд, ки киҳо ба хориҷа мераванду киҳо бо кадом таассурот аз хориҷа баргаштаанд. Як ҳафтаи машғулиятҳо бо кормандони амниятӣ ва милиса имкон медиҳад, ки тарғибгарон дар шинохти ифротгароҳо ба иштибоҳ роҳ надиҳанд.

Ошкор шудани ширкати ҳазорҳо ҷавонон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва тарси ба минтақа баргаштани онҳову сар задани ҷангу ҷидол дар минтақа ҳукуматҳои Осиёи Марказиро барои роҳандозии маъракаи густурдаи тарғибот алайҳи ин гурӯҳ водор сохт. Гурӯҳи байнумилалии бӯҳронҳо дар гузориши ахири худ гуфт, ки тайи се соли ахир тақрибан 4 ҳазор нафар аз сокинони Осиёи Марказӣ вориди сафҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” шуданд. Миёни онҳо аз ҳама бештар – тақрибан 2500 нафар шаҳрвандони Узбакистон ва узбакзабонҳои Қирғизистону Қазоқистону Тоҷикистонанд. Зимнан, Узбакистон ягона кишвари Осиёи Марказист, ки шаҳрвандонаш бояд иҷозаи сафар ба хориҷа ё "раводиди хуруҷ"-ро бигиранд.

ТАҒЙИР ДАР ҚОНУНГУЗОРИҲО

Дар ду соли охир дар кишварҳои минтақа қонунҳои зиддитеррористӣ ташдид ёфтанд – соли гузашта Узбакистон қонуни таҳсил дар донишгоҳҳои низомии кишварҳои хориҷиро такмил кард, дар Қазоқистону Тоҷикистон муҷозот барои ширкат дар ҷангҳо дар хоки бегона сахттар шуд. Як ҳафта пеш Алмосбек Атамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон иловаеро ба қонуни ҷиноӣ имзо намуд, ки он барои ширкат дар ҷангҳо дар кишварҳои хориҷӣ аз 8 то 15 соли ҳабсро пешбинӣ кардааст. Зимнан, дар Тоҷикистон муҷримон дар ин аъмолро метавонанд ба мӯҳлати аз 12 то 20 сол равонаи зиндон кунанд.

Дар Тоҷикистон тарғиботи зидди тундгароӣ аз ...боғчаи бачагон шурӯъ мешавад, мегӯяд таҳлилгари масоили амниятӣ Маҳдии Собир. Дар Қазоқистону Қирғизистону Узбакистон муҳассилини мактабу донишгоҳҳоро пайваста ба нишастҳое дар робита ба таҳдидҳои гурӯҳҳое ситезаҷӯ даъват мекунанд. Дар ҳама кишварҳои минтақа дар намозҳои ҷумъа ва панҷвақтаи мсоҷид имом-хатибҳо маъвизаҳои худро ба хатари гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебахшанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон чанд мулоқоти оммавииро бо ҷавонони аз “ҷиҳод” дар Сурия пушаймоншуда доир намуд.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло тақрибан 35 нафар бо эҳсоси пушаймонӣ аз “Давлати исломӣ” ба ватан баргаштанд ва даҳҳо нафари дигар ҳангоми қасди сафар ба Сурия дар хоки Тоҷикистон боздошт шуданд. Акнун кор дар самти муқаррар кардани макони будубоши ҷавононе идома дорад, ки моҳҳо боз аз Русия бо волидайнашон дар Тоҷикистон тамос надоранд ва танҳо тахмин зада мешавад, ки онҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Тафтиш дар аксар фурудгоҳҳои Осиёи Марказӣ ҳам шадидтар шудааст, ҳарчанд сафар ба Сурия тавассути Истамбул ҳоло ҳам як кори сода аст– шаҳрвандони ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаққи вуруди бидуни раводид ва то 30 рӯз дар Туркия монданро доранд.

МӮҲРИ "КОМИЛАН МАХФӢ"

Дар ҳамин ҳол Туркманистон ягона кишвари минтақа аст, ки мақомот ба ҳама иттилоъ дар бораи ширкати шаҳрвандонаш дар ҷангҳои Сурияву Ироқ мӯҳри “комилан махфӣ” зада, аз ошкор кардани роҳҳои пайвастани туркманҳо ба ин гурӯҳ ва мавҷудияти “военком”-ҳои ҷиҳодӣ барои ҷалби ҷавонони туркман сарпечӣ мекунанд. Манбаъҳои ғайрирасмӣ теъдоди туркманҳо дар сафҳои “Давлати исломӣ”-ро каме бештар аз 300 нафар мегӯянд. Яке аз онҳо Равшан Қазоқов соли гузашта аз сӯи мақомоти амниятии Сурия боздошт шуд ва иқрор кард, ки “амир”-и 35 ҷиҳодии туркман буд.

Моҳи феврали соли равон дар як амалиёти вижаи мақомоти амниятӣ дар вилояти Теҷен даҳҳо нафари гумонбар дар тундгароӣ боздошт шуданд. Ҳар марди ҷавону миёнасоли ришдор чун ситезаҷӯи эҳтимолӣ мавриди бозпурсии мақомоти амниятӣ қарор мегирад, мегӯяд хабарнигори туркман Гузел Худойбердиева. Зимнан, марзҳои ҷанубии Туркманистон осебпазиртарин дар минтақа маҳсуб мешаванд ва ҳафтаи ахир дар бораи дар он сӯи сарҳад ҷамъ омадани ситезаҷӯёни гурӯҳҳои “Толибон”-у “Давлати исломӣ” хабарҳо мерасанд. Дар Ишқобод дарк мекунанд, ки дар ин вазъ афзоиши ҷонибдорони гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар дохили кишвар ба нафъашон нест.

САМАРАИ ТАЛОШҲО

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани раванди пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар се моҳи ахир хабар медиҳанд, бештари таҳлилгарон комёб шудани “чорабиниҳо”-и зиддитеррористии ҳукуматҳои минтақаро зери суол мебаранд. Тарғибот гӯё аз китобу дастурҳои замони шӯравӣ рӯбардор шудааст ва он бештар ба хотири ҳисобот анҷом мешавад, мутмаин аст хабарнигор ва таҳлилгари муқими Тошканд Сергей Ежков. Ягона чораи нисбатан муассир - шояд сахттар кардани муҷозот барои ширкат дар "ҷангҳои бегона" бошад, ҳарчанд то куҷо татбиқ шудани он ҳам маълум нест, зеро то ҳол бештари афроди бо пушаймонӣ аз Сурия баргаштаро афв кардаанд. Бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон ваъда додаанд, ки афроди аз сафҳои "Давлати исломӣ" фирорнамударо ҷазо намедиҳад.

Аз сӯи дигар, ниҳодҳои амниятии минтақа барои ҳамоҳанг накардани фаъолияташон дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои гурӯҳҳое чун “Давлати исломӣ” танқид мешаванд. Ягона намунаи ин ҳамоҳангӣ амалиёти муштараки ахир миёни нерӯҳои амниятии Қазоқистону Қирғизистон дар чанд рӯзи пеш буд, ки аз ҳамлаи террористии як гурӯҳи иборат аз шаҳрвандони ҳарду кишвар дар Бишкек ҷилавгирӣ карданд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки то ҳол мақомоти амниятӣ на дар чаҳорчӯби Паймони амнияти дастаҷамъӣ, на дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай мавзӯи посухи муштарак ба "Давлати исломӣ"-ро баррасӣ накардаанд. Узбакистон аз ҳама бештар дар бораи мушкили терроризму ифротгароӣ ҷор мезанад ва аммо аз ҳамдастӣ бо ҳамсояҳо дар мубориза бо ин падидаҳо парҳез мекунад. Ва ин дар ҳоле, ки аз нигоҳи таҳлилгари қазоқ Досим Сатпаев, бидуни ширкати Узбакистон муборизаи минтақаӣ бо терроризму ифротгароӣ комёбу муассир нахоҳад буд. “Ҳоло аз сӯи Тошканд иттиҳомҳое дар бораи талошҳои нокоми сохторҳои қудратии кишварҳои минтақа дар роҳи ҷалби мардуми Осиёи Марказӣ ба ҷанги Сурия садо медиҳад, аммо фаромӯш мекунад, ки замоне маҳз мақомоти Узбакистон барои зуҳури гурӯҳҳои исломӣ ва терроризму ифротгароӣ дар минтақа шароит фароҳам кард ва акнун “Ҳаракати исломии Узбакистон” ҳамроҳ бо ситезаҷӯён аз “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон, дар марзҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ камин гирифтааст”, мегӯяд Досим Сатпаев.

НАТИҶАҲОИ БАРЪАКС

Ба суоли “Оё ҷилавгирӣ аз пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав бо манъ кардану маҳдудсозиҳо мумкин аст?” таҳлилгарон умдатан ҷавоби манфӣ медиҳанд. Аз нигоҳи онҳо, фақат як роҳи муассири ҷилавгирӣ аз пайвастани мардум ба сафи ситезаҷӯён мавҷуд аст – муҳайё кардани шароити беҳтари кору зиндагӣ барои мардум.

Сергей Ежков мутмаин аст, ки агар кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Узбакистон, барои зиндагии хуб мувофиқ бошанд ва агар шахс зарур буданаш барои замини аҷдодиву пайвандонашро эҳсос кунад, фикри ба ҷанг дар дигар кишвар рафтанро ба зеҳнашон роҳ намедиҳад. Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, мегӯяд, то он замоне, ки мардум пойбанди мушкилоти иқтисодиянд ва озодиҳои сиёсияшон поймол мешаванд, як теъдод аз афроди норозӣ ба гурӯҳҳои террористиву ифротгаро рӯ меоваранд. Роҳандозии ислоҳот дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ - роҳи ягонаи элитаи Осиёи Марказӣ барои ҷилавгирӣ аз раванди пайвастани мардум ба сафи гурӯҳҳои террористиву тундрав аст, раванде, ки шояд фардо-пасфардо пояҳои қудрати ҳукуматҳои худкомаро ба ларза дарорад.

Артем Улунян ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ ба як нуктаи дигар - бознигарии мавқеашон ба исломи сиёсиро ҳам тавсия мекунад. Агар муносибат ба исломи сиёсӣ ва тағйир нахӯрад ва дар маҷмӯъ дар минтақа ба арзишҳои воқеии динӣ арҷ гузошта нашавад ва маҳдудсозиҳову “риштарошиҳои иҷборӣ” идома кунад, тарғибу ташвиқ асари зиёд нахоҳад дошт, мегӯяд ӯ.