Мақомоти пойтахти Русия тасмим гирифтаанд, барои муҳоҷирони корӣ меҳмонхонаҳои нав бунёд кунанд.
Бар асоси нақшаи шаҳрдории Маскав, то соли 2016 барои шаҳрвандони хориҷӣ ва он афроди бешаҳрванд, ки дар пойтахти Русия бар сар мебаранд, 11 меҳмонхона сохта мешавад. Бино бар ин нақша, то соли 2025 теъдоди ин меҳмонхонаҳо ба 17 адад хоҳад расид.
Светлана Мудрая, як масъули матбуотии шаҳрдории Маскав, ба "Известия" гуфтааст, ин иқдом бар асоси ду нақшаи давлатӣ дар бораи бинои меҳмонхонаҳо, рӯи даст гирифта шудааст.
Дар ҳоли ҳозир бино ба иттилои бахши меъмории шаҳрдории Маскав, дар пойтахи Русия 369 меҳмонхона фаъолият менамояд ва қарор аст то соли 2025, сесаду панҷоҳу панҷ иншооти монанд ба меҳмонхона бунёд шавад. Ба ин тартиб, 17 то аз ин меҳмонхонаҳо барои муҳоҷирони корӣ ихтисос хоҳанд ёфт ва дар ҳар як утоқ шаш нафар ҷойгир хоҳанд шуд.
Тибқи ин нақша, меҳмонхонаҳо барои муҳоҷирон дар мавзеъҳои берун аз шаҳр ва умдатан дар минтақаҳои саноатӣ бунёд хоҳанд шуд. Аз ҷумла, дар минтақаи саноатии шумораи 8, мавсум ба "Дегунино-Лихоборы" дар шимоли пойтахт, дар масоҳати 3,3 ҳазор метри мукааб чунин меҳмонхона қомат хоҳад афрохт.
Ба гуфтаи Александр Гончаров, муовини раиси «Масквастройинвестмент», дар ҳоли ҳозир ҳама қитъаҳои замин барои сохтмони меҳмонхонаҳо дар музояда гузошта мешавад. Вай гуфтааст, дар вақти тақсими замин ба сармоягузорон имтиёзҳо дода мешавад ва бино ба тахмини коршиносон, барои ҳар сохтмон дар як сол ҳудуди як миллион рубл ниёз ҳаст. Як муҳоҷири тоҷик аз ин иқдоми шаҳрдории Маскав истиқбол кард, ба шарте ки ба гуфтаи ӯ, нархи меҳмонхонаҳо аз манзили иҷора қимат набошанд.
Аммо Гавҳар Ҷӯраева, раҳбари созмони ҷамъиятии «Муҳоҷират ва қонун» аз ин нақшаи шаҳрдории Маскав дар мавриди бунёди меҳмонхонаҳои арзон барои муҳоҷирон чандон хушбин нест. Хонум Ҷӯраева гуфтааст, чунин ваъдаҳо ҳатто замони раҳбарии Лужков садо медоданд, вале то ба ҳол ҷомаи амал напӯшидаанд.
Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Русия, дар ҳоли ҳозир дар Русия ҳудуди нуҳ миллион муҳоҷири корӣ ба сар мебаранд, ки даҳ дарсади он дар Маскав кору фаъолият менамоянд ва аз ин шумора беш аз 200 ҳазор тани онҳо ба сурати ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.
Каромат Шарифов, раҳбари ҳаракати «Муҳоҷирони корӣ», шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар пойтахти Русияро ҳудуди 200 ҳазор тахмин мезанад, ки панҷяки онҳо ба ҷои истиқомат ниёз доранд. Тибқи иттилои Маркази муҳоҷирати Маскав, нархи арзонтарин меҳмонхонаҳои ин шаҳр бо утоқҳои 4-8 нафара, дар рӯз аз 150 то 300 рублро ташкил медиҳад.