Аз баҳси дарози риши дароз то худнамоӣ дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Имрӯз дар бораи риш гузоштан дар Тоҷикистон суҳбат мекунем, ки ҳафтаи гузашта дигарбора доғ шуд. Дар ноҳияи Ванҷ рӯзи 12-уми август гурӯҳе аз ҷавонон ҷамъ омада ва норозигӣ кардаанд, ки мақомот аз онҳо мехоҳанд, ришашонро тарошанд. Мақомот гуфтанд дурӯғ аст, аз касе чизе нахостаанд.

Гузорише дар ин бора дар вебсайти Радиои Озодӣ корбарони зиёдеро ба баҳс кашид, ки гуфтаанд, дуруст мекунанд, ки намемонанд, ҷавонон риш гузоранд. Қисме ҳам гуфтаанд, чунин дастур беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи бунёдии инсон аст.

Корбаре, ки худро "Ришдор" муаррифӣ кардааст, мегӯяд, агар ҳукумат ба ин андеша аст, ки бо тарошидани риши ҷавонон бо ифротгароӣ мубориза мебарад, пас кораш нодуруст аст.

Ӯ дар вебсайти мо навиштааст, "ҳукумати Тоҷикистон то ҳол нафаҳмидааст, ки бо ин корҳояш баръакс равияву ҷараёнҳои ифротиро тарғиб мекунад. Давлат, ё каси дигар ҳақ надорад, як нафарро гӯяд, ки ришат ин тавру он тавр. Ин кори давлат нест".

Корбари дигаре, ки худро "Девонахона" номидааст, мегӯяд, дастур ба ҷавонон, ки риш нагузоред ва ё онро тарошед, дахолат ба ҳарими хусусии инсон аст ва ҳукумат бар асоси қонунҳои қабулкардаи худаш ин ҳақро надорад.

Ӯ менависад, "ман риш мемонам, намемонам кори кас чӣ? Ба зиндагии шахсии мардум дахолат накунед. Бо меҳнату поквиҷдонӣ ростқавливу кордонӣ мардумро ба роҳи рост мебаред, на бо ришгириву либоспӯшӣ. То ин дараҷа овардани вазъ хубие намеорад".

Гурӯҳи дигаре аз корбарон гуфтаанд, ки ҳукумат хуб мекунад, ки намегузорад, ҷавонон риш гузоранд, зеро ба қавли онҳо риши дарозу бетартиб аломате аз майл ба самти исломи тундрав аст. Ба ин мазмун шарҳи як корбареро мехонем, ки номашро нагуфтааст.

"Ришмонии хадафмандонаи дастаҷамъона тақлид, ё пайравӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. ДОИШ ва Толибонро бинед, як нишонаи ифротигариашон ришҳои дарозу бетартиби онҳо мебошад. Мусулмони боимон метавонад, бидуни риш ҳам ҳам тоату ибодат намояд. Дахолати ҳукумат дар ин маврид дуруст аст".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз баҳси дарози риши дароз то худнамоӣ дар Озодӣ Онлайн



Корбари дигаре, ки худро "Патриот" номидааст, аз ҷумлаи онҳоест, ки гуфтааст, мақомот мехоҳанд, пеши роҳи ифротгароиро бигиранд. Ӯ менависад, "вақте ҳамарӯза садҳо террорист мардуми моро фиреб мекунанд ва онҳоро террорист мекунанд, барои манфиатҳои худ истифода мебаранд, баъд ҳукумат маҷбур мешавад, назоратро пурзӯр кунад. Аксари онҳое, ки риш мемонанд, на намоз мехонанд, на рӯза мегиранд. Танҳо барои худнамоӣ".

Қисмати дигаре аз корбарон гуфтаанд, худи баҳси риш ва пушидани ҳиҷоб, сурати зоҳирии инсон, ки дар Тоҷикистон зуд-зуд авҷ мегирад, баёнгари таваҷҷуҳ ба масоили камаҳамият аст. Корбаре, ки номашро нагуфтааст, чунин шарҳеро дар вебсайти Радиои Озодӣ гузоштааст:

"Тамоми дунё дар фикри бартараф кардани COVID-19 ҳастанд, ҳукуматдорон бошанд бо риш саргардонанд. Шумо кори дигар надоред? Беҳтар аст, ба ҷои ин корҳои беҳуда камбудиҳои иқтисодию иҷтимоиро бартараф кунед".

Як корбари дигаре гуфтааст, ки риояти қонун дар Тоҷикистон ва эҳтиром ба ҳуқуқи ҳамдигар кофист, ки ин баҳси сатру ришу ҳиҷоб барнахезад ва мардуми эътиқодманду дигаронро ҳам асабонӣ накунад. Ин корбар, ки худро Ҳақиқат муаррифӣ кардааст, чунин мегӯяд:

"Кишвари мо дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Барои ҳамин ҳар кас ҳақ дорад, чи гунае, ки хоҳад ҳамонгуна хел либос пӯшад, ороиш кунад, ё накунад, сатр пушад, ё урён гардад. Монед ҳуқуқбунёд бошем, касе хоҳад луч гардад, касе хоҳад пӯшида гардад".

Воқеан ҳамин гуфта дуруст, ҳаст? Шумо чӣ мегӯед? Нависед ва ё дар видео сабт кунеду, ба телефоне, ки мебинед бифристед. Бо Вайбер, Вотсапп, ё Телеграмму ИМО. Вебсайти мо, ки ҷойи хабару видеову гузоришҳо тоза аст, айни имконро дорад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!