Дар ҷараёни муаррифии филми мустанади “Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад” баҳси доғе миёни намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони мухолифони тоҷик дар хориҷа сар зад. Филми Мустанад аз ҷониби муҳаққиқони ҳуқуқи башари созмонҳои байналмилалии Human Rights Watch ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ рӯзи 21 сентябр дар чаҳорчӯби ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава намоиш дода шуд.
Фаъоли ҳуқуқи башар Эндрю Стройҳлен, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, бо пахши пораҳои видео ва ҳам хулосаҳои изҳороти ширкатдорони маҷлис дар саҳифаи “Твиттер”-аш навишт, ки ин баҳсҳо “ҷолибтарин бахши ҷаласаҳои САҲА дар Варшава буд”. Ӯ менависад, ки мақомоти тоҷик ҳодисаҳои шиканҷаву азияти мунаққидони ҳукуматро, ки дар ин филм намоиш дода шуд, рад карданд ва талош мекарданд аз сиёсати ҳукумат ҳимоят кунанд.
Дар муқобил фаъолони сиёсии тоҷик ҳамроҳ бо намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар ҳодисаҳои фишору зиндонӣ кардани мухолифон дар Тоҷикистон, рабоиши сиёсатмадорони мунаққиди ҳукумат дар хориҷ, шиканҷа дар зиндон ва дигар мавридҳои нақзи ҳуқуқи инсонро матраҳ карданд. Шабнам Худойдодова, як фаъоли Гурӯҳи 24 гуфтааст, ки “ӯро танҳо барои интиқоди мақомоти тоҷик ба феҳрасти Интерпол ҳамчун "экстремист" ворид кардаанд.
Стив Свердлов, муҳаққиқи масоили Осиёи Миёна дар Human Rights Watch гуфт, ки хешутабори фаъолонеро, ки дар нишасти Варшава ҳузур доштанд, боздошт ва таҳдид карданд”. Эндрю Стройҳлен менависад, ки намояндагони Тоҷикистон, аз ҷумла Ваколатдори ҳуқуқи башар Зариф Ализода фаъолона аз мавқеи ҳукумат ҳимоят мекарданд. Дар изҳороти онҳо гуфта шуд, ки ҲНИТ дар Тоҷикистон даст ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ задааст. Стройҳлен аз пораҳои видеои ин нишаст ва навиштаҳои худ мегӯяд, ки “баҳс хеле тунд буд, гоҳо садои ширкатдорон баланд мешуд” ва садри маҷлис маҷбур буд ҳозиринро ба оромиву риояи одоби маҷлис даъват кунад.
Субҳи 21 сентябр созмони Human Rights Watch хабар дод, ки филми мустанади “Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад” баъд аз зӯҳр дар нишасти САҲА дар Варшава ба намоиш медарояд. Ӯ гуфт, умедвор аст, ки баъди тамошои ин филм - намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин метавонанд бо ҳам радду бадал кунанд.
Фаъолони байналмилалии ҳуқуқи башар бо пахши изҳороте гуфтанд, ки вазъи ҳуқуқи башар ва мухолифон дар Тоҷикистон "дар ҳолати бӯҳронӣ" қарор дорад ва филми онҳо бар асоси шаҳодатҳои воқеии фаъолони тоҷик сохта шудааст.
Зимнан, рӯзи 21 сентябр дар назди қароргоҳи САҲА дар Душанбе тазоҳуроти гурӯҳи ҷавонони фаъоли рӯ ҳукумати Тоҷикистон барпо шуд. Даҳҳо ҷавон аз САҲА талаб карданд, ки ба муроҷиати дирӯзаи онҳо дар бораи ба толори САҲА дар Варшава роҳ ёфтани намояндагони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон посух диҳанд. Гурӯҳе аз ҷавонони фаъолро рӯзи 21 сентябр Фабио Пиана, муовини роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон пазироӣ кардааст.
Аслиддин Хушвақтов, яке аз ҷавонони фаъол, дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки Фабио Пиана ба онҳо гуфтааст, муроҷиатномаи ҷавонони тоҷик тарҷума шуда ба идораи марказии САҲА фиристода шудааст. Ба қавли Хушвақтов, намояндаи САҲА ба онҳо гуфтааст, ки ин дархости ҷавонони тоҷик ба унвонии роҳбарияти САҲА расонида шудааст.