Дасти танфурӯшро кӣ мегирад? (ВИДЕО)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сӯҳбати видеоии як зани танфурӯши тоҷик дар сомонаи Озодӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ сели баҳсҳои хонандагонро барангехт. Бисёриҳо ин занро маҳкум мекунанд, вале бархе мегӯянд, мушкил дар ҷомиа аст, на дар ин зан.
Бо дидани видеои зани тоҷике, ки дар бораи танфурушиаш ба Радиои Озодӣ қисса мекунад, баъзеҳо бо тавба гиребон гирифтаанд, баъзеи дигар ӯро сарзаниш кардаанд ва теъдоде хостори зиндабагӯр кардани занони танфурӯш шудаанд. Аммо дили як гурӯҳе аз корбарони вебсайт, саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин зан сӯхтааст, ки ба ӯ насиҳат кардаанд, аз ин роҳ баргардад ва барои таъмини ду фарзандаш кори дигареро пеша кунад.

Нашри гузориш ва бахусус видеои Раъно, ки дар бораи танфурӯшиаш ошкоро гап мезанад, баҳси доғеро дар байни корбарони вебсайт ва саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехту сели дашному сарзанишро ба сари ин зан рехт ва сели интиқод аз онҳоеро, ки нисбат ба ин зан беҳурматӣ кардаанд. Дар ин навор, ки рӯзи 16-уми май дар вебсайти Радиои Озодӣ нашр шуд, духтари 33-солаи тоҷик дар бораи танфурӯшиаш ба хориҷиёну тоҷикон нақл мекунад. Бо дидани ин видео чандин корбари вебсайт ва Саид Ашраф корбари Фейсбук навиштаанд, коре, ки ин зан мекунад, зиност ва зино нишонаи қиёмат аст. Айни чизро Абдусамиъ Гадоев, корбари Одноклассники ҳам гуфтааст. Ба қавли ӯ, кори Раъно Яке аз нишонаҳои охири замонай.” Беҳрӯз Шоев корбари дигари Фейсбук Раънои 33-соларо сарзаниш карда ва гуфтааст,ки ту “Шармандаи рӯзи қиёмат ҳастӣ”.

Усмон Баҳромов, яке аз корбарони дигари Фейсбук, Раънову мисли ӯ духтаронеро, ки ба танфурӯшӣ машғуланд, гунаҳкори фавти ҷавонони тоҷик дар дохилу хориҷ медонад. Ӯ навиштааст: “Дар ҷое, ки зино бошад, ҷавонмурӣ зиёд мешавад. Рӯз ба рӯз мушоҳида мекунем, ки ҷавонони мо дар муҳоҷират ва дар ватан вафот мекунанд. Сабаби наҳсии ҷомеаи имрӯзаи мо низ ҳаминҳоянд.” Маҳина Набиева, корбари дигари Фейсбук низ астағфируллоҳ гуфтааст, зеро ба қавли ӯ, “Ҷамъияти моро ингуна фасодҳо вайрон мекунанд. Аз ҳоло чунин вазъ бошад, пас фарзандони мо чӣ рӯзро медида бошанд.” Ба ақидаи Муҳайминҷон Иброҳим ба айби ҳукумати Тоҷикистон Раъно танфурӯширо пеша кардааст. Ӯ чунин навиштааст: “Ана бубинед дӯстон, оқибати масҷид манъкуниву масҷидмаҳкамкунӣ чӣ мешавад. Аз ин зиёдашро мунтазир бошед” гуфтааст дар Фейсбук.


Вале Илҳомҷон Мирзоев дар посух ба сарзанишу таънаву маломати корбарони мард ба ин духтар гуфтааст, “Хубтар мешуд, ҳамин мардако пеши ҳами фоҳишаҳо намерафтанд. Вақте имони мардак паст бошад, чаро аз занҳо гила кунем?” Марҷона Шефилд, корбари дигари саҳифаи Фейсбуки Радиои Озодӣ, низ ба ҳимояти ин зан бархоста ва ба Назар, корбари дигар, ки Раъноро сарзаниш кардааст, бо эҳтиром мегӯяд: “Назарҷон ҳамаи мо инсон ҳастем, дил дорем ва дар зиндагӣ кӯшиш мекунем, ки ба роҳи рост равем, афсӯс, ки на ҳамаи мо он роҳи дурустро пайдо мекунем ва ин маънии онро надорад, ки ӯ инсони баде ҳаст.” Марҷона Шефилд ҳамзамон аз онҳое, ки бо хашму ғазаб Раъноро танқид кардаанд, пурсидааст, ки чаро ҳеҷ кас дар инҷо суол намекунад, ки ин зан чаро танфурӯширо пеша кардааст.

Як корбари дигари вебсайти Радиои Озодӣ бо номи Салмон низ навиштааст: “ Бародарон ба ин бонувон бояд каме ҳам бошад диламон сӯзад, инҳо шояд камсавод ва ноумеданд. Инҳо аллакай аз ҷойи кору шароити хуби зиндагӣ ёфтанашон дил кандаанд. Мо ба ҳар ҳол мардем ва рӯй меорем ба муҳоҷирати меҳнатӣ, аммо ин занҳо ҳама наметавонанд ба хориҷи кишвар ба кор бароянд ва инҷо монданашон ҳам маънӣ надорад чун ҷойи кор нест, чӣ кунанд!??? Худо ба ҳар кас ҳам сабру таҳамули баробар надодааст. Худованд фардо аз ҳар бандааш баробари қувваташ талаб мекунад ва ба андозае, ки ба ӯ ақлу ҳуш дода буд. Мо ҳақ надорем, ин занҳоро таҳқир кунем дар мавриде ки мо мардони бонангу номуси ватанашон барои онҳо ҷойи кору шароити зиндагӣ муҳайё намесозем. “

Фирӯз корбари дигари торнамои Радиои Озодӣ достони Раъноро, ки ду фарзанд дорад, дарднок номида ва мардонеро сарзаниш кардааст, ки Раъноро бад гуфтаанд. Фирӯз чунин менависад: ”Ҳама инҷо менависанд, мо 97-99 % мусулмонем ва сангро ба осонӣ ба сари ҳамон занҳо мезананд, вале як чизро фаромӯш мекунем, ки он занҳоро кӣ истифода мекунад, албатта мои мусулмон истифода мекунем. Пас вой ба ҳоли ҳамон 97 ва 99 дар сад мусулмон. Мо мусулмонҳо метавонем ду бачаи Раъно ва садҳо бачаҳои Раъноҳоро сарпарастӣ кунем ва хононем? Не албатта. Мо қодирем пулҳои ҳамун Раъноро дуздем, ғорат кунем, кушемаш ва баъд бо ҳамон пул равем ба Ҳаҷ ва ба ҳама нишон диҳем, ки мо мусулмонем. “

Дар тақвияти ин гуфта корбари дигаре дар торнамои Радиои Озодӣ бо номи Шаҳрванд навиштааст, “Ин қадар воҳима накунед, барои обрӯятону мусулмониатону ва гайра. Ин қадар аз худатон миллати осмонӣ насозед. Зараре, ки ришвахӯрӣ, фиребгарӣ, дуздӣ, хиёнат, маҳалгароӣ ва ғайра ба давлату миллат мерасонад, фоҳишагарӣ дар пеши инҳо ҳеҷ аст.”

Дар маҷмӯъ дар бораи достони танфурӯшии Раъно дар вебсайти Радиои Озодӣ дар саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва Одноклассники тақрибан 200 шарҳ расид. Тақрибан 100 шарҳи дигар ба далели риоят накардани меъёрҳои баҳс ва доштани дашному таҳқир нашр карда нашуд.