Бо бештар аз 7 миллион аҳолӣ, Ҳонк Конг, яке аз сераҳолитарин ва гаронтарин шаҳри ҷаҳон аст. Дар инҷо фавтидан ҳам гарон аст, чун қимати ҷойи дафн то 130 ҳазор доллар мерасад.
Албатта барои фавтида фарқе надорад, аммо барои хонаводаҳои чинӣ, ки зиёрати гузаштагон, қарзи фарзандист, ҷой пайдо кардан сахт аст. Ҳоло вебсайти навтаъсиси Айвенерейшн ком мехоҳад, адои қарзи фарзандиро осонтар кунад ва аз роҳи маҷозӣ. Корбарони вебсайт метавонанд, дар ҳар куҷои шаҳри Ҳонк Конг ки бихоҳанд, масалан санги гӯри падарро гузоранд.
Дар воқеъ, мурдаҳо назар ба зиндаҳо ҷойи зиёдтарро мегиранд. Фавтидагон ҳамеша дар як порчаи замин мемонанд,ҷойи дигар намераванд.
"Дар воқеъ, мурдаҳо назар ба зиндаҳо ҷойи зиёдтарро мегиранд. Фавтидагон ҳамеша дар як порчаи замин мемонанд,ҷойи дигар намераванд. Онҳое, ки зиндаанд дар як ҷо монда наметавонанд. Аз ин рӯ ҳоло пайдо кардани ҷой барои мурда аз пайдо кардани замин барои зиндаҳо сахттар аст" -мегӯяд, муассиси Айвенерейшн ком, Энтони Ей.
Азбаски ҷой барои дафн кам аст, ҳукумати Чин мардумро ташвиқ мекунад, мурдаҳояшонро бисӯзонанд. Барои ҳамин доштани санги мазор барои чиниҳо муҳим аст ва то кунун 300 нафар аз ҷумла Алекс Ли корманди Айвенерейшн барои бобояш гӯри маҷозӣ сохта ва сангашро гузоштааст, то гоҳ гоҳе уро зиёрат кунад.
"Ба фикрам, хадамоти мо барои насли оянда аст. Барои худи ман адои қарзи бо зиёрати гӯр муҳим нест. Ҳамаш бояд дар дил бошад"- мегӯяд, Алекс Ли.
Айвенерейшн бовар дорад, ки дар оянда гӯрҳои маҷозӣ зиёдтар мешаванд ва аз ин рӯ ният дорад, вебсайташро соли оянда барои ҳама дастрас кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад