Ду моҳ боз ҷиҳози хонаи Дилбар Гургова, ҳамсари як узви гуруҳи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, дар роҳрави яке аз баландошёнаҳо дар ҷануби шаҳри Душанбе паҳну парешон мондааст. Дилбар мегӯяд, бо панҷ фарзанди ноболиғи худ дар манзили иҷора мезист, аммо ба далели наёфтани маблағи зарурӣ аз он ронда шуд.
"Ҳоло дар хонаи яке аз дугонаҳоям ҳастам. Худаш кӯдаки хурд дорад ва мегӯяд, ки ҷоятро ёфта рав. Дар куҷо зиндагӣ кунам? Медонам, ки ба ӯ ҳам зӯр омадаст. То кай ба мо нон бидиҳад?" - мегӯяд Дилбар Гургова.
Дар ин бора бештар бихонед: Парвандаи ҷиноии Дилбар Гургова қатъ шуд
Дилбар мегӯяд, ки ба шаҳрдори Душанбе ҳам нома навишт ва дархости кӯмак кард, аммо посухе нагирифт.
Дилбар Гургова, ҳамсари Амруллоҳ Нуров, яке аз аъзои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим аст. Шавҳари ӯ ду сол пеш бо ҷурми ҳамдастӣ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим дар моҳи сентябри соли 2015 ба 23 сол зиндон маҳкум шуд. Дарбадарии ин зан ва фарзандонаш аз ҳамон рӯз оғоз шуд. Дилбар иттиҳоми мушорикати шавҳараш дар амалиёти Ҳоҷӣ Ҳалимро қабул надорад.
Дилбар бо шавҳараш ба муддати 7 сол дар хобгоҳ зиндагӣ мекард. Ва мехост дубора ба инҷо баргардад. Аммо масъулони хобгоҳ ба ӯ иҷозаи иқомат надоданд.
"Мегӯянд, ки хобгоҳ намедиҳем. Ман пурсидам, ки бо чӣ сабаб намедиҳед? ЧИзе нагуфтанд, аммо худам нағз медонам, ки бо далели панҷ фарзанд доштанам, ба ман хобгоҳ намедиҳанд. Вагарна ман пулашро медиҳам. Бепул, ки инҷо зиндагӣ кардан имкон надорад", - афзуд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулони хобгоҳ, ки моил набуданд сӯҳбаташон сабт шавад, далели аслии ин тасмими худро нотавонии Дилбар Гургова дар пардохти ҳаққи иҷора унвон карданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки пеш аз имзои қарордоди иқомат дар хобгоҳ, маъмурон гузаштаи фарди дархостдиҳанда ва аъзои хонаводаи ӯро баррасӣ мекунанд.
Дилбар Гургова мегӯяд, ба шаҳрдории Душанбе ҳам нома навишт ва дархости кумак кард, аммо посухе нагирифт. Вале Мавҷуда Бобоева, муовини ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, ба ӯ қавл додааст, ки агар хонае пайдо кунад, ба ӯ ба миқдори 200 сомонӣ кӯмакпулӣ хоҳанд пардохт.
Дилбар ҳамчунон умедвор аст, ки мақомот ба додаш бирасанд ва барои ӯву фарзандонаш сарпаноҳе бидиҳанд. Аммо маълум нест кай.