Дар Тоҷикистон ҷазои афроде, ки ба воситаи иртиботи ҷинсӣ дигаронро ба вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ олуда мекунанд, сахттар шуд. Аъзои Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 25-уми декабр бо ислоҳи қонуни ҷиноӣ ба афроди гунаҳкор то даҳ соли зиндон таъйин карданд.
Ба иттилои расмӣ, дар як соли ахир дар Тоҷикистон беш аз 1400 нафари мубтало ба вируси норасоии масунияти бадан сабт шудааст. Масъулони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, беш аз 70 дарсад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба вируси норасоии масунияти одам сироят ёфтаанд. Мутахассисон ҷазои ҷиноиро яке аз роҳҳои пешгирӣ аз афзоиши ин бемории сироятӣ медонанд, вале таблиғу фаҳмондадиҳиро муҳимтар мешуморанд.
Қаноатшоҳ Лоиқзода, узви Маҷлиси Миллӣ, рӯзи 25-уми декабр гуфт, афроде, ки ба воситаи иртиботи ҷинсӣ дигаронро ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор мекунанд, аз 8 то 10 сол зиндонӣ хоҳанд шуд. Ӯ афзуд, агар фарди гунаҳкор мансабдор бошад, «баъд аз адои ҷазо панҷ сол аз ҳаққи ишғоли мансаб маҳрум мегардад.»
Муқаррароти нав дар моддаи 142-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Ҳоли ҳозир дар моддаи 125-и Кодекси ҷиноӣ барои дидаву дониста ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор кардани шахси дигар аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ гардидааст.
Дар се соли ахир шаш сокини Тоҷикистон бо иттиҳоми дидаву дониста олуда кардани дигарон ба ВИЧ боздошт ва дастикам се нафари онҳо ба зиндон маҳкум шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пизишки тоҷик Гуландом Раҷабова мегӯяд, «дар ин самт корҳои таблиғотӣ нақши муассир дошта метавонад». Вай афзуд, ин навъи беморӣ на фақат ба воситаи иртиботи ҷинсӣ, балки ҳангоми истифодаи сӯзандору, хунгузаронӣ ва ҳангоми ҳомила будан аз модар ба кӯдак мегузарад.
“Бисёриҳо аз ошкор кардани ин беморӣ меҳаросанд, чун ҷомеа онҳоро хуб қабул намекунад. Барои ҳамин, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар шавад. Мардумро огоҳ кард, ки ҳар вақт аз ташхис гузаранд,” -- афзуд мусоҳиби мо.
Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон гирифторшавӣ ба вируси норасоии масунияти баданро дар кишвар ташвишовар медонанд. Вазири тандурустӣ моҳи феврали имсол дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, соли гузашта дар Тоҷикистон 1422 ҳолати нави сирояти вируси норасоии масунияти бадан ошкор карда шудааст.
Ба ин тартиб, ҳар рӯз дар Тоҷикистон то чаҳор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан гирифтор мешудааст. Дар маҷмуъ беш аз даҳ ҳазор гирифтори бемории вируси норасоии бадан дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки беш аз 800 нафари онҳо кӯдак будаанд.
Аммо коршиносон мегӯянд, инҳо нафароне ҳастанд, ки расман аз ташхис гузашта, сабти ном шудаанд ва теъдоди воқеии сироятёфтаҳо метавонад ба маротиб бештар аз омори расмӣ бошад. Бино ба ҳисобҳо, барои табобати як бемор солона аз 700 то 1000 доллар зарур аст.