Оркестри "Гулшан" соли 1964 чун ансамбли эстрадӣ ташкил шуд ва соли 1967 ба он унвони «Оркестри давлатии эстрадии Тоҷикистон» доданд. Бо вуҷуди он ки Лайло Шарифова, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аз ташкилкунандагони ин ансамбл ба шумор меравад, вале он баъд аз омадани Орифшо Орипов ба раҳбарии оркестр ва ҷалби овозхонони тоҷик Махфират Ҳамроқулова, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова, Тоҷиддин Муҳиддинов, Умар Зиёев, Баҳодур Неъматов ва Раҳима Шалоер ин оркестр бештар симои миллӣ касб кард ва дар дохили кишвар ҳаводорон ҳамеша толорҳои консертии онро “лабрез” мекарданд.
Барномаҳои телевизионӣ низ бо ширкати ин овозхонон аз пуртамошобинтарин барномаҳо ба шумор мерафт. Орифшо Орипов соли 1965 баъд аз кӯч бастани Лайло Шарифова ба шаҳри Боку раҳбарии оркестрро бар дӯш гирифт. Вай баъд аз хатми консерваторияи Боку ба ин оркестр пайваст. Он вақт оҳангсоз Михаил Муравин низ ба оркестр кӯмак мекард, вале вай бо вуҷуди маҳорати хуби оҳангсозӣ дар бахши эстрада таҷрибаи ғанӣ надошт.
Лайло Шарифова, нахустин раҳбари ин гурӯҳи ҳунарӣ, ки ҳоло ба синни 76 расидааст ва дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон ба сар мебарад, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вай дар қадамҳои аввал бо хонум Муқаддара Рустамова, муовини вақти вазорати фарҳанги Тоҷикистон машварат кардаанд, то ансамбле ташкил диҳанд, ки ба хориҷ аз Тоҷикистон низ ба сафарҳои ҳунарӣ равад ва Тоҷикистонро муаррифӣ кунад. Вале хонум Лайло мегӯяд, он вақт дар Тоҷикистон навозандагони асбобҳои эстрадӣ кам буданд. Ба ин сабаб, баъд аз тасмими ҳукумат дар бораи ташкили чунин гурӯҳи ҳунарӣ, онҳо аз ҷумҳуриҳои дигари Шӯравӣ 12 навозандаи асбобҳои эстрадӣ ва оранжировшикҳоро даъват карданд ва бо кӯмаки Шӯрои вазирони вақт, ба ҳамаи онҳо дар шаҳри Душанбе хона доданд.
Дар миёни онҳо Юрий Лядов-раҳбари мусиқӣ, Юрий Тер Осипов-оҳангсоз низ буданд. Сипас Юрий Пулатов, овозхон Андрей Бабабев ва баъдтар навозандагон Ҳамза Ахметов, Валерий Сосонов, Семён Зикриев, Александр Яковлев ва Исмат Абдуллоев ба гурӯҳ даъват шуданд. Барои овозхонон оҳангсозони ҷавон Дамир Дӯстмуҳаммадов, Фирӯз Баҳор, Аъзам Солиев оҳанг эҷод мекарданд.
Фирӯз Баҳор аз Берлини Олмон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чун нахустин таронасаро низ дар ин гурӯҳи ҳунарӣ Лайло Шарифова буд, барои вай Тер Осипов оҳанг меофарид ва вай бо таронаҳои “Духтари тоҷик” Ситораи ман”, “Гул гули анор”, “Дилам кабоб аст”, “Вақте туро дидам”, “Райҳона” ва амсоли он бо “Гулшан” ба сафарҳои ҳунарӣ мерафт. Дар муддати кӯтоҳ Лайло Шарифова “Гулшан”-ро дар миқёси Шӯравӣ муаррифӣ кард ва худ ба яке аз ситораҳои эстрадаи Шӯравӣ табдил ёфт. Аз вай дар арсаи ҳунар ва матбуоти Шӯравӣ “Бабри сиёҳ” ва “Зӯҳраи шарқ” ном мебурданд.
Дар давоми 50 соли гузашта бар ин оркестр ба ҷуз аз Орифшо Орипов ҳунармандони мухталиф раҳбарӣ кардаанд. Умар Зиёев, Кароматуллоҳ Қурбонов, Исматулло Холиқов ва Субҳон Саидов аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд. Ҳоло раҳбарии оркестрро ҳунарманди мумтоз Бахтиёр Иброҳимов бар ӯҳда дорад ва ин оркестрро бо овозхонони ҷавон Суруш Холов, Фаридаи Бахтиёр, Зафар Абдуалимовва Сорбон Раҷабов мешиносанд. Соли 1980 ин оркестр барандаи Ҷоизаи Давлатии ба номи Рӯдакӣ шудааст.
Сафарҳои ҳунарии Оркестри давлатии эстрадии «Гулшан» ба киштиҳои Флоти Баҳри Сиёҳ, шаҳрҳои Москва, Ленинград, Ҷумҳуриҳои назди Балтика, Украина, Молдовия, Гурҷистон, Озорбойҷон, Арманистон, ва Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна Ҷумҳуриҳои Полша, Тунис, Афғонистон, Ҳиндустон ва Фаронса хотирнишон буданд.
Соли 1976 Оркестр ба гирифтани Мукофоти Комсомоли Ленинии Тоҷикистон мушарраф гардида, дар даҳаҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия, Узбакистон, Литва, Латвия, Эстония ва Кирғизистон фаъолона ширкат варзиданд.
Аз солҳои 2004 то 2012 Роҳбари бадеии оркестрро дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода Баҳром Тошев бар ӯҳда дошт. Аз соли 2012-ум то инҷониб, яъне соли 2014-ум роҳбарии Оркестри давлатии эстрадии «Гулшан»-ро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов бар дӯш дорад
Оркестри давлатии эстрадии «Гулшан» бо эҷодиёти тару тозаи худ дар ҷашнҳои бузурги таърихии кишвар ҷашнҳои: «Ваҳдати миллӣ», Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврузи Байналмиллалӣ ва тамоми чорабиниҳои фарҳанги ҳукумати фаъолона иштирок варзида дар фестивали 4-уми мамлакатҳои «Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Остона сазовори диплом гардидааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад