Дар ғарби Мянмар бар асари даргириҳо миёни артишу пулис ва намояндагони ақалияти Роҳинҷа, ки аксаран мусалмон мебошанд, дар як ҳафтаи охир беш аз 400 нафар кушта шуданд. На камтар аз 90 ҳазор дар ин муддат ба кишвари ҳамҷавори Бангладеши мусалмоннишин паноҳанда шуданд ё дар ҷазираҳои халиҷи Бангол дар соҳилҳои рӯдхонаҳои тропикии наздики марзҳои ду кишвар, паноҳ бурдаанд. Аммо чаро дунё ҳамакнун ба сарнавишти Роҳинҷа таваҷҷуҳ кард, агарчанде озору азияти онҳо аз соли 1948 аз замони истиқлолияти он кишвар, идома дорад?
Мянмар, ки дар он умдатан буддоиҳо сокин ҳастанд, ахиран аз қудрати истибдоди артиш халос шуд. Аз соли 1962 ба ин тараф артиш дар ин кишвар ба панҷаи оҳанин ҳукм меронд. Ин кишвар аз чанд даҳа ба ин тараф шоҳиди танишҳои байниқавмӣ, сиёсӣ, ҷиноӣ ва динӣ будааст.
Дар забони сокинони ин минтақа калима ва истилоҳоти зиёди арабӣ, форсӣ, санкскритӣ ва ҳатто португалӣ истифода мешавад. Аммо воқеиятҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки ин қавм банголӣ ҳастанд.
Дар ин мухолифату ноамниҳо даҳҳо гурӯҳу аҳзоб, ки аз гурӯҳои чирикӣ ва ҳаракатҳои пинҳонӣ ва нерӯҳои низомӣ-сиёсӣ ташкил ёфта буданду зери нуфузи Чин, Ҳинд ва Тайланд қарор доштанд ва ҳамчунин гурӯҳҳои ҷудоихоҳи ақалиятҳои миллӣ ва гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки контроли тавлид ва бозорёбии тарёк ва доруҳои тавлидшуда аз онро, дар як қисмати маъруф дар марзҳои Мянмар, ки бо номи “Сегӯшаи тиллоӣ” шинохта мешавад, дар ихтиёр доштанд, саҳим буданд.
Ҷумҳурии Муттаҳидаи Мянмар ҳамон тавр, ки дар ҳоли ҳозир ин давлат ба таври расмӣ номгузорӣ шудааст, аз ҳафт иёлат иборат буда, сокинони асосии онро бирмагиҳо ё “бама” ташкил медиҳанд ва аз ин ҳафт иёлати қавмӣ, ҳеҷ яке аз онҳо то ба ҳол ба таври ҳақиқӣ ҳокимияти ҳукумати марказиро ба расмият нашинохтанд. Сокинони ин минтақаҳо ва аҳзобу гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва ҷамъиятҳои ҷиноӣ ҳамеша бо ҳукумати марказӣ ва бо якдигар, даргир буданд. Ҳарчанд ахиран мувофиқатномаи оташбас бо тамоми иёлатҳо расман ба даст омад.
Пас аз тарки Мянмар, ки он замон Бирмаи Бритониёӣ номида мешуд, дар солҳои 40-уми асри гузашта истеъмори Бритониё ваъда дод, ки тақрибан ба ҳама қавмиятҳо истиқлол медиҳад ва амалӣ нашудани он, то ҳадде сабаби даргириҳои баъдӣ шудааст.
Дар миёни минтақаҳое, ки истиқлол ба даст наовард, иёлати миллии Аракон ва ё Рохин, як навори нисбатан борик дар соҳили Бирмаи Халиҷи Бангол дар ғарби он кишвар дар ҳамсоягӣ бо Бангладеш буд. Дар ин минтақа ба назари бошандагон, ҳудуди якуним миллион мусалмон – Роҳинҷа ба сар мебаранд. Аммо мақомоти Мянмар ҳамаи ин қавмиятро “муҳоҷирони ғайриқонунӣ” ва ҳатто “ҷангиёни исломӣ” меноманд, ки аз сӯи бархе аз шабакаҳои байналмилалии террористӣ ва “чанде аз кишварҳои шайхнишини ҳавзаи Халиҷи Форс, пуштибонӣ мешаванд.”
Даргириҳои мусаллаҳона бо Роҳинҷа дар таърихи 9-уми октябри соли 2016 афзоиш ёфт ва баъдан 25-уми августи соли ҷорӣ, ҷангиёни гурӯҳи маҳаллии “Ҷабҳаи озодибахши Аракан Роҳинҷа”, ки гуфта мешавад шиорҳои исломӣ сар медоданд, ба таври ногаҳонӣ ба 30 иншооти артиш ва пулис ҳамла карданд ва 15 танро ба унвони “талоши интиқом” барои озор ва азияти ҳамқавмони худ куштанд.
Дар посух “иқдоми муқобила”-и низомӣ оғоз шуд, ки созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар онро “наслкушӣ”-и аҳолии аёлати Аракан номиданд. Ба иттиҳоми “терроризм” садҳо нафар, аз ҷумла як марди 82-сола ва як навҷавони 13-сола низ боздошт шудаанд. Мақомоти расмӣ рӯзи 1-уми сентябр гуфтанд, ки ҳудуди 400 нафар аз “шӯришиён”-ро нобуд карда ва танҳо 17 нафар аз ғайринизомиёнро ба таври тасодуфӣ куштаанд.
Бо ин ҳол, афроде ки ҷони солим ба дар бурданд ва муваффақ шуданд тариқи ҷангалҳо ва дарёҳо ба Бангладеш ва дигар иёлатҳои минтақа паноҳанда шаванд, нақл кардаанд, ки ҳазорон нафар аз мардум дар рустоҳо кушта шуданд ва дар он минтақа тахриб, сӯзонидани рустоҳо, шиканҷа ва таҷовузи гурӯҳӣ аз сӯи артиш ва пулис, сурат гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир дар ба истилоҳ “минтақаи нейтрал” дар имтидоди дарёи Наф, ҳазорон нафар фирориёни Роҳинҷа қарор доранд.
Дар қаламрави худи Бангладеш дар урдугоҳҳои паноҳандагон ин афрод бидуни об, ғизо ва дору ба сар мебаранд ва шумора онҳо аз 300 то 400 ҳазор тахмин зада мешавад, ки 90 ҳазори онҳо дар моҳҳои ахир овора шуданд. Танҳо дар рӯзи 1-уми сентябр марзбонони Бангладеш дар як маҳал аз дарё ҷасади 15 паноҳандаро пайдо карданд, ки дар миёни онҳо як кӯдаки 11-сола низ буд.
Мақомоти Бангладеш ба далели адами тамоюл ба пазируфтани паноҳандагони Роҳинҷа, таҳти фишори байналмилӣ қарор доранд. Аммо ахиран мақомоти Бангладеш ба идеяи қадимии худ баргаштанд – тасмим гирифтанд онҳоро дар ҷазираи хатарнок ва ғайри қобили контроли Тенгар Чар, ки як ҷои бадном – пинҳонгоҳи дуздони дарёӣ ва қочоқбарон аст ва ҷое, ки ҳеҷ гуна зерсохтор барои ҳаёт надорад, ҷобаҷо кунанд. Дар ҳоли ҳозир, дар фасли боронгариҳо, ин ҷазира тақрибан ба таври комил зери об аст. Ин боиси хашми фаъолони ҳуқуқи башар ва сиёсатмадорони ҷаҳон шудааст.
Ҳафтаи гузашт Бритониё хостори баррасии вазъияти Роҳинҷа дар Миёнмар дар ҷаласали вижаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шуд, аммо он аз сӯи Чин радд шуд. Намояндаи вижаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид алайҳи мақомоти ҳукумати Мянмар суханронӣ кард.
Ҷои зикр аст, ки аз баҳори соли 2016 ба ин тараф Мянмар аз сӯи барандаи ҷоизаи Нобел, раҳбари чандинсолаи мубориза алайҳи ҳукми низомиён ва дӯсти шуморе аз раҳбарони ғарбӣ Аун Сан Су Чӣ, раҳбарӣ мешавад. Ӯ дорои мавқеияти хост ва мақоми “мушовири давлати Мянмар” аст. Бо ин ҳол, дар тамоми суханрониҳо ва мусоҳибаҳояш дар тайи боздидҳои хориҷии ӯ, то кунун масъалаи озор ва шиканҷаи мардуми мусалмон дар он кишварро матраҳ накардааст ва дар як сафараш ба Сингапур дар посух ба суоли хабарнигорон гуфтааст, “ба ман кишвареро нишон бидиҳед, ки дар он нақзи ҳуқуқи башар вуҷуд надошта бошад?»
Сарнавишти мусалмонони Роҳинҷа, маҳофили сиёсииро дар моҳҳои ҷаҳон нигарон карда ва сиёсатмадорон, шахсиятҳои динӣ ва фарҳангӣ дар саросари ҷаҳон баёнияҳо нашр карданд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 120 ҳазор нафар аз мусалмонони Роҳинҷа дар Малайзия ба сар мебаранд. Мақомоти Ҳинд қасд доранд 40 ҳазор паноҳандаи Роҳинҷаро алорағми он, ки Созмони Милали Муттаҳид бахше аз онҳоро ҳамчун паноҳанда пазируфта шудаанд, ихроҷ кунанд. Намояндаи мақомоти Ҳинд гуфтааст, ки ҳамаи муҳоҷирони Роҳинҷа ба ин кишвар ба таври ғайриқонунӣ, ворид шудаанд.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки қонунҳои байналмилалӣ ихроҷи паноҳандагонеро ба кишваре ки мумкин аст дар маърази хатар бошад, мамнӯъ мекунад. Бо ин ҳол, ҳукумати Ҳинд мегӯяд, ки ин кишвар дар мавриди вазъияти паноҳандагон созишномае имзо накарда ва ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонуниро ихроҷ хоҳад кард.
Мақомоти Мянмар фишор алайҳи мусалмонони Роҳинҷаро, ки шуморе аз онҳо шиносномаи кишварро надоранд, панҷ сол пеш оғоз карданд – соли 2012 -- пас аз даргирҳои хунин дар заминаи мазҳабӣ ва байниқавмӣ, ки гурӯҳи чирикии “Ҷабҳаи озодибахши Аракан Роҳинҷа" таъсис ва Арабистони Саудӣ ба сармоягузорӣ аз он гумонбар мешуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Андешаҳо дар мавриди гузаштагони қавми Роҳинҷа мухталиф аст. Намояндагони ин мардум худро мардуми бумии аёлати Аракон меноманд. Бархе ба ин назар ҳастанд, ки онҳо аз қавми араб ҳастанд, ки дар асрҳои миёна ва дар замони авҷи қудрати арабҳо, ба инҷо омадаанд. Дар забони сокинони ин минтақа калима ва истилоҳоти зиёди арабӣ, форсӣ, санкскритӣ ва ҳатто португалӣ дида мешавад. Аммо воқеиятҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки ин қавм банголӣ ҳастанд.
Баъзе аз муҳаққиқон ҳамчунон ёдовар мешаванд, ки нафрату душмании мутақобили миёни буддоиҳо ва мусалмонон дар ин бахши Мянмар ба вижа дар рӯйдодҳои Ҷанги Дувуми ҷаҳонӣ, замоне, ки Бирмаи Бритониёи аз сӯи Ҷопон ишғол шуд, бештар шуд. Мусалмонони Роҳинҷа дар ин рӯёрӯи бо Бритониё боқӣ монданд ва ба ҷанги чирикӣ оғоз карданд. Аммо буддоиҳои маҳаллӣ дар иёлати Аракан аз ишғолгарони ҷопонӣ пуштибонӣ намуданд.