Лаҳзаҳои таърихии ҷунбиши ҳуқуқи инсон

Донишҷӯи сиёҳпӯст Натаниел Стюарди 17-сола дар синфхонае дар мактаби Сан-Домингои Вашингтон, ки аз аввалиин мактабҳое буд, ба таҳсили сиёҳпӯстон иҷоза дод.

Истиқбооли вакилон Сургуд Маршалл (дар байн), Ҷорҷ Ҳайес(чап) ва Ҷеймс Набрит аз қарори Додгоҳи Олӣ дар бораи иҷозаи таҳсили сиёҳпӯстон.

Эммет Тилли 14-сола, ҳангоми боздид аз хонаводааш дар Миссисипи шадиан латукӯб шуда, ҳадафи тир қарор гирифт ва дар дарё ғарқ карда шуд.Ду қотили сафедпӯсти Тилл гуфтанд, ӯро барои он куштанд, ки назди зани сафедпӯст рафтааст.

Роза Паркс ҳамроҳи як журналист дар Алабама дар сафи пеши автобус нишаст. Ин замоне мумкин шуд, ки Додгоҳи Олии ИМА ҷудоии нажодиро дар нақлиёт ғайриқонунӣ шумурд.

Нуҳ кӯдаки сиёҳпӯст аз тарафи нерӯҳои ҳавоии Амрико дар шаҳркаи Литл Роки аёлати Арканзас дар соли 1957 ҳамроҳӣ шуданд, то ба онҳо осеб расонда нашавад.

Эътирозгарони сиёҳ ва сафедпӯст дар тазоҳуроте зидди нажодпарастӣ дар Ню Йорк, 23-юми августи соли 1963.

Фаъоли ҳуқуқи инсон ва руҳонии саршинос Мартин Лютер Кинг (сеюм аз чап) дар раҳпаймоии Вашингтон, 28-уми августи соли 1963.

Раҳпаймоии фаъолон аз Капитолий то Ёдгории Линколн дар Вашингтон.

Дастфишории раисиҷумҳури ИМА Линдон Ҷонсон ва Мартин Лютер Кинг баъд аз имзои Қонуни Ҳуқуқи Инсон дар Кохи Сафед, 2-юми иҷли соли 1964.

Коретта Скотт Кинг (аз рост панҷум) дар садри раҳпаймоии Мемфис, дар таърихи 9 апрели 1968, панҷ рӯз баъд аз суиқасд б а ҷони шавҳараш Мартин Лютер Кинг.

Издиҳом дар раҳпаймоии Мардуми Қашшоқ рӯзи 19 июни соли 1968. Ин созмон соли 1968 аз тарафи Мартин Лютер Кинг таъсис ёфта буд.