Ҳилол Мамедов инчунин дар барангехтани адовати миллию мазҳабӣ ва ҳифзу нигаҳдории маводи нашъадор гунаҳгор мешавад.
Мамедови 53-сола – сардабири нашрияи “Толиши садо” (“Садои толиш”) , раиси маркази фарҳангии толишҳои Озарбойҷон, блогнависи мунаққиди давлат ва ҳам як фаъоли ҳуқуқи инсон аст. Вале ҳафтаҳои охир исми вай дар матбуоти даврӣ бештар бо сабаби пахши навори видеоии оҳанги “Ты кто такой? Давай, до свидания!» вирди забон шудааст. Ин таронаи мазҳакавӣ, ки ба забонҳои русиву озарӣ дар жанри таронаҳои мардумии “майхона” (назири бадеҳа ё рубоиёти мардумӣ) суруда мешавад ва равобити начандон осони мардуми рус ва озариро зери интиқод мегирад, аз ҷониби гурӯҳи мардони овозхон дар як маҳфили хусусӣ иҷро ва сабт шудааст.
Ин навори видеоӣ тавассути шабакаи YouTube зуд паҳн шуд ва дар муддати кӯтоҳ онро беш аз 4,5 миллион нафар тамошо карданд. Дар телевизионҳои русӣ низ ин оҳанг чандин бор садо дод ва муаллифони он – бародарон Интиқом ва Эҳтиром Рустамовҳо барои муаррифӣ ба телевизиону хабаргузориҳои аслии Русия дар Маскав даъват шудаанд.
http://www.youtube.com/embed/UFUtDdgEYwk
Вале Ҳилол Мамедов, ки таблиғкунандаи ин оҳанг аст, дар боздошт ба сар мебарад ва гуноҳҳои сангини нисбаташ боршуда имкон дорад ӯро барои тамоми умр зиндонӣ кунад. Дар ин бора дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ вакили дифои ӯ – Анор Қосимов хабар дод. Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Боку рӯзи чоршанбе вай гуфт, ки аз таърихи 4 июл ба ин сӯ Ҳилол Мамедов дар боздошт аст ва ӯ дар он ҷо шиканҷа шудааст:
- Онҳо ӯро дар ҷосусӣ ба манфиати Эрон муттаҳам кардаанд, вале ҳеҷ далел ва ё шаҳодати ин иттиҳомро пешкаш накарданд. Барои худи мо ҳам саволи хеле зиёд беҷавоб мемонад. Мо аз болои онҳо ба додгоҳи кассационнии Боку, додгоҳи зинаи болоӣ шикоят кардем, вале ҳанӯз посухи онҳоро дастрас накардем. Бори аввал ӯро дар охири моҳи июн бо иттиҳоми ҳифзу нигаҳдории 5 грамм ҳероин дар киса ва 28 грамм ҳероин дар хонааш боздошт карданд. Баъди ин, 4 июл иттиҳоми сангини сиёсӣ ба ӯ бор шуд. Мамедов мегӯяд, ки ҳамаи ин сохтакорӣ аст ва ин таъқибҳо анегази сиёсӣ дорад.
Вакили дифоъ гуфт, ки ба эътимоди журналист ва блогнависи боздоштшуда, иддаои ӯ дар бораи он ки вай дар они воҳид бо пахши таронаи “Ты кто такой? Давай, до свидания!» Озарбойҷонро маъруф кардааст, ба баъзеҳо писанд наомад. Дар як изҳороташ Ҳилол Мамедов гуфтааст, ки вақте ҳукумати Озарбойҷон барои ташкили озмуни байналмилаии мусиқии “Евровидение” миллиардҳо доллар сарф мекунад, вай бепул кишварро дар фурсати кӯтоҳ номдор кардааст.
Ҳоло маълум нест, ки қазияи Мамедов бо чӣ меанҷомад, вале баъзе матбуоти чопи Озарбойҷон боздошти ӯро бо иттиҳоми ду шаҳрванди дигари ин кишвар дар Эрон иртибот медиҳанд, ки бо гумони ҷосусӣ ба манфиати Озарбойҷон дар хоки Ҷумҳурии Исломӣ боздошт шудаанд. Нашрияи “Пресс-ТВ” тахмин задааст, ки солҳои охир дар хоки Озарбойҷон нафарони машкуки зиёд боздошт мешаванд, ки бо ҷосусӣ машғул мешаванд. Вале таъйиди ин хабарҳо тавассути манобеи мустақил имкон надорад.