Мурофиаи кормандони боздоштшудаи Оҷонсии зиддифасод оғоз шуд

Наздикони кормандони боздошти Оҷонсии зиддифасод дар назди Додгоҳи олии Тоҷикистон. Рӯзи 19-уми июлти соли 2017

Мурофиаи нахустини даҳ корманди боздоштшудаи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 19-уми июл дар Додгоҳи олӣ оғоз шуд. Дар курсии айбдорӣ, дар баробари онҳо, 3 корманди Хадамоти гумрук ва Додситонии кулли Тоҷикистон низ нишастаанд.

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, баррасии парвандаи 8 тан аз ин афродро муовини раиси Додгоҳи олӣ ва панҷ нафари дигарро додрас Иноятов бар ӯҳда доранд. Ҳамаи ин афрод аз моҳи апрели имсол ба ин тараф дар пайванд ба фасоди молӣ боздошт шудаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки даҳ корманди боздоштшудаи Оҷонсии зиддифасод ва се корманди Хадамоти гумруку Додситонии куллро бо як мошин ба бинои Додгоҳи олӣ оварданд.

Ба қавли хабарнигори Радиои Озодӣ, танҳо вакилони дифоъ ба толори додгоҳ роҳ ёфта, наздикони боздоштшудаҳо ва рӯзноманигорон аз мушоҳидаи ҷараёни мурофиа маҳрум мондаанд. Наздикони 10 корманди боздоштшудаи Оҷонсии зиддифасод рӯзи чаҳоршанбе ба унвонии раҳбарияти Додгоҳи олии Тоҷикистон нома навишта, хостаанд, ки ба намояндагони расонаҳо иҷоза дода шавад, то мурофиаро аз наздик назорат кунанд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июл дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки мурофиаи додгоҳии кормандони боздоштшудаи Оҷонсии зиддифасод пушти дарҳои баста баргузор мешавад. Шоҳиён нахустин мақоми расмӣ буд, ки боздошти даҳ корманди Оҷонсиро тасдиқ карда гуфт, онҳо асосан ба қаллобӣ ва ришвагирӣ муттаҳаманд.

Вале Шоҳиён низ ҳозир нашуд, номи ин даҳ корманди Оҷонсиро ба забон биорад. Ӯ танҳо гуфт, ки яке аз боздоштшудаҳо муовини раиси Оҷонсӣ ва дигаре сардори раёсати тафтишотӣ ҳастанд. Ба қавли Шермуҳаммади Шоҳиён, афроди боқимонда аз сардори як раёсати дигар ва муфаттишон иборатанд.

То кунун барои матбуот номи Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раис ва Фирӯз Холмурозода, сардори гурӯҳи тафтишотии Оҷонсии зиддифасод маълум аст.