Чӣ гуна Гадоев Султонзода шуд? "Насаби нав мехоҳӣ, маълумотнома биор"

Шиносномаи тоҷикӣ

Марказҳои шиносномадиҳии Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки ному насабашонро иваз карданианд, маълумотнома дар бораи таҳти ҷустуҷӯ қарор надоштанро мепурсанд. Ин талабот тоза ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯистифодаи номгузории миллӣ аз афроди таҳти ҷустуҷӯ сурат гирифтааст ва қаблан чунин талабот вуҷуд надошт.

Ному насаби миллӣ – баҳонаи фирор аз боздошт

Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, вақтҳои ахир афроди таҳти ҷустуҷӯ талош мекунанд, бо сӯистифода аз миллӣ кардани ному насаб аз пайгард халос шаванд. ​

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯистифодаи номгузории миллӣ аз шаҳрвандоне, ки бо иваз кардани ному насаб шиносномаи нав мегиранд, таҳти пайгард қарор доштан ё надоштани онҳо санҷида мешавад.

“Бисёр ҳолатҳо ошкор шудааст, ки ҷинояткорон ба хотири пинҳон шудан аз ҷустуҷӯ дар Тоҷикистон ё кишварҳои дигар талош мекунанд, ному насаби худро иваз кунанд. Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ чанд ҳолати сӯистифода аз номгузории миллӣ аз ҷониби нафарони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро ошкор карданд. Аз ин рӯ, ин талабот ҷорӣ шудааст, то аз як иқдоми хуб дар мавриди номҳои миллӣ дар кишварамон сӯистифода нашавад”, - афзуд ӯ.

Чӣ тавр Гадоев Султонзода шуд?

Бештари мансабдорон ба хотири нишон додани садоқат, муҳоҷирон ба хотири дубора ба Русия роҳ ёфтан ва афроди таҳти пайгард ба хотири боздошт нашудан ному насабашонро бо шеваи миллӣ тағйир медиҳанд.

Зимнан, кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи гузашта кочоқбареро боздошт карданд, ки дар Русия дар “рӯйхати сиёҳ” қарор дошта, бо тағйири ному насабаш ба шеваи миллӣ қочоқи маводи мухаддир машғул будааст.

Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Исроил Султонзода, сокини ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳро дар арафаи интиқоли беш аз 42 кило маводи мухаддир ба Қирғизистон боздошт карданд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тафтишот маълум кард, ки ин нафар қаблан Гадоев Гадомаҳмад Назарович ном дошта, соли 2007 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия боздошт ва ба мӯҳлати 9 солу 6 моҳ равонаи зиндон шудааст. Моҳи сентябри соли 2016 аз маҳбас озод шуда ба ватан бармегардад. Бинобар сабабе, ки ӯ бо насаби Гадоев дигар ҳаққи ба Русия рафтанро надошт, насабу номи худро тағйир дода, талоши интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишварро доштааст.

Мақомот мегӯянд, иваз кардани ному насаб қонунӣ ҳаст, вале сӯистифода аз он бояд ҷилавгирӣ шавад. Яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз инро мақомот дар талаби маълумотномаи Вазорати корҳои дохилӣ медонанд. Аксари онҳое, ки талоши иваз кардани ному насабашонро доранд, онҳое ҳастанд, ки дар хориҷ аз кишвар ҷиноят содир карда ва таҳти ҷустуҷӯянд.

Кӣ аз номгузории миллӣ чӣ суд мебардорад?

Аксари мансабдорони тоҷик ному насабашонро миллӣ кардаанд

Гузариш ба номгузории миллӣ дар Тоҷикистон пас аз 21 марти соли 2007 ба «мӯд» даромад, замоне ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов номи худро ба Эмомалӣ Раҳмон тағйир дод. Он замон аксари аъзои ҳукумат номашонро бо тақлид ба президенти кишвар тағйир доданд.

Ҳоло як шарти ба кор қабул кардан дар аксар ниҳодҳои давлатӣ доштани ному насаби миллӣ ба шумор меравад. Дар имтиҳони қабули судяҳои ҷавон ин як меъёри ҳатмӣ ҳаст. Ному насаби миллӣ доштан дар ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон маънои садоқат ва пайравӣ ба президенти кишварро низ дорад. Ҳоло аксари мансабдорони баландпоя дар Тоҷикистон ному насабашонро миллӣ кардаанд ва дигар пасванди номашон “ов”-у “вич”-и русӣ надорад.

Ба назар мерасад, ки шаҳрвандон дар Тоҷикистон танҳо ба хотири манфиатҳои хос ному насаби худро тағйир медиҳанд.

Бархе муҳоҷирони ихроҷшуда низ талоши иваз кардани ному насаб мекунанд

Лутфулло Расулов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки дар чанд лоиҳаи Созмони муҳоҷират ба ҳайси коршинос кор кардааст, мегӯяд, муҳоҷирон пас аз ихроҷ шудан низ талош мекунанд, бо тағийри ному насаби худ бо шеваи миллӣ дубора ба Русия сафар кунанд.

“Барояшон борҳо мефаҳмондам, ки шуморо онҷо изи ангуштатон сабт шудааст, аксатон ҳаст, чунин кори ғайриқонунӣ накунед. Баъзе гапро мегирифт, вале баъзеҳо ҳамин хел сафар мекарданд, ки он ҷо боздошт ва ҷазои бештар мегиранд. Муҳоҷирони ихроҷшуда ба хотири дубора рафтан мехоҳанд, ному насабашонро иваз кунанд”, - гуфт ӯ.

Ба сурати умум, бештар мансабдорон ба хотири нишон додани садоқат, муҳоҷирон ба хотири дубора ба Русия роҳ ёфтан ва афроди таҳти пайгард ба хотири боздошт нашудан ному насабашонро бо шеваи миллӣ тағйир медиҳанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи ахир бештар аз даҳ нафареро боздошт кардааст, ки бо иваз кардани ному насаб аз пайгард эмин будан мехостанд.