Узви парлумони Аврупо: Раҳмон Тоҷикистонро аз нобудӣ наҷот дода буд

Эмомалӣ Раҳмон

​Раҳбари гурӯҳи дӯстони Тоҷикистон дар парлумони Аврупо бо нашри матлабе дар остонаи 24-умин солгарди истиқлоли кишвар бештар аз Эмомалӣ Раҳмон тавсиф кардааст.

Нашрияи The Brussels Times рӯзи ҷумъа, дар остонаи 24-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, мақолаи Ҳерберт Дорфман (Herbert Dorfmann), узви парлумони Аврупоро ба чоп расонд, ки дар он бештар аз раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тавсиф шудааст. Оқои Дорфман, ки ҳамзамон раҳбари гурӯҳи дӯстони Тоҷикистон дар парлумони Аврупост, дар ин мақолааш гуфтааст, "Эмомалӣ Раҳмон дар даврони хеле мушкил барои Тоҷикистон ба қудрат расид ва тавонист, ки оташи ҷангро хомӯш ва садҳо гурезагонро ба Ватан орад." Бархе аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 сол боз зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад, мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд ин матлаб бо "мусоидати" Душанбе нашр шуда, дар он аз баёни камбудҳо, нақзи ҳуқуқи инсон, мушкили матбуоти озод ва бекорӣ сарфи назар шудааст.

Ҳерберт Дорфман дар ин мақолааш аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон дар соли 1997 низ ёдоварӣ карда, гуфтааст, кишварҳои дар ҳоли низоъ метавонанд, аз ин таҷрубаи Тоҷикистон истифода намоянд. Ӯ афзудааст, "ҳамин тавр, ҷаноби Раҳмон кишварашро аз нобудӣ наҷот дода буд. Вай ҳоло барои боло бурдани имиҷи Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ низ нақши муҳим дорад."

Дорфман дар идома барои тақвияти гуфтаҳояш аз рушди демократия дар Тоҷикистон ва аз пешниҳодҳои пайвастаи Душанбе барои таъмини субот дар Афғонистони ҳамсоя таъриф кардааст. Оқои Дорфман мегӯяд, танҳо Созмони Милали Муттаҳид то кунун чандин пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, кишварҳои ҷаҳон аз он пайравӣ намудаанд.

Барои мисол, ба гуфтаи ӯ, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон СММ соли 2003-ро Соли байнулмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи об барои ҳаёт ва соли 2013-ро Соли ҳамкорӣ барои об эълон кардааст. "Ин ташаббусҳои президент Раҳмон ифтихори Тоҷикистон ва мардумаш мебошад. Мо, гурӯҳи дӯстони Тоҷикистон дар парлумони Аврупо, омода ҳастем, ки барои дастёбии Тоҷикистон ба ҳама ҳадафҳояш тамоми талоши худро бикунем," -- хулоса кардааст ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, фаъолияти кориашро ба ҳайси барқчӣ дар корхонаи равғани шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ кардааст. Ӯ солҳои 1971-1974 дар флоти уқёнуси Ороми нерӯҳои баҳрии артиши Шӯравӣ хидмат карда, соли 1982 риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ба номи Ленин (ҳоло - Донишгоҳи миллӣ)-ро ғоибона хатм намудааст. Аз соли 1988 то 1992 раиси совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Соли 1990 аз ҳамин ноҳияи вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд.

2 ноябри соли 1992 раиси вилояти Кӯлоб ва 19 ноябри ҳамон сол раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар интихоботҳои президентии солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 ғалаба карда, инак, 21 сол боз раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. Аз соли 1998 раҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократиро низ бар дӯш дорад.

Мунтақидон Эмомалӣ Раҳмонро айбдор мекунанд, ки дар солҳои охир мансабҳои муҳими давлатӣ ва тиҷоратҳои пурфоидаро дар дасти хешу табораш мунсаҷим кардааст. Ҳоло писари ӯ Рустам Эмомалӣ - раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, духтараш Озода Раҳмон - муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ ва шавҳари ӯ - Ҷамолиддин Нуралиев - муовини аввали раиси Бонки миллиянд.

Додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон - Ҳасани Асадуллоҳзода - раҳбарии "Ориёнбонк" - бузургтарин бонки Тоҷикистонро бар уҳда дошта, додарарӯси дигараш - Амируллоҳ Холов - шаҳрдори Қӯрғонтеппа ва як бародари дигари онҳо - Амонуллоҳ Саъдуллоев - муовини раиси ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" аст. Домоди дигари президент Ашраф Гулов ҳоло консули Тоҷикистон дар Русия ва ҳамсари ӯ Парвина Раҳмонова дар Вазорати танадурустӣ кор мекунад.