Парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи панҷ қонун ва як кодекс масъулияти раҳбарони ниҳодҳои муҳими кишварро барои пешгирӣ аз ришвахорӣ бештар кард. Бар асоси ин дигаргуниҳо, раҳбарони кумитаи андоз, оҷонсии зиддифасод, амнияти миллӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, маориф ва варзиш барои порагирии кормандонашон ё ҷазои маъмурӣ мегиранд ё аз кор озод хоҳанд шуд.
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 28 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин ислоҳот ба раҳбарияти вазоратхонаҳо ваколат медиҳад, нуқтаҳои заъферо, ки ба фасодкорӣ роҳ мекушоянд, ошкор ва аз ришвагирӣ дар дохили ниҳодашон пешгирӣ кунанд.
"Дар инҷо имконият пайдо мешавад, ки бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз фасод роҳбарони муассисаҳои давлатӣ ва вазорату идораҳо тартиби анҷом додани хидматрасонии ҳуқуқиро ба аҳолӣ худашон муайян кунанд," – гуфт Рустами Шоҳмурод.
Саидҷаъфар Исмонов, вакили парлумон ҳам мегӯяд, мақомоти идораҳо набояд интизор нишинанд, ки кай кормандҳои ниҳодҳои масъул омада фасодро дар ниҳоди зери итоаташон ошкор мекунад: “Онҳо бояд худашон пеш аз пеш тибқи дастуре, ки доранд амал кунанд ва аз фасод дар ниҳодҳои худ пешгирӣ намоянд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Салоҳияти бештар ба мақомдорони Тоҷикистон дар мубориза бо фасод дар ҳолест, ки Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пайваста ниҳодҳои фасодазадаро дар кишвар раддабандӣ мекунад. Тибқи омори соли 2014 ва нимсолаи аввали соли 2015, ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бештар аз ҳама дар системаи бонкӣ, сохторҳои вазорати маориф ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сабт шудаанд.
Дар соли 2014 дар худи сохторҳои Оҷонсии зидди коррупсия дар манотиқи Тоҷикистон 79 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шуда, гунаҳкорон ҷазо гирифтаанд. Ҳамзамон созмонҳои байнламилалӣ низ аз афзоиши сатҳи фасод дар Тоҷикистон гузориш медиҳанд.
Ба бовари Сайфулло Сафаров - муовини аввали Маркази татқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, “коррупсия ҳаштпоест, ки барои нест кардани он нерӯи зиёд ва ислоҳоти махсус лозим аст. Вале ба ҳар ҳол дар кам кардани падидаҳои коррупсионӣ муборизаҳои мо натиҷа хоҳанд дод.” Вале Сафаров иддаои дар маҷмӯъ фасодзада будани низоми Тоҷикистонро рад карда, вуҷуди ришвахориро танҳо ба камбизоатӣ ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ рабт дод, ки ба қавли ӯ хоси кишварҳои баъдиҷангӣ будааст.
Мунира Иноятова, вазири собиқи маорифи Тоҷикистон, ин ислоҳот дар қонунро қадами аввал барои решакан кардани фасод дар кишвар донист. Вале бетарафии ҷомеаро яке аз монеаҳои ҷилавгирӣ аз коррупсия ном бурд ва гуфт, "агар роҳбар ба коррупсия машғул шавад, ин хатари даҳкарата аст, зеро ӯ зердастонашро идора мекунад. Ин ба коргарон мисли як
сигнале аст, ки агар роҳбар ба ин кор машғул аст, пас, чаро ман ин корро накунам? Аз тарафи дигар вақте нафаре факти коррупсияро аз ҷониби дигарон тасдиқ мекунад, аммо ҳеч коре намекунад, ин ҳам ба маънои шарик будан ба ин амал аст."
Таҳлилгарони тоҷик додани салоҳияти ҷилавгирӣ аз фасод ба мақомоти вазорату идораҳои давлатиро як навъ санҷиши эътимод медонанд. Ба бовари онҳо, муваффақияти ин тасмим ба масъулияти худи мақомдорон бастагӣ дорад, ки то чӣ ҳад ба фасод “рӯйхотирбинӣ” намекунанд. Дилшод Муллоев, коршиноси тоҷик гуфт, “вақте дар фасод рӯйхотирбинӣ мекунем, ҳеч тадбир муваффақ нахоҳад буд. Ҳамаи масъала дар он аст, ҳамон масъулоне, ки муҷриёни ин механизм ҳастанд, чигуна вокуниш мекунанд ва дар дохили ниҳодҳои худ чигуна механизмҳоро коркард мекунанд.”
Таҳлилгарон беҳтарин роҳи мубориза бо фасодро на дар ҷаримаву ба маҳбас кашидан, балки бештар дар марҳилаҳои ибтидоӣ решакан кардани он медонанд. Аз нигоҳи онҳо ҳатто бо вуҷуди пурзӯр кардани заминаи ҳуқуқӣ дар самти ҷилавгирӣ аз коррупсия, агар ҷомеаи шаҳрвандӣ бетафовут бошад, коҳиши фасодзадагӣ амри маҳол хоҳад буд.
Таҳияи чораҳои нав барои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ пайваста дар байни кишварҳои фасодзадаи дунё ном бурда мешавад. Дар гузориши ахири созмони Transparency International, ки дар ин ҳафта нашр шуд, Тоҷикистон дар мақоми 136-ум ҷой гирифтааст.