Олга Кириллова, раҳбари раёсати ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – дар шаҳри Маскав рӯзи 4 март дар як нишасти хабарӣ дар пойтахти Русия гуфт, дар пайи қасди худкушии эътирозии якбора 8 маҳбус тамоми раҳбарони боздоштгоҳи муваққати муҳоҷирони хориҷӣ дар минтақаи «Новая Москва»-ро барканор кардаанд.
Қаблан гузориш шуда буд, ки 8 муҳоҷири боздоштшуда аз Тоҷикистону Гурҷистон ва Арманистону Украина рӯзи 16 феврал ба нишони эътироз ба шароити ин «зиндони муҳоҷирон” қасди худкушӣ карда ва рагҳои дастони худро буридаанд. Аксари онҳо бо ҷурми убури ғайриқонунии марзҳои Русия ва кору иқомати ғайриқонунӣ дар ин кишвар дастгир шуда, муддати тӯлоние мунтазири баррасии парвандаи ихроҷ ба кишварҳои зодгоҳашон будаанд.
Олга Кириллова дар нишасти хабарӣ гуфтааст, «дар асл, онҳо рагҳои дасти худро набуридаанд, балки танҳо чунин вонамуд (имитатсия) кардаанд. Бо ин вуҷуд, таҳқиқот анҷом шуд ва тамоми раҳбарияти ин маркази нигоҳдории муҳоҷиронро, ки ба чунин ҳодиса роҳ додаанд, барканор карданд.” Ба гуфтаи раҳбари идораи ФМС дар шаҳри Маскав, “дар маҷмӯъ тақрибан 15 нафар сабукдӯш шуданд, аз ҷумла масъули ошёнаи бино. Мо ҳоло ҳайати шахсиии ин марказро нав мекунем.”
Аммо Олга Кириллова афзудааст, ки дар қазияи қасди худкушии дастаҷамъии муҳоҷирони маҳбус дар боздоштгоҳи “Новая Москва” худи маҳбусон низ беайб нестанд. Ба ақидаи ӯ, дар пушти ин эътироз онҳое истодаанд, ки мехоҳанд қоидаҳои рафтор дар зиндонҳои Русия ва қонунҳои олами ҷиноиро ба инҷо бикӯчонанд: “Ин муассисаи махсус аст, на ягон осоишгоҳ. Онҳое, ки кӯшиши буридани рагҳои дастонашонро карданд, собиқаи ҷиноӣ доштанд ва дар инҷо чун дар зиндонҳои ФСИН( Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия) рафтор мекунанд. Онҳо қоидаҳои оддии роиҷ дар ин муассисаро риоя намекунанд, бо худ чизҳои мамнӯъро медароранд. Вале мо дар инҷо тартиботро ҷорӣ карда истодаем ва ин корро идома хоҳем дод.”
Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон рӯзи 4 март ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин 8 муҳоҷири эътирозгар якеаш дар воқеъ шаҳрванди Тоҷикистон будааст: "Сафорат аз ин қазия огоҳ буд. Шабона як муҳоҷири тоҷики ихроҷшуда аз фурудгоҳи Домодедово қабл аз нишастанаш ба ҳавопаймои Маскав -Душанбе ба сафорат занг зад ва гуфт, ӯ ҳам дар ин боздоштгоҳ буд ва дар байни онҳое, ки даст ба ҷони худ заданд, якеаш тоҷик аст."
Ба гуфтаи оқои Эгамзод, фардояш намояндагони консулгарӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба боздоштгоҳи муҳоҷирон рафтанд ва бо ин муҳоҷири тоҷик сӯҳбат карданд: "Мақомоти боздоштгоҳ ҳамаи он 8 эътирозгарро баъди он қасди худкушии дастаҷамъона билофосила ба кишварҳои зодгоҳашон фиристоданд, чунки ҳамаи онҳо ҳукми ихроҷ доштанд. Муҳоҷири тоҷикро ҳам зуд фиристоданд. Ӯ нахост, ки номаш расонаӣ шавад ва ба ин далел сафорат то ҳол аз нашри ин хабар худдорӣ мекард. Аммо ӯ гуфт, ки сабаби эътирозашон шароити бади боздоштгоҳу муносибати бади маъмуронаш буд. Ва ҳам инки онҳо аз тӯл кашидани ихроҷаш ба Ватан ба ҷон омада буданд."
Дар боздоштгоҳи муваққати шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ФМС рабт мегирад, садҳо муҳоҷири асосан бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои кору иқомат дар Русия ваё убури ғайриқонунии марзи ин кишвар ба ихроҷ аз қаламрави Русия маҳкумшуда нигоҳ дошта мешаванд. Ин боздоштшудаҳо баъзан чандин моҳ мунтазири пайдо кардани пул барои ихроҷашон аз Русия дар ин боздоштгоҳи орӣ аз шароити лозим мемонанд.
Ин дар ҳолест ки боздоштгоҳҳои муваққати Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ва дигар ниҳодҳои нозири муҳоҷирон дар ин кишвар барои нигоҳдории маҳбусон ба чунин мӯҳлати тӯлонӣ пешбинӣ нашудааст ва ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, муҳоҷирони боздоштшударо дар тӯли моҳҳо дар як шароити тоқатфарсо ва пур аз маҳрумият қарор медиҳад.
Мақомоти муҳоҷирати Русия мегӯянд, боздоштгоҳҳои ин ниҳод дар чанд соли охир бунёд шуда, ҷавобгӯи тамоми меъёрҳои муосир ҳастанд ва барои боздоштудагон як шароити инсонӣ ва қобили қабулиро таъмин мекунад.
Аммо буридани рагҳои даст ва он ҳам ба таври гурӯҳӣ аз сӯи маҳбусон маъмулан дар фарҳанги роиҷ дар олами ҷиноӣ ва дар низоми зиндонҳо яке аз шаклҳои хеле баланди эътироз буда, ба маъноест, ки шароит дар он боздоштгоҳ ё зиндон ба як ҳадди ниҳоие барои бошандагонаш тоқатфарсо шудааст.
Хабари қасди худкушии 8 муҳоҷир дар боздоштгоҳи Маскав дар ҳолест ки дар бораи шиканҷаи муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳҳо ва шӯъбаҳои пулиси Русия ва ҳатто дар бораи маргҳои мармузи онҳо дар боздошт пайваста гузоришҳо ба даст мерасанд.
Аз ҷумла танҳо дар 10 рӯзи моҳи декабри соли 2013 – аз 14 то 24 декабр – 3 муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳҳои шӯъбаҳои мухталифи пулиси Русия ҷон бохтанд.
Рӯзи 14 декабр як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон дар шӯъбаи пулиси шаҳри Домодедовои вилояти Маскав даргузашт. Мақомоти пулис гуфтаанд, ки ин мард дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли маводи мухаддир қарор доштааст. Ӯро соати 16-20 ба бемористони шаҳри Домодедово овардаанд, вале ӯ аз табобат даст кашидааст. Пулис мегӯяд, ин шаҳрванди тоҷикро барои таҳқиқи бештар ба шӯъбаи пулис оварданд, вале соати 23-10 ӯ баногоҳ даргузашт. Пулис мегӯяд, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кард, вале ӯ ҳанӯз то расидани табибон ҷон додааст.
Як шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон рӯзи 15 декабр дар шӯъбаи ҳафтуми пулиси шаҳри Воронежи Русия даргузашт. Cухангӯи пулиси шаҳри Воронеж гуфт, ин муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия боздошт шуда буд, вале ҳангоми тартиб додани протоколи маъмурӣ ногаҳон аз ҳуш рафт. Бино бар ин манбаъ, маъмурони пулис ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонда, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро низ даъват кардаанд. Вале табибон замоне расидаанд, ки ин шаҳрванди тоҷик алакай ҷон додааст.
Як муҳоҷири тоҷик рӯзи 24 декабр, баъди дувуним моҳи боздошт, дар боздоштгоҳи ноҳияи Петушинои вилояти Владимир шабона якбора ҳолаш бад шуд ва дар байни ҳамагӣ чанд сония даргузашт. Пулис мегӯяд, марги ин муҳоҷир чунон зуд рух дод, ки онҳо ҳатто фурсати даъват кардани “Ёрии таъҷилӣ”-ро пайдо накарданд. Ташхиси тиббӣ иллати ирсии мағзи сари ин шаҳрванди Тоҷикистонро иллати марги ӯ дарёфта, дар баданаш ягон аломати шиканҷа пайдо накардааст. Ин муҳоҷири тоҷик танҳо бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои кору иқомат боздошт шуда буд.
Охирин мавриди расонаишудаи марги муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳҳои Русия қазияи Фаррух Урозов ном сокини 39-солаи ноҳияи Фархор аст, ки дар шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав дар як сохтмон кор мекард.
Фаррух рӯзи 17 сентябр бо гумони гӯё таҷовуз ба номуси духтари шашсолае боздошт шуда, ҳамон шаб дар шӯъбаи пулис бар асари шиканҷа ҷон бохт. Рӯзи 20 сентябр бо иттиҳоми шиканҷа ва куштори ӯ 3 афсари пулиси ин минтақаи вилояти Маскав - як майор, як лейтенанти калон ва як капитан – боздошт шуданд.
Вале сабти шаби шиканҷаи муҳоҷири тоҷик аз ҳамаи камераҳои пулиси Солнечногорск “ногаҳон” ғайб зад ва бо вуҷуди гузашти инак, 5 моҳ, парвандаи ин афсарони пулис то ҳол ба додгоҳ нарафтааст.
Бародари ӯ Илҳом Алихонов ба расонаҳои Русия гуфтааст, ки ба чашми худ шоҳиди азияти ҷонкоҳи бародараш дар шӯъбаи пулис буд. Ба гуфтаи Илҳом, Фаррух, пеш аз марг, вақте бо дастони баста ва тани хунолуд рӯи фарш хобида буд, танҳо як ҷумла гуфтааст, ки “дигар тоқат карда наметавонам.”