Сардори маҳбаси Икромзода ба вазифаи дигар гузашт

Рустам Тоштемиров, сардори муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба вазифаи дигар - сардори муассисаи махсуси рақами 3/7 пойхтахт таъин шудааст.
Як масъули дафтари матуботи Раёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлияи Тоҷикистон 28 август ба радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси як ротатсия ё тағйироти кадрӣ дар системаи маҳбасҳои Тоҷикистон, Рустам Тоштемиров ба вазифаи дигар гузашт. Ба гуфтаи масъулин, таи як ҳафтаи ахир дар системаи раҳбарии муассисаҳои ислоҳӣ тағйироти кадрӣ идома дорад, ки дар чаҳорчӯби он, ҳамчунин дар маъмурияти зиндонҳои шаҳрҳои Ёвон, Ваҳдат ва дар дигар манотиқ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Бар ивази Рустам Тоштемиров, ба мақоми раиси зиндони рақами яки Душанбе сардори собиқи боздоштгоҳи махсуси Раёсати ислоҳии маҳбасҳо Ҳалим Абдуллоев таъин шудааст. Дар раёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлия сабаби ин тағироти кадриро шарҳ надоданд ва гуфтанд, ки ротатсия идома дорад.

Исми Рустам Тоштемиров дар робита бо ҳодисаи марги мармузи Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки пойтахт сентябри порсол расонаӣ шуд. Ба иттиҳоми наздикони Икромзода ва ҳам вакилони дифоъ, Тоштемиров эҳтимолан дар муҷозоти сангини Икромзода нақши муҳим дошт, ки баъдан боиси ҳалокати вай гашт. Рӯзи 23 май додгоҳ корманди фаврии маҳбаси рақами як Маҳмуд Исмоилов танҳо корманди ин зиндонро дар иртикоби ин қазия гунаҳгор ва ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Дар ҳамон мурофиа гуфта, шуд, ки тафтишоти пешакӣ нисбат ба се ҳамкори ӯ - Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Авғонов - ҳанӯз ба итмом нарасидааст. Дар ин бора ҳамчунин вакили дифои хонаводаи Икромзода Файзи Олӣ ҳам хабар дода буд.


Баъди ин ҳодиса маълум нест, ки тафтиш то куҷо расид ва оё нисбати се гумонбари дигари марги мармузи Ҳамза Икромзода чорае дида шуд?

Ҳамза Икромзода моҳи сентябри соли 2012 дар шароити мармуз даргузашт. Дар ҳоле, ки мақомот мегӯянд, ин зиндонӣ худро дор овехтааст, хешовандонаш ба шиканҷаи шадид шудани фарзандашон, ки сабаби марги писар шудааст, пофишорӣ доранд. Дар паи расонаӣ шудани ин қазия, моҳи ноябри ҳамон сол даҳҳо зиндониҳои маҳбаси рақами як аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол дода шуданд ва декабри соли 2012 дар расонаҳои хабарӣ наворҳои видеоии осори латукӯби шадиди шоҳидони эҳтимолии марги Икромзода дар зиндон пахш шуд.

Дар ин наворҳои видеоӣ, ки аз ҷониби худи зиндониҳо сабт шуда ба матбуот роҳ ёфтааст, зиндониҳо дар бораи муҷозоти худ барои пахши хабари марги муфоҷои Ҳамза Икромзода нақл мекунанд. Вале баъди ин, мақомот нисбати ду нафар зиндонӣ – Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев парвандаи нави ҷиноӣ боз карда онҳоро дар пахши “маълумоти дурӯғин аз дохили муассисаҳои ислоҳотӣ” гунаҳгор карданд. Мурофиаи ин ду нафар 24 июл дар шаҳри Хуҷанд дар шароити боздоштгоҳи муваққатии рақами ду шурӯъ шуд. Ҳоло гумонбарон бо кӯмаки вакилонашон талаб доранд, ки мурофиаро аз шароити боздоштгоҳ ба толори додгоҳи Хуҷанд интиқол диҳанд, то ки дар ин мурофиаҳо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолони ҳуқуқи инсон ва ҳам матбуот роҳ ёбад.

Радиои Озодӣ