Ҳамасола дар саросари олам 21-уми ноябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии телевизион таҷлил карда мешавад.
Ин сана ба ифтихори нахустин Форуми байналмилалии телевизион, ки дар таърихи 21-22 ноябри соли 1996 сурат гирифт, бо қарори Ассамблеяи генералии СММ интихоб гардидааст. Телевизион яке аз васоити муассири ахбори омма ба шумор меравад, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум нақши муҳим мебозад.
Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир чаҳор Шабакаи сартосарии давлатӣ: Шабакаи Якум, ТВ «Сафина», ТВ «Баҳористон» ва ТВ «Ҷаҳоннамо» фаъолият мекунанд. Ин Шабакаҳо аз тариқи моҳвораҳо низ барномаҳои худро дар саросари олам пахш мекунанд. Аммо бештари сокинони Тоҷикистон ахбору иттилоъро аз шабакаҳои хусусӣ ё хориҷӣ дастрас мекунанд, чун гуфта мешавад Шабакаҳои расмии Тоҷикистон барномаҳои ҷолиб ва диданӣ таҳия ва нашр намекунанд.
Аммо дар ин авохир ТВ Пойтахт, Шабакаи марбут ба шаҳрдории Душанбе ба нашру пахши барномаҳое шурӯъ кардааст, ки нашру пахши чунин барномаҳо дар Шабакаҳои дигар тақрибан номумкин аст. Чунин гардиши баъди ба вазифаи мудири ин Шабака омадани Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раиси пешини Радиои тоҷик сурат гирифтааст. Хабарнигори «Озодӣ» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии телевизион сӯҳбате дошт бо мудири нави ин шабака ва нахуст аз ӯ пурсид, ки бо чи ҳадаф ба нашру пахши барномаҳое даст задааст, ки дар Шабакаҳои дигар мамнӯъ аст:
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Ҳар кас, ки профессионал ва ҳирфавист, ҳуқуқи дар телевизиони мо сӯҳбат карданро дорад. Ва ҳар кас сухане гуфтанӣ ба манфиати миллат ба манфиати шаҳри Душанбе ва ба бартараф кардани проблемаҳои пойтахт, мо барои ӯ вақти эфирӣ хоҳем дод. Ҳар кас, ки ҳунари ноб дорад, дар телевизиони мо баромад хоҳад кард. Мо ба хулоса омадем, ки ягон нафар мамнӯъ эълон намешавад ва нахоҳем гузошт, ки чунин шавад. Як ҳунарманд мумтоз бошад, чанд сад ҳазор бинанда дошта бошад, чи ҳақ дорем, ки онро дар ТВ роҳ надиҳем. Вай агар ҷинояткор набошад, дар пушти панҷара набошад ва баракс вай маҳбуб бошад, бинанда дошта бошад, чаро ӯ аз чашму назари тамошобин канор афтад. Баъдан ТВ моли падари ман ва ё аз касе дигар нест. Телевизиони шаҳри Душанбе аз ҳисоби андозсупорандаҳои пойтахт фаъолият мекунад. Ва шаҳрванди Душанбе чун андоз месупорад, ин телевизион аз они ӯст, чун мо аз ҳисоби бюҷети Душанбе фаъолияти худро пеш мебарем ва ӯ ҳақ дорад аз мо тақозо кунад, ки чаро фалон ҳунармандро шумо нишон намедиҳед, шумо аз ҳисоби маблағҳои мо фаъолият карда истодаед, ку. Аз ин рӯ ман гумон мекунам, ки ҳамаи онҳое, ки дар ҳавзаи бузурги фарҳангии шаҳри Душанбе ба сар мебаранд, бояд онҳо эфир дошта бошанд.
Озодӣ: Радио,ТВ ва умуман Васоити ахбори омма асбоби сиёсӣ ҳастанд ва бидуни инъикоси масоили сиёсӣ фаъолияти онҳо то андозае камранг мешавад. Агар намояндагони аҳзоби сиёсии расмии Тоҷикистон бихоҳанд, ки аз тариқи Шабакаи «Пойтахт» сӯҳбатҳо дошта бошанд, мусоҳибаҳо ороянд, назарашонро дар ин ё он маврид иброз намоянд омода ҳастед, ки бо онҳо минбар диҳед?
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Гуфтан мумкин аст, ки мо то андозае формати корро иваз кардем. Мо ба хулосае омадем, ки дар шаҳри Душанбе як шабакае намерасад, ки ниёзи мардумро дар иртибот ба масоили фарҳангиву фароғатӣ бароварда битавонад. Аслан мо мехоҳем, ки ТВ-и мо фарҳангиву фароғатӣ бошад. Аз ин рӯ мо барномаҳои сиёсиро дар Шабака камтар кардем.
Озодӣ: Соли оянда соли интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаст ва ҳатто сӯҳбатҳое ҳам ба гӯш мерасанд, ки ТВ Пойтахт низ дар ин рухдод бетараф буда наметавонад ва муассисонаш шояд ҳадафҳое ҳам дошта бошанд ва аз ин хотир имкон дорад таблиғу ташвиқи шаҳрдорӣ бештар шавад?
Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Мо ҳама хуб медонем, ки ин овозаҳо ва ин суханҳо асос надорад. Мо медонем, ки ҲХДТ номзади арзандаи худро, яъне Ҷаноби Олиро интихоб кардааст. Дар сӯҳбати нахустине, ки бо шаҳрдор доштам, таъкид карданд, ки дар бораи он кас, яъне раиси шаҳр барномаҳо таҳия нашавад, гирди номи он кас ҳарфе нагӯем. Худашон намехоҳанд, ки дар навор бошанд. Мо шояд ягон нақл ё ягон план медиҳем, лекин қатъиян зид ҳастанд. Ба чӣ хотир мо «Пойтахт»-ро фарҳангиву фароғатӣ кардем? Мо паём доданӣ ҳастем, ки ин ҳадафро касе надорад ва худи ҷаноби раис ҳам гуфтанд, ки мо як номзад дорем – сарвари давлат, як пешво дорем – он ҳам сарвари давлат. Аз ин рӯ ин овозаҳо ҳам асос надоранд, ки шабакаро он кас барои тарғиби худ фаъол карда бошанд. Гуфтем, ки форматро дигар кардем, яъне соли оянда мо тақрибан бо сиёсат сарукор намегирем. Аз рӯи қонунҳое, ки моро иҷозат медиҳанд ва албатта, тарғиби интихобот, ки ҳар шабака бояд анҷом диҳад, яъне мардумро ба интихобот даъват кунад. Атрофи ин ё он шахсияти алоҳида мо намеистем. Ҳатто ман пешниҳод кардам, ки дар назди ҳукумати шаҳр як гурӯҳи вижа ташкил кунем. Аммо он кас розӣ нашуданд.Танҳо дар як ҳафта муҳимтарин рӯйдоде, ки дар шаҳр мешавад, ё иҷлосия мешавад, танҳо дар он сурат иҷозат доданд, ки як дақиқа дар бораи ҳамон иҷлосия маълумот диҳем, на дар бораи худашон. Худашон намехоҳанд.