Ҳайати эҷодии рӯзномаи "ИмрӯзNews" бо пахши як изҳорот аз раисиҷумҳур, раиси Маҷлиси миллӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, сохторҳои қудратӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ, хостори таъмини амнияти худ шудаанд.
Ин изҳорот, ки як нусхааш ба Радиои Озодӣ расид, шаби 29-уми январ дар пайи нишасти хабарии Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон нашр шуд. Ҷаноби Ҳукуматуллоҳ дар ин нишаст дар иртибот ба қазияи садамаи маргбори шаби 9 октябри соли гузашта, ки гуфта мешавад, бо ширкати Расул, писари раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон рух додааст, ва ҳам ба қазияи писари калонияш Рустам, ки дар Маскав бо ҷурми интиқоли маводи мухаддир боздошт шуда буд, изҳори назар кард ва нашрияи "ИмрӯзNews" ва бархе аз хабарнигорони дигар расонаҳоро мутаҳҳам кард.
Ҳайати эҷодии нашрияи «ИмрӯзNews» мегӯяд, суханони Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ «боиси нигаронии амиқ" -и онҳо шудааст. Ба гуфтаи ҳайати эҷодии «ИмрӯзNews», он чи ки Амонуллои Ҳукуматуллоҳ дар ин нишаст гуфт, таҳдиди рӯирости як мансабдори давлатӣ ба унвони кормандон ва ҳатто хонаводаи онҳост.
Аҳли эҷоди «ИмрӯзNews» гуфтаанд, аз замони бо Рустам, писари калонии Амонулллоҳи Ҳукуматуллоҳ, ки бо ҷурми интиқоли ғайқонунии маводи мухаддир дар Русия зиндонӣ шуда буд, қазияи додгоҳӣ доштанашон таҳдидҳоро эҳсос кардаанд. Дар изҳорот дар ин бора оварда шудааст, «бахусус, мошинҳои гуногунтамғае, ки аз паси хабарнигорони алоҳидаи рӯзнома думболагирӣ мекарданд, зангҳои телефонии алоҳида, ҳушдору таҳдидҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ҳамагӣ тақрибан як мазмун доштанд, далели он ҳастанд, ки Ҳукумовҳо таъқибу таъсиррасонӣ ба хабарнигорони рӯзномаро қатъ накардаанд.»
Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳайати эҷодии нашрияи "Имрӯз нюз" аз раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ҷиҳати таъмини амнияти онҳо иқдомоте рӯи даст гирифта шавад ва "ба гуфтори таҳдидомези мансабдори давлатӣ Амонуллои Ҳукуматулло баҳои ҳуқуқӣ диҳанд."
Матни пурраи изҳороти кормандони "ИмрӯзNews" инҷост:
http://www.ozodi.org/content/answer-of-imruz-news-newspaper-to-hukumov-s-speach-/25247305.html
Чанд "дарди дил"-и Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ рӯзи 29 январ дар нишасти хабариаш талош кард, то ба пурсишҳои дар 4 моҳ ҷамъшудаи хабарнигорон дар бораи қазияи писараш Расул посух диҳад.
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон талош кард дар нишасти хабарии рӯзи чоршанбеи 29-уми январ ба пурсишҳое посух диҳад, ки ҳудуди чаҳор моҳ ба ин сӯ сафҳаҳои матбуотро пур кардааст.
Ин суолҳо бештар на ба фаъолияти ширкати "Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, балки ба садамаи пурсарусадо ва марговаре дахл доштанд, ки гуфта мешавад, шаби 9-уми октябри соли гузашта бо гуноҳи Расул, писари 16-солаи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ба вуқӯъ пайваст. Дар ин садамаи нақлиётӣ се нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ низ ба ин суолҳо на ҳамчун мақоми баландпояи давлатӣ, балки ҳамчун як падар посух дод ва ба тавсифи писараш пардохт, ки Расул бисёр писари чаққон аст, забони русӣ ва англисиро хуб медонад ва барои таҳсил ба Олмон рафтанӣ буд.
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешуд, Расул дарҳол пас аз садамаи маргбор ба Олмон гурезонда шудааст. Аммо ҷаноби Ҳукуматуллоҳ гуфт, писараш аз пеш раводид ва билети парвоз ба Олмонро дошт: "Наход ман дар ҳукумати Тоҷикистон кор кунаму писарамро гирифта гурезонам?"
Аммо сафари зуди Расули Амонуллоҳ ба Олмон ва он ҳам дар ҳоле ки худи ӯ низ дар садама маҷрӯҳ шуда буд, журналистонро водор кард, вокуниши вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимовро пурсанд ва ӯ дар посух гуфта буд, “ҷинояткор дар куҷое, ки бошад, ёфта меорем.”
Рӯзи 19 октябр Расул ба Душанбе баргашт ва шарҳ дода нашудааст, ки ба хотири чӣ ба Олмон як сафари 10-рӯза анҷом дод? Муфаттишон ӯро ба бозпурсӣ даъват карданд ва ҳоло мегӯянд, боре ҳам аз пурсиш сарпечӣ накардааст. Дар он ҳол низ рӯшан нест, чаро муфаттишон то ҳол натавонистаанд, парвандаро ба поён расонанд ва ба додгоҳ фиристанд? Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев низ гуфтааст, ки "ҳодиса бояд аз рӯи адолат баррасӣ шавад". Ва вазорати корҳои дохилӣ дар изҳороте афзуд, барои тафтишот фарқ надоранд, ки “гунаҳкор писари кист?”
Бо вуҷуди ин суоли матраҳ дар матбуот ин буд, ки оё мақомот хоҳанд тавонист Расули Амонуллоҳро ба ҷавобгарӣ кашанд?
Аз посухҳои раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон аён буд, ки аз матолиби нашршуда дар матбуот озурда аст ва хабарнигоронро ба шитобзадагӣ айбдор мекунад: "Шумо журналистон хеле саросемагӣ мекунед. Агар гап дар бораи шахсияти ман меравад, марҳамат, гуфтан гиред. Чизе, ки қонун талаб мекунад, ҳамон хоҳад шуд. Фақат додгоҳ ин қазияро ҳал мекунад."
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ гуфт, ки вай аз рӯй додани садама дер, яъне пас аз 6 соат хабардор шудааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Ҳукуматуллоҳ агар садама соати 2 -и шаб ба рух дода бошад, то соати 8.15 -и субҳ, яъне дар давоми шаш соат, касе ба ӯ дар ин бора хабар надодааст. Ҷаноби Ҳукуматуллоҳ ҳатто ишора кард, ки ин нуктаро дар сӯҳбат бо раисиҷумҳури Тоҷикистон низ баён доштааст.
Дар ин байн ҳамсари ҷаноби Ҳукуматуллоҳ хонум А. Мӯсоева рӯзи 4 декабр тибқи қонуни масъулияти волидан бо иттиҳоми беназорат гузоштани фарзанди ноболиғ дар соати дуи шаб аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 120 сомонӣ ҷарима шуд. Ҷаноби Ҳукуматуллоҳ дар нишасти хабарияш ин мавзӯъро шарҳ надод, аммо гуфт: "Ман аз Худованди мутаол илтиҷо мекунам, ман ки мурдам, фарзандон маро гӯр кунанд. Албатта, ман қарздорам, ки тарбия кунам ва тарбия мекунам. Ҳар як нафари мо писар дорем."
Қазияи садамаи Расули 16-сола диққати матбуотро боз аз он ҷиҳат ба худ ҷалб кардааст, ки тафтиши ҳодиса аз нигоҳи коршиносон рӯшану ошкор ба дарозо кашидааст ва ахиран ба гуфтаи муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Бузмаков тафтиши ин парванда боз тамдид карда шуд. Ин ҳолат шубҳаи журналистонро ба миён овардааст, ки мақомот мехоҳанд, ин парванда батадриҷ фаромӯш шавад. Аммо дар ҳоле ки нашрияҳо дар «гарм доштан»-и ин бозор нақши зиёд доранд, дар мулоқоти рӯбарӯ бо Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ журналистон аз додани саволҳои гуногун дар ин бора худдорӣ мекарданд.
Раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар идомаи баёнаш ба хабарнигори "Имрӯз нюс" дарафтод ва гуфт, ки чаро раҳбаратон намеояд, шумо ин қадар дурӯғ мегӯед ва шурид, "ҳоло тафтишот тамом шавад, баъд ман бо хабарнигороне, ки иғво мекунанд, баҳс хоҳам кард. Ман барои иғвоҳо асос дорам."
Ангушти ишора ба "Имрӯз нюс" аз тарафи ҷаноби Амонуллоҳ барои он низ баланд шуда буд, ки рӯзнома писари калонии раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Рустам Ҳукумовро барои зиндонӣ шуданаш бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир «дарди сари падар» номида, озодии ӯро аз маҳбаси Русия ба раҳоии ду халабони як ширкати русӣ марбут донист, ки соли 2011 дар Тоҷикистон маҳкум ва афв шуданд.
Ҷаноби Амонуллоҳ дар ин бора гуфт: "Сару садоҳо атрофи халабонҳои рус ва қазияи писари ман характери сиёсӣ дошт. Ман аслан он халабонҳоро намедонистам ва коре ба самолётҳо надоштам. Вазъияте, ки бар сари ман омада буд, дар сари ҳеҷ кас наояд. Маҳз дастгирии раисиҷумҳур буд, ки ман кор мекунам. Ҳеҷ вақт ман ин давлату миллатро намефурӯшам.»
Аммо дар посух ба ишораи ҷаноби Амонуллоҳ, Рустами Ҷонӣ, сардабири "Имрӯз нюс", ки ин нашрия дар додгоҳ бо шикояти Рустами Амонуллоҳ ба ҷарима маҳкум шуд, гуфт, "суханони Ҳукумов-ро таҳдид меҳисобам. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид ба ҷони инсон ва шаҳрвандро манъ кардааст. Ба ҷуз ин ки корманди «ИмрӯзNews» як шаҳрванд аст, журналист аст ва тибқи қонунгузорӣ, вазифаҳое дорад, ки монеъ шудан ба онҳо ҷиноят аст. Ҳукумов айни замон ҳам ба журналист таҳдид кардааст ва ҳам ба шаҳрванд. Боз ин мавқеи худро бо ҳуқуқдонҳои ширкат баррасӣ мекунем, тасмими мо қатъӣ хоҳад буд. Ҳеч кас ва боз мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки аз доираи ваколатҳои худ берун равад. "
Дар идомаи сӯҳбатҳояш раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ба бемории худ ишора кард ва гуфт, аввали моҳи май ба нафақа хоҳад рафт, аммо шикоят кард, ки хабарнигорон аз шахсият ва фаъолияти ӯ танҳо айб меҷӯянд.
Сӯҳбатҳои Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар нишасти хабарӣ ва даъвати ӯ аз журналистон, ки ӯро ҳимоят кунанд, зоҳиран як ҳолати нармеро дар толор ба миён овард, аммо сармуҳаррири ҳафтаномаи «Самак» Ҷасури Абдулло, мегӯяд, матбуот нисбати инр қазия ба ягон зиёлдравӣ роҳ надодааст. Вай меафзояд, бо вуҷуди ин раиси идораи Роҳи оҳан ҳақ дорад ба додгоҳ муроҷиат кунад: «Дар мавриди инъикоси рӯзноманигорон баҳс кардану онҳоро ба додгоҳ кашидан гумон надорам ягон натиҷа диҳад. Зеро тамоми расонаҳо дар бораи писари ӯ нависта буданд. Аммо агар Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ мехоҳад бо тамоми ҷомеаи рӯзноманигорон вориди баҳсҳои судӣ шавад марҳамат. Дар доираи қонун мо ҳам ба гуфтаҳои ҷаноби Ҳукуматулло посух медиҳем.»
Бо ин ҳама ҳарчанд нишасти хабарии Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, ба натиҷагирӣ аз фаъорлияти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ихтисос дошт, аммо нозирони умур мегӯянд, ин фурсате буд, ки то ин мансабдори тоҷик дар робита ба қазияи писараш Расул "дарди дил" кунад. Ин нозирон мегӯянд, ҳимоят аз писараш, ки вай "ҷавони чаққон аст ва забонҳои русиву англисиро медонад" ва таъкид бар он ки худи ӯ "бемор асту моҳи май, баробари ба синни нафақа расиданаш ба ихтиёри худаш бознишаста хоҳад шуд" ва дар ниҳоят даъват аз журналистон, ки "маро дастгирӣ кунед", ба маъние қаламдод мешаванд, ки Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ мехоҳад то матбуот ӯро "ба ҳоли худаш" гузорад.
"БОРКАШОНӢ БО ҚАТОР БО АЙБИ УЗБАКИСТОН КАМ ШУДААСТ"
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати "Роҳи оҳан" ҳвмчунин гуфт, ки ҳаҷми боркашонӣ тариқи қатор бо айби Узбакистон кам шудааст. Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ рӯзи 29-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки "ҳаҷми боркашонӣ тариқи қатор дар соли 2013 беш аз 6 миллиону 700 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли гузашта 1 миллиону 670 ҳазор тонна кам аст." Ба гуфтаи ҷаноби Ҳукуматуллоҳ, сабаби кам шудани боркашонӣ тариқи қатор, он аст, ки Узбакистон аз соли 2009 тарифҳои боркашониро афзоиш медиҳад.
Раиси "Роҳи оҳан" афзуд, ки "кишварҳои узвҳақ доранд, ки дар як сол ду маротиба тарифҳоро боло баранд, аммо ҷониби Узбакистон дар нисбати роҳи оҳани Тоҷикистон ба таври иловагӣ боз ду маротибаи дигар, яъне дар як сол чор маротиба тарифҳоро боло бурдааст, ки ин албатта ба сатҳи боркашонӣ дар қатор асар кардааст."
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ бунёди роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистонро роҳи алтернатив дар ҷиҳати берун шудан аз блокадаи иртиботӣ медонад.
Ҷаноби Ҳукуматуллоҳ мегӯяд, "пешниҳодоти мо дар заминаи сохтмони роҳ, аз сӯи Афғонистон пазируфта шуд, чун мо мехоҳем ин тариқи Бишкент (ноҳияи Носири Хусрав) пазируфта шавад."
Вай мегӯяд, "дар ҳоле, ки Узбакистон ба мо монеаҳои зиёде эҷод мекунад, бунёди роҳи қатори Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон аҳамияти муҳими ҳам иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ дорад."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад