Раиси ҷумҳури Тоҷикистон раҳбари ширкати "Барқи тоҷик" Абдулло Ёровро аз вазифа барканор ва ба ҷои ӯ як фарди то ба ҳол барои расонаҳо ноошно Аслӣ Назаровро раиси ин ширкати давлатӣ таъйин кард.
Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи «Барқи тоҷик» мегӯяд, раҳбари нав хатмкардаи Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ва номзади улуми техникӣ буда ва бо соҳа ошно мебошад: «Аз соли 1988 ба ин сӯ дар соҳа аст. Соҳаро хеле хуб медонад. Вазифаи охиринаш директори шабакаҳои барқии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ буд. Андешаи тамоми мутахассисон ва кормандони «Барқи тоҷик» ин аст, ки интихоби президент дуруст ва раҳбари нав арзанда аст.»
Аслӣ Назаров чорумин роҳбари ин ниҳод аст, ки масъулияти ин мақоми бо дарди сарро бар дoш гирифтааст. Қабл аз ӯ Шарифхон Самиев ва Санъат Раҳимов «Барқи тоҷик» - ро сарварӣ кардаанд. Аммо мушкилотеро, ки ӯ аз раҳбарони гузашта ба мерос гирифтааст, гумон аст, танҳо бо донистани соҳа ҳал шаванд.
Тайи 15 соли охир «Барқи тоҷик» муваффақиятҳои маҳдуд, вале мушкилоти азим дошт. Мушкили аслӣ камбуди барқ аст ва ин ниҳод то ҳол натавонистааст талаби аҳолиро бо барқ таъмин кунад. Мушкили дигар қарзҳои рӯ ба болои ширкат аст. Ҳоло қарзи «Барқи тоҷик» аз "Сантгтӯда-1" ва "Сатгтӯда-2" ба марзи 100 миллион доллар расида, ҳамчунин аз Кумитаи андоз низ ба маблағи беш аз 50 миллион доллар қарздор шудааст. Гуфта мешавад, ки ширкат тавони пардохи қарзҳои кормандонашро низ надорад. Акрам Холиқов, як корманди оддии «Барқи тоҷик» мегӯяд, чаҳор моҳ аст, ки маош нагирифтаст. Ба гуфтаи ин корманди «Барқи тоҷик» мақомот маоши чаҳор моҳи гузаштаро дар моҳи март ба онҳо пардохт карданд, ҳоло боз дубора қарзор шудаанд. "Ҳар касе мефаҳмад, бовар намекунад, ки наход «Барқи тоҷик» пул надошта бошад»- мегӯяд Акрам Холиқов.
Воқеан, тааҷҷуби афроди оддӣ бепоя нест. «Барқи тоҷик» ҳудуди 150 нерӯгоҳи хурду миёнаву бузургро дар ихтиёр дорад, ки солона дар марзи 20 миллиард киловат-соат барқ истеҳсол мекунанд. Коршиносон мегӯянд, агар ҳар киловат – соат ба ҳисоби миёна дусентӣ фурӯхта шавад, ҳудуди 300 миллион доллар ба даст меояд, ки бояд эҳтиёҷоти соҳаро бароварда созад.
Аммо Шодӣ Шабдолов, узви Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, вазъеро, ки «Барқи тоҷик» дорад, ҳатто як менеҷери хориҷӣ наметавонад ислоҳ кунад, чун сохтори он хеле норӯшан аст. Шабдолов мегӯяд, Абдулло Ёров, собиқ директори неругоҳи «Норак», вазири энергетика ва воқеан мутахассис буд, аммо коре аз дасташ наомад ва омада ҳам наметавонист: «Вақте дар парлумон аз Абдулло Ёров пурсиданд, ки чаро «Барқи тоҷик» қарздор аст, зуд ба ҳимояти ӯ хеста гуфтам, ки дар ин айби ӯ нест. Чӣ тур мешавад, ки ҳам мардум, ҳам хоҷагиҳо, ҳам корхонаҳо, бузургтарин корхонаҳои минтақа молашро истифода мебаранд, аммо худи
ширкат муфлис аст. Миллионҳо доллар куҷоянд? Ҳукумат хуб медонад, аз ин хотир, айби ҳукумат аст.»
Мирзошариф Исломиддинов, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон мегӯяд, ширкат ба як раванди ногузири муфлисшавӣ рӯ ба рӯ аст, ки дар пайи мудирияти заиф пеш омадааст. Ӯ мегӯяд, ин ҳам суолбарангез аст, ки чаро корхонаҳо барқро аз «Барқи тоҷик» мегиранд, аммо пули онро барнамегардонанд: «Як мисоли барҷаста хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳастанд, ки тавассути вазорати обу обёрӣ барқро барои насосҳои худ мегиранд, аммо маблағашро намесупоранд. Он маблағ куҷо мешавад, касе намедонад. Яъне сохтори ҷамъоварии маблағи барқ ҳам бояд бояд шавад.»
Коршиносон ҳамчунин аз доду ситади ношаффофи байни корхонаҳои бузургтаре, мисли «Талко» бо «Барқи тоҷик» суҳбат мекунанд, ки ҳудуди 8 миллиард киловатт-соати барқи Тоҷикистонро истифода мебарад, аммо мушаххас нест, ки чӣ қадар маблағро ба буҷаи ин ширкат ворид мекунад. Пули «Барқи тоҷик» ҳам тариқи «Ориёнбонк», бонки хизматгузори «Талко» ва дигар корхонаҳои бузург ворид мешаванд, ки маълум нест, то куҷо саривақт ба ихтиёри ширкати «Барқи тоҷик” вогузор мешавад.
Иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки таҷдиди сохтори «Барқи тоҷик», ки бояд то соли 2015 ба анҷом расад, шояд ба ин бебандуборӣ хотима диҳад. Ақидаҳое низ вуҷуд доранд, ки ин муфлиссозиҳо шояд ба хотири хусусӣ кардани ин ширкати бузург ва муҳим анҷом мешаванд. Дар ин раванд ба раиси нави ширкат Аслӣ Назаров чӣ нақше ҷудо шудааст, моҳҳои оянда нишон хоҳад дод.
Аслӣ Назаров чорумин роҳбари ин ниҳод аст, ки масъулияти ин мақоми бо дарди сарро бар дoш гирифтааст. Қабл аз ӯ Шарифхон Самиев ва Санъат Раҳимов «Барқи тоҷик» - ро сарварӣ кардаанд. Аммо мушкилотеро, ки ӯ аз раҳбарони гузашта ба мерос гирифтааст, гумон аст, танҳо бо донистани соҳа ҳал шаванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад