Саймӯъмин Ятимов: "Амнияти марз амнияти мардум ва давлат аст"

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қаламрави ҳар кишварро яке аз муқаддасот ва рукни давладории он номида, амнияти ҳар халқу давлатро ба сатҳи ҳифзи марзҳои он вобаста донист.

Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 24 июн дар маросими тақдими унвони "лейтенант" ба хатмкунандагони Омӯзишгоҳи олии марзбонии Тоҷикистон, ба нақши сарҳадбонон дар ҳимояти марзҳои кишвар таъкид кардааст. Вай сарзамини ҳар кишварро яке аз муқаддасот ва шохиси давлатдории он шумурда, ба ҳифзи ин қаламрав даъват намудааст. Ин дар ҳолест, ки бо назардошти таҳдидҳои амниятӣ ба марзҳои Тоҷикистон гуфтугӯҳо аз зарурати таҳкими дидбонӣ ва ҳимояти онҳо рӯ ба афзоиш дорад.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки раиси КДАМ дар ин маросим ба саҳму нақши марзбонон баҳои баланд дода, гуфтааст, ки "қаламрави ҳар кишвари мустақил яке аз муқаддасот ва рукни давлатдорӣ ба шумор рафта, амнияти ҳар халқу давлат ба сатҳи ҳифзи марзҳои он бастагӣ дорад.”

Дар чанд нишасти ахири байнулмилалӣ ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон даъват шуда, Русия ва кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ изҳор доштаанд, ки омодаанд, дар ҳифзи ин марз дар лаҳзаи зарурӣ ширкат варзанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ғолибан хостори кӯмак дар таҳкими техникии марз ва омӯзониши кадрҳои марзбонӣ шуда, изҳор доштааст, ки нерӯҳояш аз ӯҳдаи ҳифзи марзҳои давлатии Тоҷикистон мебароянд.

Дар маросими тақдими унвони "лейтенант" сардори Сарраёсати сарҳадии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Омӯзишгоҳи олии марзбонии Тоҷикистон Абдураҳмон Азимов ширкат намуда, ба фаъолияти марзбонони тоҷик дар роҳи ҳимоят ва таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон, баҳои мусбат додаанд.

Ин дар ҳолест, ки чаҳор сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ҳудуди шаш моҳ дар асорати гурӯҳи Толибон буданд, авоили ҳафтаи гузашта раҳо шуданд ва се нафари онҳо дар қисми ҳарбии Сарраёсати сарҳдабонии Тоҷикистон ба идомаи хидмати худ шурӯъ карданд ва як нафари онҳо ба назди волидонаш баргашт. Ин сарбозони тоҷик 19 декабри соли гузашта ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар соҳили рӯдхонаи Панҷ аз ҷониби гурӯҳе аз Толибон рабуда шуданд.

Марзҳои ҷанубии Тоҷикистон яке аз осебпазиртарин бахшҳои сарҳади кишвар ба шумор меравад. Ин марзҳо ҳамзамон сарҳади ҷанубии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дониста мешаванд ва раҳбарони кишварҳои узви ин паймон ҳамвора аз таҳдидҳои ношӣ аз Афғонистон, нигаронӣ кардаанд.

Дар нишасти ахири Шӯрои раҳбарони марзбонии кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон гуфт, дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав қарор доранд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ин замина гуфт, ”моро бахусус вазъ дар Тахор, Кундуз ва Бадахшони Афғонистон, ки ҳамамарз бо Тоҷикистонанд, нигарон кардааст, зеро дар ин вилоятҳо аз моҳи апрел ба ин сӯ задухӯрдҳо қатъ намешаванд. Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон пайваста бо ҳам дар марвиди вазъи минтақаҳои марзӣ табодули иттилоъ доранд ва дар ин замина ҳамкориҳои густардаро ба роҳ мондаанд.”

Тоҷикистон бо чаҳор кишвар -- Чин, Узбакистон, Қирғизистон ва Афғонистон марзи муштарак доранд ва тайи солҳои охир бо бархе аз ин кишварҳо созишномаи ҳамкорӣ дар амри таҳкими марзҳои давлатиро имзо кардааст.