Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон нисбат ба як вакили Маҷлиси вакилони Душанбе ва пешвои коммунистҳои пойтахт, ки худро мушовири Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президент муаррифӣ карда, аз корхонае 12 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтааст, парванда боз кард.
Як манбаъ аз Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Субҳон Сафиаллоев, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар яке аз рӯзҳои моҳи ноябр ба телефони хизматии директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии
Моддаи қаллобӣ аз 12 то 18 ҳазор сомонӣ ҷарима ваё маҳдуд кардани озодӣ ба муддати то 3 солро пешбинӣ мекунад.
“Тоҷикаэронавигатсия” занг зада, худро мушовири "Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо" муаррифӣ кардааст.
Ӯ гуфтааст, нафаре ҳамсарашро бояд ҷарроҳӣ кунад ва ба маблағ ниёз дорад. Ба ӯ рақами телефони дастии худашро ҳамчун нафаре, ки ба пул ниёз дорад, дода, гуфтааст, 12 ҳазор сомонӣ бояд ба ӯ гузаронда шавад.
Баъдан, худаш ба Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” рафта гуфтааст, ки ӯ ҳамон нафари эҳтиёҷманд аст.
Масъулони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ба ӯ аз хазина 12 ҳазор сомонӣ мегузаронанд ва ба Асадулло Раҳмон занг зада мегӯянд, ки супоришашро иҷро кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, Асадулло Раҳмон аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карда, супориш медиҳад, то ба мақомот муроҷиат кунанд.
Пас аз муроҷиат Субҳон Сафиаллоев, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе боздошт шуд ва феълан нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 247 қисми 1, яъне "қаллобӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ аз 12 то 18 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳдуд кардани озодӣ ба муддати то 3 солро пешбинӣ мекунад.
То ҳол назари Субҳон Сафиаллоев дастрас нест. Як нафаре, ки ӯро мешиносад, гуфт, воқеан ҳам он шабу рӯз ҳамсараш бемор буд, вале аз тафсилоти ин ҳодиса хабар надорад.
Истифода аз номи мақомҳои баландпоя дар Тоҷикистон борҳо рух додааст.
Соли 2015 Оҷонсии мубориза бо фасод Хушдил Қурбонов, хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалиро боздошт кард, ки худро Сомони Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз як нафар 50 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта буд.